ХАБАРИ ДОҒ

Вазир роҳро барқарор кард

  • Чоршанбе, Май 18 2016

12.05.2016 Вазорати нақлиёти ҶТ хабар дод, ки дар километри 295-уми мавзеи Гулдараи ҷамоати Нулванди н.Дарвоз, дар масофаи 110 метр роҳ комилан вайрон шудааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод роҳ шаби 11 ба 12 май дар пайи борони шадид ва ярч хароб шуда, паҳнои роҳи тахрибшуда 110 метр ва чуқурияш 20 метр аст. Манбаъ афзуд, феълан дақиқ нест, ки роҳ кай барқарор мешавад, зеро кори зиёдро тақозо мекунад. Ҳангоми баргаштани корвони журналистон аз ВМКБ дар 295 км-и мавзеи Гулдара роҳсозон аз ду тараф ба барқарор кардани роҳ машғул буданд. Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти ҶТ, ки 2 рӯз боз барои барқарор кардани роҳ талош мекард, афзуд: «рафтуомад ба ВМКБ то шоми имрӯз, 14 май пурра барқарор мешавад. Феълан шароит барои ҳаракати мошинҳои сабукрав тариқи минтақаи тахрибшудаи роҳи Душанбе-Хоруғ фароҳам шудааст. Ярч ҳудуди 110 метр роҳро комилан рахна кардааст. Феълан аз канори роҳи тахрибшуда роҳи муваққатӣ бунёд шуда истодааст. Мо талош мекунем, ки бо дастгирии роҳсозон  барқарор кунем ва Худо хоҳад то шоми имрӯз шароит барои ҳаракати мошинҳои боркаш низ фароҳам хоҳад шуд”. Дар мавриди боришоди шадид воридкардаи сел, вазир изҳор дошт, ки феълан дақиқ нест, барои барқарор кардани роҳ,чи кадар маблағ сарф мешавад: “Мо бояд муайян кунем, ки ин ҷо пул месозем, ё боз роҳи пештараро барқарор мекунем. Ман фикр  мекунам, бунёди пули нав беҳтар аст”. 

 

Баҳодур Уроқов

СССР, ВМБК. ноҳия Дарвоз

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter