ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Март 19 2020

   Варзишгарони маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев бо роҳхати олимпӣ ба Ватан баргаштанд.

   Тавре сомонаи Кумитаи Миллии Олимпии кишвар хабар медиҳад, дар мусобиқаи интихобии олимпии бокс дар қораи Осиё/Уқёнус, ки аз 3 то 11 март дар шаҳри Аммони Урдун доир шуд, Баҳодур дар вазни - 63кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни - 81кг миёни варзишгарони Тоҷикистон аввалин роҳхатҳоро ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба даст оварданд.

 

Панҷшанбе, Март 05 2020

   14 марти соли 2020 дар ш.Душанбе дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз баргузор хоҳад шуд.

   Тавре маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, макони баргузории дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ дар пойтахт чун анъана аз мавзеи гардиши Товус то Наврӯзгоҳ, аз соати 8:00 то 10:00 бо дарназардошти эълон гардидани шанбе-ҳамчун Рӯзи варзиш ва солимгардонӣ муқаррар гардидааст. 

 

Ҷумъа, Янв 31 2020

    Дар соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 358 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 2 варзишгоҳ, 310 майдонча, 41 толор, 4 ҳавзи шиноварӣ ва 1 маҷмааи варзишӣ сохта ба истифода дода шуда, дар шаҳри Душанбе бошад соли гузашта 55 майдончаи варзишӣ ва 1 толори варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт. 

   Тавре маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, дар вилояти Хатлон соои 2019 107 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 96 майдончаи варзишӣ, 7 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ, 1 адад маҷмааи варзишӣ ва 1 варзишгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Ёвон, Норак, Кушониён, Восеъ, А.Ҷомӣ, Фархор, Ш.Шоҳин, Муъминобод, Дӯстӣ, Балҷувон, Вахш, Қубодиён, Данғара, Ҳамадонӣ, Ҷ.Балхӣ, Ховалинг, Панҷ, Шаҳритуз ва Ҷайҳун сохта ба истифода дода шудааст.

    Дар вилояти Суғд бошад 116 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 97 майдончаи варзишӣ, 17 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Зафаробод, Спитамен, Ашт, Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Мастҷоҳ, Истиқлол, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Ҷ.Расулов, Гулистон, Бӯстон, Деваштич, Б.Ғафуров, Айнӣ сохта, мавриди истифода қаорор гирифт. 

   Дар ВМКБ 9 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 8 майдончаи варзишӣ ва 1 толори варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон,  Рушон, Ванҷ ва Дарвоз сохта ба истифода дода шудааст.  Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз қабили Роғун, Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Варзоб, Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, Файзобод, Рашт, Рӯдакӣ ва Лахш 70 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст.

    Бояд гуфт, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ мувофиқи маълумотҳои оморӣ 9835 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 122 варзишгоҳ, 6991 майдончаи варзишӣ, 1766 толорҳои варзишӣ, 88 ҳавзҳои шиноварӣ ва 791 маҷмааҳо, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ мебошанд.

 

Ҷумъа, Янв 17 2020

    Дар арафаи Иди  байналмилалии  Наврӯз дар ш.Душанбе Маҷмааи муосиру универсалии варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Ин Маҷма, ки мутобиқ ба талаботи стандартҳои бозиҳои олимпӣ  сохта шудааст, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ш.Душанбе дар майдони 10 гектар дар к.Карамови н. И. Сомонии пойтахт, дар рӯ ба рӯи  Боғи фарҳангу фароғатии ба номи «Умари Хайём» бунёд гардидааст. Баъди  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани  маҷмааи мазкур беш аз 600 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд. 

    Тавре ба мухбири СССР дар Раёсати сохтмони асосии ш.Душанбе хабар доданд, Маҷмааи бузурги универсалии варзишӣ аз 3 то 5 ошёна иборат буда, тибқи лоиҳа толорҳову майдонҳои гуногуни варзишии он барои аз 150 то 3000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудаанд. Иншоот аз  қасрҳои варзишии болопӯшидаву  нимпӯшида, майдону майдончаҳои гуногун барои теннис, ҳавзҳои хурду миёна ва бузург барои шиноварӣ, инчунин дигар намудҳои варзиши обӣ иборат буда, барои гузаронидани мусобиқаҳои байналмилалӣ бо навтарин стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст.

   Ин маҷмаа дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишӣ буда,  ҳар кадоме  аз 150 то 3000 ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад. Аз ҷумла, ҳар як  майдони омӯзиши теннис дорои  150 ҷойи нишаст мебошад. Қасри теннис дорои  3 ҳазор ҷойи нишаст буда,  таваққуфгоҳи зеризаминии он  имкони ғунҷоиши 250 мошинро дорад.

 

 

Чоршанбе, Дек 25 2019

     24.12.2019 дар ш.Душанбе маросими ҷоизасупории Кумтитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ бо ширкати муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, Раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ баргузор гашта, дар он ба 42 нафар варзишгарони беҳтарини сол Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид. 

