ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Сен 25 2017


«Ҳосилот» с.1981 бо иқдоми ҷавонони ғайюру сарбаланди ҳамин ноҳия таъсис ёфта, беш аз 36 сол боз дар майдони футболи Тоҷик ҳунарнамоӣ мекунад. Пӯшида нест, ки даста дар ин муддат марҳилаҳои гуногунро аз сар гузаронидааст. Дар давоми фаъолияти худ с.1991 дар мусобиқоти Лигаи 2-юми СССР-минтақаи 7-уми Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон бо муваффақият бозӣ кардааст. Баъди оғози ҷанги шаҳрвандӣ бошгоҳи «Ҳосилот» ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, аҳён-аҳён дар баъзе мусобиқаҳо бо мушкилиҳои зиёд ширкат мекард. Боиси зикр аст, ки даста дар солҳои 1993-1997 гоҳ дар Лигаи якум ва гоҳе дар Лигаи Олӣ қувва меозмуд. Ахиран, даста с.2003 аз сари нав эҳё гашт, аммо на бо номи «Ҳосилот», балки таҳти унвони «СКА Хатлон» (Фархор) ва дар мусобиқоти Лигаи Олӣ ширкат варзида, ба гирифтани мақоми 3 мушарраф гашт. Солҳои 2010 бошад, бо дастгирии роҳбарияти вақти Ҳукумати н.Фархор ҳайати нави даста интихоб ва номи таърихии худро соҳиб шуда, худи ҳамон сол дар лигаи якуми футболи Тоҷикистон бозида, аз 26 бозии сабқати мусобиқа 17 ғалаба ба даст оварда, бо касби 55 имтиёз ҷои 2-ро гирифта, соҳиби медали нуқраи мусобиқа гашт. Соли 2011 бошад дар лигаи якум сабқатҳои худро идома дода, с.2012 ба Лигаи Олӣ роҳхат гирифт.

Марадона ва Муаллими Фархор
Замоне, ки мо хурд будем дар ин дастаи овозадор бозингарони беҳтарин, мисли бародарон Хуршед, Ҷамшед ва Искандар Гулоновҳо, Тағай Дӯстов, Ҷумъахон Муродов, Толибҷон Ҳайдаров, Валӣ Раҳимов, Ботурхон Абдуллоев, Хуршед Куканов, Абдурасул Рӯзиев, Исмат Файзов, Маҳмад Ҳакимов, Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев тӯб мезаданд. Айёми кӯдакиамро хуб дар ёд дорам ва ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад, ки ҳини бозиҳои ин даста варзишгоҳи марказии ноҳия пур аз тамошобин мешуд. Ҳар 1 бозингар мухлиси хешро дошт. Аммо бештар тамошобинон ба Хуршед Гулонов (бо лақаби Марадона) таваҷҷӯҳ зоҳир мекарданд.
 «Ҳосилот» зери роҳбарии сармураббии шинохта Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев солҳои 2015-17 бозигузории худро бо маҳорати хос ба роҳ монда, дар ҷадвали мусобиқа мақоми 2-ро соҳиб гашта, ягона рақиби асосии дастаи овозадори «Истиқлол-и» ш.Душанбе шуд. Ҳамчунин имкони иштирок дар бозиҳои Ҷоми «Осиё-2016»-ро пайдо карда, дастаи қаҳрамони Афғонистон «Шоҳин Осмои»-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, вале бозиро ба «Дордой»-и Қирғизистон бохт.
Дар Супер-ҷом-2016 бар «Истиқлол»-и ш.Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Супер-бӯҳрон дар супер-даста
 «Ҳосилот» аз январи с.2017 ба мушкилоти молиявӣ дучор гашта, аксари бозингарони калидӣ дастаро тарк намуданд. Баъди муроҷиатҳои зиёди мухлисон ва ситоди мураббиён ба роҳбарияти Ҳукумати н.Фархор ва соҳибкорон касе ба додашон нарасид. Ҳайронем, ки дар муҳити фазои сулҳу оромӣ ва дар ин соле, ки бо иқдоми Президенти кишвар «Соли ҷавонон» эълон шуд, касе дар фикри кӯмак ба ин даста нест. Албатта, мо медонем, ки футболро аксаран соҳибкорону сармоядорон, ташкилотҳои тиҷоратӣ дастгирӣ менамоянд. Лек масъулини н.Фархор бояд ба қадри имкон ба ин даста кӯмак мекарданд, то боиси дилгармии ҷавонон мегардид. Ин сабаб гашт, ки Ҳабибуллоев баъди шикасти дидани «Ҳосилот» аз «КМВА-Помир» бо ҳисоби 1:0 аз мақом истеъфо дода, боқимонда бозингарон баъди танаффуси якмоҳаи тобистона ба дигар дастаҳо гузаштанд. Имрӯз сармураббии «Ҳосилот»-ро Алиёр Ашурмамадов мутахассиси соҳибтаҷриба ба дӯш дорад, вале ҳамоно мушкилоти молиявӣ боқӣ мондааст. Дар «Ҳосилот» ба ҷуз ҷавонони маҳаллӣ ва 2 бозингари ганагӣ дигар касе майдондорӣ намекунад. Қобили қайд аст, ки аз минтақаи Кӯлоб ҳамагӣ 1 даста дар Лигаи Олӣ боқӣ мондааст ва Ҳосилот низ имсол аз Лигаи Олӣ берун шавад, вой бар ҳоли футболи минтақаи Кӯлоб…

Акбар Абдусамадов,
мухлиси деринаи «Ҳосилот», ш.Душанбе, тел: 907 65 56 85

Панҷшанбе, Сен 21 2017


Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиё дар «варзишгоҳи пӯшида» ва ҳунарҳои ҳарбӣ дар сабқатҳои гӯштини тарзи классикӣ, таэквондо WTF, муай тай, баскетбол, вазнбардорӣ, варзиши сабук ва велосипедронӣ иштирок карда, соҳиби 18 медали биринҷӣ шуданд. Дар навъи гӯштини камарбандӣ аз Тоҷикистон 10 варзишгар-Мария Седунова (-70 кг) миёни бонувон ва Акрамхуҷа Тошмуродов (-70 кг), Рӯзибой Сафаров (-80 кг), Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Муҳаммадғуфрон Тошзода (-70 кг), Абдусалом Саломов (-100 кг), Хуршед Шарипов (-90 кг), Маҳмад Миров (+100 кг), Достонбек Почоев (-90 кг) ва Худоёр Раҷабзода (-65 кг) миёни мардон вориди рақобат шуданд. Аз миёни онҳо Худоёр, Достонбек ва Маҳмад ба гирифтани медали биринҷии бозиҳо сазовор шуданд… Дар ин мусобиқаҳо ҷои аввалро кишвари мизбон-Туркманистон ишғол карда, то имрӯз 127 медал (53 тилло, 37 нуқра, 37 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Эрон бо 39 медал (10 тилло, 6 нуқра, 23 биринҷӣ) дар мақоми 2 ва Ӯзбекистон бо 57 медал (7 тилло, 16 нуқра, 34 биринҷӣ) дар ҷои 3 қарор дорад.

Панҷшанбе, Сен 14 2017


13 нафар дорбози тоҷик аз Ҳунаристони Сирки Маскав дар ҷашни 870-солагии шаҳри Маскав дар ҳузури президенти Русия Владимир Путин ва мэр-Сергей Собянин ҳунарнамоӣ кардаанд. Баромад дар ҳузури меҳмонони воломақом барояшон фахр буд. "Ализамон, Бахтовар, Довуд, Салим, Фаррух, Муҳаммад, Шоҳрух, Қурбоналӣ ва Валӣ- мо ҳама ҳамроҳ бо дигар донишҷӯён дар майдони Сурх дар ҷашни таҷлил аз 870-солагии Маскав ҳунарнамоӣ кардем", гуфтааст Салим, яке аз иштирокдорон дар ин чорабинӣ.

Панҷшанбе, Сен 07 2017


Жан-Клад Ван-актёри маъруфи Голливуд ва Ҷефф Монсон-варзишкори машҳури муҳорибаҳои омехта гуфтаанд, аз сафар ба Тошканд барои ширкат дар размоиши Asian Fight 2017 даст мекашанд. Дар ин бора, роҳбари сабқати мазкур Ҷамшед Ҳоҷиакбаров иттилоъ додааст. Ба гуфти Ҷамшед, "мутаасифона Ван Дамм ба Узбакистон намеояд. Ӯ сахт бемор шудааст. Тавре ёрдамчии ӯ ба мо иттилоъ дод, Ван Дамм ҳоло дар Лос- Анҷелос аст ва аз сафар ба Тошканд даст кашидааст ва аз ин лиҳоз бахшиш пурсидааст. Бо далели он ки шартномаи Ван Дамм бо Монсон низ иртибот дошт, ӯ ҳам ба Узбакистон намеояд. Аммо акнун Стиван Сигалро даъват кардем ". Тавре маълум, пештар бо ҳунарманд ва ташкилкунандагони размоиши Asian Fight 2017 шартнома баста шуда буд ва гонарараш ҳам маълум буд.

Чоршанбе, Авг 02 2017


 Ҳамлагари «Барселона», да Силва Сантос Жуниор, он же Неймар, бо маблағи 222 млн евро ба дастаи ПСЖ Порис гузашт. Танҳо нагӯед, ки Неймарро намешиносед, ки айб аст. Неймари 25-сола аз умедбахштарин футболистони олам аст, ки дигар намехоҳад паси сояи Мессии олиҳазрат ҷо дошта бошад. Зимнан Баскистонро тарк кард. Трансфери Неймар олами футболро тарконид. Акнун дигар гуфта намешавад, ки дар футбол пул чизи асосӣ нест. Ҳарчанд Футбол варзиши №1 асту Тоҷикон низ оҳиста-оҳиста аз худ дар Аврупо дарак медиҳанд. Воқеан ҳам, бо ин пуле, ки Неймар арзиш дорад, агар ягон Тоҷик нарх медошт, шояд умуман аз Тоҷикистон ёд намекард. Вале Неймар аз номи Бразилия-ватанаш баромад карданро дӯст медораду ифтихор. Аммо 11 нафар футболисти тоҷике, ки Аврупоро меларзонанд, бо кадом иллате ба мунтахаби Тоҷик намеоянд, ки тафсилоташ дар ҳамин шумора ҳаст (саҳ-9).
Мо метавонем!

Тафсилоти воқеа дар шумораи навбатии СССР аз 3 августи соли 2017

саҳ 29 аз 43

Китобҳо

Flag Counter