ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Сен 25 2019

   Дастаи мунтахаби наврасони зери 16 соли Тоҷикистон шаби гузашта ба Ватан баргашт. Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар даври ҷамъбастии марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 ба тими миллии наврасони Урдун (5: 2) ғолиб омада, дар гурӯҳи “А” ҷой аввалро ишғол кард ва ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

    Дар марҳилаи интихобии мусобиқа, ки аз 14 то 22 сентябр дар давлати Урдун баргузор шуд, дастаи Аҳлиддин Турдиев чаҳор бозӣ гузаронд ва дар ҳама бозиҳо ғалабаҳои калонро ба даст оварда, бо 12 имтиёз дар гурӯҳи худ мақоми якумро ишғол намуд.

    Чуноне ки маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ба қисмати ниҳоии чемпионати Осиё байни наврасон, ки аз 16 сентябр то 3 октябри соли 2020 дар Баҳрайн баргузор мешавад, ғолибони ёздаҳ гурӯҳ - Тоҷикистон (гурӯҳи А), Ҳиндустон (гурӯҳи B), Эрон (гурӯҳи C), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи "D"), Қатар (гурӯҳи "E"), Аморати Муттаҳидаи Араб (гурӯҳи "F"), Чин (гурӯҳи "G"), Австралия (гурӯҳи "H"), ҶХДК (гурӯҳи "I"), Ҷопон ( Гурӯҳи «J») ва Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи «К») роҳ ёфтанд.

     Инчунин, ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020 чор даста аз байни дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ бо нишондиҳандаҳои беҳтар ҷойҳои дуввумро гирифтаанд, соҳиби роҳхат шуданд. Инҳо Яман (гурӯҳи "E"), Индонезия (гурӯҳи "G"), Узбакистон (гурӯҳи "B") ва Уммон (гурӯҳи "D") мебошанд. Аз кишварҳое, ки аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) мебошанд, 3 даста-Тоҷикистон, Эрон ва Ӯзбекистон тавонистанд ба қисми ниҳоии Чемпионати Осиё-2020-ёбанд.

     Бояд қайд кард, ки дар таърихи худ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бори чаҳорум дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё иштирок мекунад. Қаблан наврасони мо солҳои 2006, 2010 ва 2018 мусобиқаи мазкур ширкат варзиданд. Дастоварди беҳтарини даста ин медалҳои нуқраест, ки соли 2018 дар Малайзия ба даст овардааст.

 

Чоршанбе, Сен 11 2019

   

   Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар чаҳорчӯбаи бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бар дастаи мунтахаби футболи Муғулистонро бо ҳисоби 0:1 пирӯз шуд. Ягона голи ин бозиро Давронҷон Эргашев дар дақиқаи 81-уми бозӣ ба ҳадаф расонид.

   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ин бозӣ рӯзи 10.09.2019 дар ш.Улан-Батор сурат гирифта, чанд рӯз пеш, аниқтараш рӯзи 5.09.2019 бозии нахустини гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни  дастаҳои  мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии ш.Душанбе баргузор шуд. Дар ин  рақобат футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 пирӯз гашта, ягона голи ин дидорро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 41-ум ба дарвозаи ҳариф зад. 

 

Чоршанбе, Сен 04 2019

Валерий Турсунов….Бо шунидани ин ном пеши назари ҳар нафаре, ки бозиҳои “Помир”-Душанбеи маъруфро тамошо кардааст, бозии зебо, зарбаҳои сахту нишонрас ва голҳои ба дарвозаи дастаҳои рақиб задаи ӯ ҷилвагар мешаванд. Валера 23.08.1954 дар ш.Кӯлоб ба дунё омадааст. Падараш тоҷик ва модараш рус буданд. Аз хурдӣ ба футбол шавқ дошт ва мисли дигар ҳамсолонаш футболро аз кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб оғоз кард. Шавқу рағбат ба ин бозии маъруф ӯро ба ДЮСШ-и шаҳри Кӯлоб овард. С.1965 иштирокчии бозиҳои ниҳоии мусобиқаи умумиттифоқии “Тӯби чармин” шуд. Солҳои донишҷӯӣ дар дастаи Институти политехникии Тоҷикистон баромад мекард ва аз он ҷо ба чашми селексионерҳои “Помир” афтоду Валераи 18-соларо шомили ҳайати омодагии “Помир” намуданд. Бозии нахустинро дар ҳайати асосии дастаи “Помир” Турсунов с.1974 гузаронидааст. Дар ин бозӣ “Помир” дар сафар муқобили “Торпедо” Кутаисӣ рақобат мекард. Бозии дебютӣ барои Валера бобарор ва муваффақ гашт, ки дар ин бозӣ 2 гол ба дарвозаи дарвозабони маъруфи замони шӯравӣ-Отар Габелияи гурҷӣ занад. Валера тамоми собиқаи бозикунияшро дар чемпионати СССР аз с.1974 то с.1988 дар ҳайати “Помир” гузаронида, дар 542 бозӣ иштирок намуда, ба дарвозаи рақибон 173 гол задааст!!!