   Тавре маркази матбуоти Кумитаи мазкур хабар медиҳад, Ҷоизаи мазкур аз ҷумла ба Дилшод Назаров дар варзиши сабук  барои ҷои якум дар чемпионати Осиё (Қатар) ба маблағи  75 ҳазор  сомонӣ, Баҳодур Усмонов дар бокс барои ҷои якум дар  чемпионати Осиё (Бангкок, Тайланд) ба маблағи  75 ҳазор  сомонӣ, Темур Раҳимов дар гӯштини дзюдо  барои ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё (Фуҷайра, АМА) ба маблағи  50 000 сомонӣ, Комроншоҳи Устопириён  дар  гӯштини дзюдо барои ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё (Фуҷайра, АМА) ба маблағи  50 000 сомонӣ, Сомон Маҳмадбеков дар гӯштини дзюдо барои ҷойи якум дар чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон (ш.Марокаш) бо маблағи 50 000 сомонӣ, Ғаниҷон  Ғаниев, дзюдо, барои ҷойи якум дар Чемпионати Осиё байни наврасон (ш.Тайпейи Чин) бо маблағи 18  750 сомонӣ, Шаҳриёр Даминов дар қаиқронӣ барои ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё  дар масофаи  3600 м (Хуанджоу,Чин), бо маблағи 50 000 сомонӣ ва Шаҳриёр Даминов дар қаиқронӣ барои ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё  дар масофаи  25,90 км (Хуанджоу Чин) бо маблағи 25 000 сомонӣ тақдим гардид. 

   Гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ, маблағи ҷоиза 911 250 сомониро ташкил медиҳад.

 

 

Чоршанбе, Дек 18 2019

Ӯ 7 сол муқаддам зуҳур кард. Замоне, ки ҳамагӣ 13 сол дошт. Он ҳам дар намуди варзиши панкратион (аз юнонӣ – қудрат, қувват) – ҳарби тан ба тани олимпии қадим мебошад.  Яке аз дастовардҳои аввалини варзишгари наврас дар чемпионати Осиё, 23 – 28 июли соли 2012 буд, ки дар он Беҳрӯз Ҳалимов бо медали биринҷӣ сарфароз гардид. Ҳамон сол дар яке аз мусобиқаҳои бонуфузи ин намуди варзиш дар шаҳри Москва, 29. 09.2012 мақоми чаҳорумро касб кард.

Солҳои баъдӣ, бахусус 2016, 2017, 2018 барои варзишгари ҷавон бобарор омад. Дар зарфи ин солҳо вай дар мусобиқаҳои ҷумҳурӣ,  Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар панкратион (фила), грепплинг ва самбои муҳорибавӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро соҳиб гашт.

Имрӯз Беҳрӯз Ҳалимови 20-соларо хориҷ аз кишвар ҳамчун варзишгари қавииродаву неруманд мешиносанду эҳтиром мегузоранд. Алҳол ин ҷавони зӯрманд таҳти роҳбарии мураббиёни хеш дарси маҳорат меандӯзад ва дар мусобиқоти гуногунсатҳ шарафи Тоҷикистонро ҳимоя менамояд.

Беҳрӯз Ҳалимов аллакай унвони баланди «Устоди варзиш оид ба самбои муҳорибавӣ» - ро ноил гаштаву дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов таҳсил менамояд. Вай бахусус аз ғамхориву сарпарастии ректори донишкада, устоди ғамхору сахтгири хеш Шодӣ Сафаров сипосгузор аст.

- Хоҳони онам, ки Тоҷикистони азиз ҳамеша осудаву шукуфон бошад. Ҳамчун варзишгар ва фарзанди ин сарзамин мекӯшам то барои ҳифзу осоиштагии ҳамватанон саҳми хешро гузошта бошам, - мегӯяд таҳамтани ҷавон Беҳрӯз Ҳалимов.

 

РУҶӮЪ ё худ роҳи чемпион

1. Соли 2016 (25 – 26 ноябр). Чемпионати Осиё оид ба грепплинг. Дар вазни то 57 кг, ҷойи 7 – ум.

2. Соли 2016 (17 – 18 декабр). Мусобиқаи кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба панкратион (фила), дар вазни 63 кг, ҷойи 1 – ум.

3. Соли 2017 (8 апрел), олимпиадаи маҳорати ҷангии Федератсияи самбои муҳорибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар вазни то 57 кг, ҷойи 1 – ум.

4. Соли 2018 (30 декабр). Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба самбои ҷумҳуриявӣ. Дар вазни 68 кг, ҷойи 1 – ум.

5. Соли 2019 (30 август). Мусобиқа оид ба «Кулатуу Эртаймаш» байни варзишгарони касбӣ дар ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳри Боткент. Дар вазни 66 кг ҷойи 2

6. Соли 2019 (21 – 22 сентябр). Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба панкратион бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон. Дар вазни 74 кг, ҷойи 1 – ум.

***

Аммо ин ҳама тамрин ва зӯрозмоиҳо осон, бе латхӯрӣ намешавад. Беҳрӯз моҳи октябри соли 2019 ҳангоми тамрин аз по лат хӯрда, чанде табобат гирифт. Ҳини дидори навбатӣ (6. 12. 2019) ба назар хӯрд, ки ҷоғаш беҷо гаштаву дандонҳои зӯрманд симпеч аст…

Умед мебандем, ки варзишгари матинирода, Беҳрӯз Ҳалимов, донишҷӯи факултаи сайёҳии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, ки дар 3 намуди варзиши зӯрмандӣ: панкратион, грепплинг ва самбои муҳорибавӣ зӯрозмоӣ мекунад, ба қуллаҳои баланди варзишӣ мерасад.

 

Умари ШЕРХОН 

09. 12. 2019. Соати 14:15 дақиқа

   

 

саҳ 12 аз 43

Китобҳо

Flag Counter