Ӯ 7 сол муқаддам зуҳур кард. Замоне, ки ҳамагӣ 13 сол дошт. Он ҳам дар намуди варзиши панкратион (аз юнонӣ – қудрат, қувват) – ҳарби тан ба тани олимпии қадим мебошад. Яке аз дастовардҳои аввалини варзишгари наврас дар чемпионати Осиё, 23 – 28 июли соли 2012 буд, ки дар он Беҳрӯз Ҳалимов бо медали биринҷӣ сарфароз гардид. Ҳамон сол дар яке аз мусобиқаҳои бонуфузи ин намуди варзиш дар шаҳри Москва, 29. 09.2012 мақоми чаҳорумро касб кард.
Солҳои баъдӣ, бахусус 2016, 2017, 2018 барои варзишгари ҷавон бобарор омад. Дар зарфи ин солҳо вай дар мусобиқаҳои ҷумҳурӣ, Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар панкратион (фила), грепплинг ва самбои муҳорибавӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро соҳиб гашт.
Имрӯз Беҳрӯз Ҳалимови 20-соларо хориҷ аз кишвар ҳамчун варзишгари қавииродаву неруманд мешиносанду эҳтиром мегузоранд. Алҳол ин ҷавони зӯрманд таҳти роҳбарии мураббиёни хеш дарси маҳорат меандӯзад ва дар мусобиқоти гуногунсатҳ шарафи Тоҷикистонро ҳимоя менамояд.
Беҳрӯз Ҳалимов аллакай унвони баланди «Устоди варзиш оид ба самбои муҳорибавӣ» - ро ноил гаштаву дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов таҳсил менамояд. Вай бахусус аз ғамхориву сарпарастии ректори донишкада, устоди ғамхору сахтгири хеш Шодӣ Сафаров сипосгузор аст.
- Хоҳони онам, ки Тоҷикистони азиз ҳамеша осудаву шукуфон бошад. Ҳамчун варзишгар ва фарзанди ин сарзамин мекӯшам то барои ҳифзу осоиштагии ҳамватанон саҳми хешро гузошта бошам, - мегӯяд таҳамтани ҷавон Беҳрӯз Ҳалимов.
РУҶӮЪ ё худ роҳи чемпион
1. Соли 2016 (25 – 26 ноябр). Чемпионати Осиё оид ба грепплинг. Дар вазни то 57 кг, ҷойи 7 – ум.
2. Соли 2016 (17 – 18 декабр). Мусобиқаи кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба панкратион (фила), дар вазни 63 кг, ҷойи 1 – ум.
3. Соли 2017 (8 апрел), олимпиадаи маҳорати ҷангии Федератсияи самбои муҳорибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар вазни то 57 кг, ҷойи 1 – ум.
4. Соли 2018 (30 декабр). Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба самбои ҷумҳуриявӣ. Дар вазни 68 кг, ҷойи 1 – ум.
5. Соли 2019 (30 август). Мусобиқа оид ба «Кулатуу Эртаймаш» байни варзишгарони касбӣ дар ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳри Боткент. Дар вазни 66 кг ҷойи 2
6. Соли 2019 (21 – 22 сентябр). Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба панкратион бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон. Дар вазни 74 кг, ҷойи 1 – ум.
***
Аммо ин ҳама тамрин ва зӯрозмоиҳо осон, бе латхӯрӣ намешавад. Беҳрӯз моҳи октябри соли 2019 ҳангоми тамрин аз по лат хӯрда, чанде табобат гирифт. Ҳини дидори навбатӣ (6. 12. 2019) ба назар хӯрд, ки ҷоғаш беҷо гаштаву дандонҳои зӯрманд симпеч аст…
Умед мебандем, ки варзишгари матинирода, Беҳрӯз Ҳалимов, донишҷӯи факултаи сайёҳии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, ки дар 3 намуди варзиши зӯрмандӣ: панкратион, грепплинг ва самбои муҳорибавӣ зӯрозмоӣ мекунад, ба қуллаҳои баланди варзишӣ мерасад.
Умари ШЕРХОН
09. 12. 2019. Соати 14:15 дақиқа