Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар чаҳорчӯбаи бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бар дастаи мунтахаби футболи Муғулистонро бо ҳисоби 0:1 пирӯз шуд. Ягона голи ин бозиро Давронҷон Эргашев дар дақиқаи 81-уми бозӣ ба ҳадаф расонид.
Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ин бозӣ рӯзи 10.09.2019 дар ш.Улан-Батор сурат гирифта, чанд рӯз пеш, аниқтараш рӯзи 5.09.2019 бозии нахустини гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии ш.Душанбе баргузор шуд. Дар ин рақобат футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 пирӯз гашта, ягона голи ин дидорро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 41-ум ба дарвозаи ҳариф зад.