Қузиев кист?
Далер Қузиев, ё маъруфтар бар Далер Кузяев, нимҳимоятгар-хавбеки нави Зенити Санкт-Петербург имрӯз қаҳрамони асливу усулии ВАО-и на танҳо Русия, ки футболи Аврупо гаштааст. Далер Тоҷик аст ва чанд соле дар Тереки Грознийи Чеченистон, зери раҳбарии Рашид Раҳимови Тоҷик тармим кардааст. Вале ситораи ӯ воқеан ҳам дар ҳамин моҳ дурахшид, ки ба Зенит, яке аз тавонотарин клуби футболи Аврупо гузашт!
Дар бозии аввал бо СКА Хабаровск, дар нимаи дуввум ба ҷои Ерохин ба майдон баромад ва пас аз 7-дақиқа, тақрибан бо нахустин зарбааш голи ҳалкунандаро зад. Зенит 0:2 пирӯз омад, вале таври маълум голи нахуст ҳалкунанда аст.
Дар бозии дуввуми Зенит бо Рубини Қурбон Боқиевич Бердиев аз дақиқаҳои аввал ба майдон баромад ва доди бозиро дод. Маҳз бо нахустпартоби олиҷанобаш ба масофаи дур, Кокорин бо сараш тӯбро ба Дриусси партофту ситораи дигари Зенит ҳисобро кушод. Далер дар ин бозӣ пурра бозид ва холҳои аз ҳама баландтарин (баъди Дриуссии аргентинавӣ)-ро соҳиб шуд. Ҳоло Далерро ба мунтахаби Русия, ки бояд дар Ҷоми Ҷаҳон-2018 бозад, даъват мекунанд.
11 нафари умедбахш!!!
Тобиши хуршеди бахти Далер моро ба пажӯҳиш бурд, ки боз кадом Тоҷикон ва ё зодагони кишвари офтобрӯяи мо дар клубҳои маъруфи Аврупо мебозанд? Тадқиқот моро мот кард! Бозингарони Тоҷик дар клубҳое мебозанд, ки агар сарҷамъ шаванд, дилхоҳ мунтахаби Осиё ва ҳатто Русияву Белорусу Украинаро варшикаста мекунанд!!! Вале суоли матраҳ ин аст, ки чаро раҳбарияти ФФТ наметавонад ва ё намехоҳад онҳоро ба мунтахаб даъват кунад? Медонем, ки барои ин пул лозим. Аммо Хуршед Файзуллозода-витсе-президенти ФФТ ва ҳамзамон дабири кулл (генсеки ин ниҳод) бояд барои мунтахаб пул ёбаду обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ бардорад!!! Мо Метавонем!
Инак, ҳамдиёрони мо, ки дар клубҳои маъруфи Аврупо мебозанд. Омода бошед, ки аз ҳайрат меафтед:
1. Стефан Армуҷaбоев (с.т.1997)- Милан (Италия)
2. Далер Кузяев (с.т.1993)-Зенит (Россия)
3. Алан Касаев (с.т.1986)-Локомотив (Россия).
4. Фарҳод Восиев (с.т.1990)- Оренбург (Россия).
5. Наим Шарифӣ (с.т.1992)-Штурм (Австрия).
6. Ролф Сатторов (с.т.1991)-Ҳессен Кессел (Олмон).
7. Алишер Ҷалилов (с.т.1993)- Рубин (Россия).
8. Муҳаммад Султонов (с.т.1992)- Шинник (Россия).
9. Ҷамшед Раҳмонов (с.т.1997)-Локомотив (Россия).
10. Шаҳром Сулаймонов (с.т.1997)-Ҳеккен (Шветсия).
11. Парвизҷон Умарбоев (c.т.1994)-Локомотив-Пловдив (Болгария)
Осон нест? Осон кунед!
Шояд дар Федератсияи футболи Тоҷикистон баҳона пеш оранд, ки овардани ин ситораҳо кори осон нест?! Дуруст!!!
Аммо масъулият барои онест, ки кори мушкилро ба сомон расонанд, в-арна кори осонро ҳама иҷро карда метавонад. Бубинед, кадом 1 кишвари африқоӣ бо номи Сенегал ва ё Тринидад-Тобого ва ё Камерун метавонад ситораҳои худ-Дйуфф, Оменике Обамеянг, Самуэл Это-Оро, ки маоши моҳонаашон аз буҷҷаи тамомии клубҳои кишварашон бештар аст, ба мунтахаб даъват кунанду чаро ФФТ наметавонад? Чаро корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда намешавад? Канӣ таблиғу ташвиқи онҳо дар 2 канали варзишиву футболии кишвар? О, шумо онҳоро таблиғ кунед, ба 8 млн нафар ошно созед, то дилашон гарм шудаву сӯи мунтахаб майл кунанд.
Бархе аз масъулин мегӯянд, бо ину он футболист ё телефонӣ, ё тавассути почтаи барқӣ ва ё сӯҳбати сарироҳӣ сар ба сар омадаву онҳоро даъват кардаанду онҳо не гуфтаанд. Дуруст кардаанд! Инҳо кӯдаки сари роҳ нестанд, ки бо 1 даъват ба оши наҳори ҳамсоя давида оянд. Инҳо ситораҳои футболи ҷаҳонианд!!! Ақаллан дар кишвари футболие мисли Русия, Болгария мебозанд. Пас бо онҳо бояд пайваста тамос гирифт, ҳамеша дастгирӣ намуд, аз ҳолу аҳволи на танҳо худашон, ки падару модар, бобову бибиҳояшон хабар гирифт. Инро менеҷменти футбол мегӯянд. Ёд гиред!
Бинед, ки ба нисбат, гурбаи Месси ва ё саги Роналду сулфа зад, федератсияҳои футболи кишварҳояшон доруву дармон гирифта, хонаашон медаванд. Барои чӣ? Барои он ки ситораҳои тобони футбол эҳсоси Ватан кунанд!!! А, дар мо 1 занг мезананду хап мешинанд: Не гуфт, намеояд…
Би-о-реддд!!! Ватан барои ҳамин шуморо интихоб кардаву аз шумо чашминтизор аст.
Инҳоро бо ҳар роҳе биоред, ақаллан 70%-ашонро ва он гаҳ пеши Ӯзбакистону Филиппину Қатару Сурияву Ироқ шармандаву сарафганда намешаве(м)д. Мавзуъро пайгир мемонем ва дар оянда перомуни мушкилоти дигари ФФТ, фирори клубҳо аз Лигаи Олӣ, муфлисшавии бузургтарин клубҳои футболии кишвар, проблемаҳои мунтахаби миллӣ баҳс хоҳем кард. Гӯшбақимор бошед, ки Мо метавонем!
Муҳаммади Мубориз
СССР