С.1988 барои ба лигаи олии СССР баромадан ба “Помир” кӯмаки худро расонд. Лек латбардориҳои зиёде, ки дар давоми собиқаи бозикунияш бардошта буд, ба ӯ имкон надоданд, ки дар Лигаи Олии СССР бозӣ кунад. Миёнаи солҳои 1990 якҷо бо Александр Азимов барои бозӣ кардан ба клуби дивизиони 2-юми «Аустрия»-и Клагенфурти Австрия рафт. Дар гузариши миёнамавсимии солҳои 90\91 бошад ба клуби «Клопайнерзее» гузашт, ки дар дивизиони 3-юми чемпионати Австрия баромад мекард. Аммо латбардориҳо ба ӯ дигар имкони пурра бозиданро надоданд ва тобистони с.1991 собиқаи бозикунияшро анҷом дода, ба дастаи “Помир” ба кори мураббигӣ бозгашт. Давоми солҳои 1996-2013 бо танаффус дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳайси Ноиби президент ва Ноиби аввали президент фаъолият кардаст. Ман аз с.2003 то с.2013 бо Валерий Юлдошевич дар ФФТ якҷоя фаъолият доштем ва хушбахтона то ҳол ҳам бо ҳамдигар риштаи дӯстиву бародарии қавӣ дорем. Ба ҳайси роҳбар ва ҳамчун инсон дар сифати Валера танҳо беҳтарин суханҳоро гуфта метавонам. Ӯ яке аз бузургтарин шахсиятҳоест, ки мешиносамаш.

Синни ҷашнӣ муборак, Юлдошевич!!! Худованд ба Шумо умри дароз, тани сиҳат ва саодату комёбиҳоро насиб гардонад!!!

Нуралӣ Хоркашев

Махсус барои СССР

 

Ҷумъа, Авг 30 2019

    Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии соҳибистеъдодҳои ҷавон, адибону рӯзноманигорон, рассомону бастакорон, режиссёрону меъморон, санъаткорону ҳунармандон, техникону технологон ва навоварони ҷавон, ки дар рушду инкишофи соҳаи худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, барои дарёфти ҷоизаи Кумита дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, барномасозии компютерӣ, техника, технология ва навоварӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ барои соли 2019 озмун эълон менамояд.

Ҷоиза аз рӯйи тартиби зайл баҳогузорӣ карда мешавад:

Адибон (китобҳои илмӣ, бадеӣ, адабӣ, ашъор, осор);

Рӯзноманигорон (мақолаҳо, маводҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, гузоришҳои хабарӣ (ба корҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бартарият дода мешавад);

Барномасозон (ихтирокорӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ, компютерӣ (ба корҳо дар самти ташаккули махзани иттилоотӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҷавонон бартарият дода мешавад);

Санъаткорон (сарояндагӣ, раққосӣ, тарроҳӣ, ҳунармандии саҳнавӣ, расмҳои кашидаи хусусияти тарбиявидошта, портрет, пейзаж, нақшу нигор ва ғайра);

Меъморон (лоиҳаҳои сохтмонӣ, боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ, марказҳои ҷавонон, фаввораҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра, ки истифодаи онҳо ба шароити Тоҷикистон мувофиқ бошад).

Эҳёгарони ҳунарҳои мардумӣ (тамоми навъҳои ҳунармандии миллӣ бо пешниҳоди корҳои амалии иҷрошуда)

Техникону технологон ва навоварон (татбиқи коркардҳои инноватсионӣ дар самти рушди нерӯи инсонӣ, рушди инфрасохтор, амалан татбиқ кардани чор самти стратегии мамлакат, кам кардани сатҳи камбизоатӣ, бехатарии фаъолияти инсон ва экология, амалисозии усулҳои нави таълим ва тадқиқоти илмӣ, истифодаи маводи навин бар ивази маводи мавҷуда, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, такмили сохти таҷҳизот ва мошинҳо, такмили конструксияҳои сохтмонӣ, бино ва иншоот, сарфаи энергия ва манбаҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, такмили фаъолияти меҳнатӣ, паст кардани таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодӣ).

   Ҳамчунин, барои иштирок дар озмун оид ба дарёфти Ҷоиза довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд: варақаи шахсӣ, нусхаи шиноснома, нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба дараҷаи таҳсилот, тарҷумаи ҳол-ҳар кадом дар 2 нусха, тавсифнома дар бораи фаъолияти эҷодӣ ва ҷамъиятии довталаб-2 нусха,

расми андозаи 4Х6-4 адад; қарори муассисае, ки дар он довталаб адои вазифа ва ё таҳсил мекунад-1 нусха, рӯйхати корҳо, баста ва ё маҷмӯи маводҳои марбут ба кори пешниҳодшуда.

   Ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бояд дар ниҳодҳои дахлдор тасдиқ шуда бошанд. Дар озмун хоҳишмандон тариқи инфиродӣ ва ё дар ҳайати гурӯҳи эҷодӣ (то 4 нафар дар синну соли 14–30) ширкат варзида метавонанд. Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун ба суроғаи дар поён овардашуда то 25 ноябри соли 2019, соати 14:00 сурат мегирад.

    Маълумоти иловагиро вобаста ба талаботи озмун метавонед аз суроғаи зерин дастрас намоед.

   Шаҳри Душанбе,, кӯчаи Спортивная 6; телефон барои тамос (+37) 2363726, 904.06.60.74. п/э. – www.youth.tj , Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

 

Панҷшанбе, Авг 22 2019

21 август дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози мусобиқаи футбол байни дастаҳои наврасони вилояти Суғд барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” иштирок карданд. Мусобиқаро тимҳои наврасони “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд ва “Ёвар”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ карда, байни ҳам қувва озмуданд. Аз дақиқаҳои аввали бозӣ мушоҳида гардид, ки наврасон дар вақти тамрин бо истифода аз шароитҳои мусоиди фароҳамовардаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон нозукиҳои ин намуди варзиши оламшумулро аз худ кардаанд. Чусту чолокӣ, риояи техникаи бозӣ ва дигар ҳаракатҳои футболбозон шаҳодати ин гуфтаҳост. Ҳисобро дар дақиқаҳои аввали бозӣ варзишгари бомаҳорат Анушервони Рустам кушод. Анушервон бо як маҳорати хос бо зарбаи нишонрас аз майдончаи ҷаримавӣ тубро вориди дарвозаи ҳарифон кард.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди қабули “Барномаи рушди футбол барои солҳои 2012 - 2016” ва шуруъ аз соли 2014-ум баъди эълони “Соли оммавигардонии футбол” дар кишвар варзиши футбол рушд карда, кудакон, наврасон ва ҷавонон бештар ба ин навъи варзиш ру оварданд. Бозии дастаҳои “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд ва “Ёвар”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бисёр шавқовар сурат гирифта, бо ҳисоби 6 бар 1 бо ғалабаи дастаи “Спартак” анҷом ёфт. 5 туб дар ин бозӣ бо зарбаҳои қавию нишонрас аз тарафи бозингари бомаҳорат Анушервони Рустам ба дарвозаи ҳарифон ворид гардид.

Баъди анҷоми бозии футбол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳавасманд кардани футболбозони наврас, ба ҳамаи онҳо дучархаҳои замонавӣ ва тубҳои чармӣ тақдим карданд. Дар мусобиқаи навбатии футбол байни дастаҳои наврасони вилояти Суғд, ки аз 24 то 26 августи соли ҷорӣ дар варзишгоҳи Осоишгоҳи “Баҳористон” баргузор мегардад, дастаҳои “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд, “Ёвар” ва “Амирӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, “Суғдиён” ва “Дӯстӣ”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳам қувва меозмоянд.

 

Чоршанбе, Авг 14 2019

Ҳини сафари Президенти ҶТ ба н.Ховалинг футболистони наврас дар маросими ифтитоҳи варзишгоҳҳо ҳунарнамоӣ кардаву ҷаҳон-ҷаҳон нерӯ гирифтанд. Вале Алишер Ӯрунов ном муовини президенти ФФТ, ки ба фикрам дар умраш футбол набозидааст (ранг бину ҳол пурс), табъи кӯдаконро хира кард. Ин масъул назди дастаи футболи «СССР» омадаву дод зад, ки «чаро инҳо дар 

футболкаашон СССР навишта шудагӣ? Инҳоро аз майдон бароред. Табъи меҳмонҳо-ба намефорад». Ба Ӯрунов фаҳмонидем, ки «даста «ФК СССР» ном дораду сарпарасташ газетаи мардумист. Сарвари Давлатамон бошад, аз дидори ин атфол хеле шод шуданду аҳсанташон хонданд». Ростӣ, 1 чиро нафаҳмидем: Ҳамин Ӯрунов ба Кӯлоб чӣ нотавонбинӣ дорад, ки ҳамеша пеши мо сангар мегузорад? Ҳатто ба ФК Равшани Кӯлоб хусумат дораду бозингарони нави дастаро бо азоби алиме номнавис кардем???

М. Мубориз

Махсус барои СССР

Аз редаксия: «Неши ақраб на аз рӯи кин аст!». Алишер-акомон чанд мақолаи танқидии моро, ки барои рушди футбол навишта шудааст, хондаву «хафа буламан», яъне хафа шудаанд-дия. Шон фикр доранд, муовин неву шоҳаншоҳи футболанду касе бояд пишакашонро пишт нагӯяд. Мо сари мавзуъ бармегардем ва дар бораи футболшиносии ин фард сӯҳбат хоҳем кард. Мо Метавонем!

 

саҳ 15 аз 43

Китобҳо

Flag Counter