Муштзани маъруфи кишвар, чемпиони Осиё Баҳодур Усмонов дар 21-ум Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Муҳаммад-Салом Умахонов сазовори медали нуқра гардид. XXI мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Муҳаммад-Салом Умахонов бо иштироки беш аз 150 варзишгар аз 21 давлат дар Каспийски Доғистон сурат гирифт.
Тавре маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, Баҳодур Усмонов дар вазни 64кг бар 3 муштзани кишвари мизбон-Курбан Курбанмагамедов, Рашид Янгазиев, Дмитрий Кужков ва намояндаи Тунис Акрам Ҳаҷ Аовива дастболо гардида, ба финал роҳ ёфт, вале дар рақобати ниҳоӣ аз намояндаи дигари кишвари мизбон Гусейн Магамедов мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол намуд.
Бояд гуфт, ки Баҳодур Усмонов моҳи апрели соли равон дар Чемпионати Осиё ва ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Бишкек (Қирғизистон) ва Атирау (Қазоқистон) сазовори 3 медали тилло, дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.
Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар бозии даври 4-ум дастаи мунтахаби Эронро бо ҳисоби 3:0 мағлуб намуд.
Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, шоми 30.07.2019 дар варзишгоҳи Марказии ҷумҳуриявии ш.Душанбе дастаи футболи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар бозии даври 4-уми худ дар доираи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Эронро бо ҳисоби калони 3:0 мағлуб намуд.
Голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Кабир Салимшоев (2 гол) ва Сунатулло Азизов (1 гол) ба ҳадаф расониданд.
Бо мақсади рушди варзиш дар деҳот сар аз 27.06.2019 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ мусобиқаҳои варзиширо таҳти номи «Деҳа ба деҳа» роҳандозӣ намудааст. Мусобиқаҳои мазкур аз рӯи намудҳои шашка, шоҳмот, футбол ва волейбол дар 68 шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор карда шуда, он аз 3 марҳила иборат мебошад. Марҳилаи аввали мусобиқаҳои мазкур дар сатҳи маҳаллӣ-деҳа ба деҳа, марҳилаи дуюм дар сатҳи шаҳр ва ноҳияи ҷамъбаст мегардад.
Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Кумитаи мазкур хабар доданд, айни замон дар шаҳру ноҳияҳои Муъминобод, Темурмалик, Восеъ, Балҷувон, Ш.Шоҳин, Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритуз, Вахш, Роштқалъа, Шуғнон, Ашт, Мастчоҳ, Б.Ғафуров, Бӯстон, Шаҳристон, Деваштич, Ваҳдат, Рашт ва Рӯдакӣ мусобиқаҳои деҳа ба деҳа аз рӯи намуди волейбол баргузор гардида истода, дар мусобиқаҳои варзишии мазкур ҷавонон ва варзишгарони деҳотӣ аҳлона ва фаъолона иштирок намуда истодаанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои Фархор, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Панҷ, Ҷайҳун, Кӯлоб, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, Лахш, Нуробод, Турсунзода, Ҳисор, Файзобод, Исфара, Панҷакент, Конибодом, Зафаробод ва Спитамен бошад мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди футбол байни деҳаҳо доир шуда истодааст. Мусобиқаҳои деҳа ба деҳа дар шаҳру ноҳияҳои Мурғоб, Норак, Н.Хусрав, Дӯстӣ, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истиқлол, Роғун, Сангвор ва Тоҷикобод аз рӯи намуди шашка ва шоҳмот доир гардида истодааст.
Ниммуҳофизи мунтахаби миллии Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳулоев карераи бозингарияшро дар Клуби футболи Премер-лигаи Ӯзбекистон - "Бухоро"-и ш.Бухоро идома медиҳад.
Дар ин бора ба мухбири СССР аз маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Қурбонбой Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон барои рушди футбол дар вилоят ба дастаҳои Клуби футболи «Равшан»и ш.Кӯлоб 300 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи «Ҳосилот»-и н.Фархор 100 ҳазор сомонӣ кӯмак кардааст.
Қарори вежаи раиси вилоят вобаста ба ҷудо гардидани ин маблағ ба тасвиб расида, Қурбонбой Ҳакимзода аз 17.05.2019 ба ҳайси раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон низ фаъолият дорад.
Баҳодури Абдусалом, СССР, Хатлон
Аз 18 то 26 июни соли ҷорӣ дар ш. Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти “Ҷоми Леонид Юртаев” баргузор гардид.
Дар мусобиқа 160 нафар шоҳмотбозон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат намуданд.
Тавре маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, дар категорияи “А” Ҳотамӣ Мутриба, намояндаи ҶТ миёни занҳо бо гирифтани мақоми аввал шарафёб гардида, соҳиби медали тиллои мусобиқа ва мукофотпулӣ гардид. Варзишгари дигари тоҷик Каримова Сарвиноз низ дар ин мусобиқаи байналмилалӣ мақоми сеюмро касб намуда, соҳиби медали биринҷӣ гашт. Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқа Ҷумҳурии Тоҷикистонро Каримов Алишер, Мутриба Ҳотамӣ ва Каримова Сарвиноз намояндагӣ намуда, ба хазинаи варзиши тоҷик 2 медал ворид намуданд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар