ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Сен 23 2020

Раҷабалӣ Бозоров, мухлиси сарсупурда ва ветерани Равшани Кӯлоб (тел: 989000048) занг зада, гуфт, ҳамин ҳоло, «Равшан»-ҷон дар майдони худаш, барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон, бар «Истиқлол»-и бузург набард карда, бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад. Ин дар ҳолест, ки 2 голи дигари моро ҳисоб накарданду «Истиқлол» пеналтӣ зада натавонист. Бозӣ кам не-ғам не, 132 дақиқа давом кард! «Истиқлол» воқеан ҳам дастаи пурқувваттарини кишвар аст, вале «Равшан» ба гуфти Никола Кавазович-собиқ тренери Истиқлол, «Дар майдони худаш, дар Кӯлоб-арена, ҳатто Барселонаро шикаст медиҳад!». 

Хотиррас мешавем, ки баъди 2 маъракаи чемпионии паиҳамӣ, ФК «Равшан» ба бӯҳрон дучор шуда, ба Лигаи 1 ғалтид. Ҳоло «Равшан» дар ин лига пешсаф аст ва ҳамин бозияш бошад, ҳатман соли 2021 ба Лигаи Олӣ бармегардад. Триумф муборак, «Равшан»-ҷон!!! Сипос ба акои Ғайрат Мирахмедов-мураббии дастаи «Равшан», ки бачаҳоро хуб омода кардааст. Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, Авг 19 2020

Ба сармуҳаррири редаксияи Газетаи дӯстдоштаи мардумии «СССР» аз номи 1 гурӯҳи мухлисони дастаи  овозадори «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб салом! 

Аз шумо коркунони редаксия хоҳиш ва илтимос менамоем, ки дархости моро ба ФФТ расонед. Наход 1 ҷамоати деҳот дар лигаи олӣ даста дошта бошаду 1 шаҳри овозадори Кӯлоб не? Мо мухлисон аз ФФТ ва соҳибкорон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки командаи овозадори «Равшан»-ро дастгирӣ намоянд, то он соли 2020 ба лигаи олӣ барояд! «Равшан»-ро зинда гардонед, то «Барселона»-и маҳаллӣ (Равшан) бо «Реал»-и миллӣ (Истиқлол) бозида, шӯҳрати футболро ба қуллаҳои баланд бардоранду стадионҳоро пур аз мухлис созанд!!!

 Ба гуфти бобои Ғуломи кӯлобӣ Мо метавонем!

Мухлиси ашадии «Равшан» бобои Содиқ аз ш.Кӯлоб

 

Ҷумъа, Июн 12 2020

 

 Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки шомили гурӯҳи «F» аст, бозиҳои худро бо дастаҳои Муғулистон, Япония ва Мянма моҳҳои октябр ва ноябри соли 2020 баргузор хоҳад кард.

   Бино ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби Тоҷикистон санаи 8 октябр бо дастаи мунтахаби Муғулистон бозӣ намуда, боз 2 рақобати дигарро шогирдони Усмон Тошев бо дастаҳои мунтахаби Япония-12 ноябр дар меҳмонӣ ва бо Мянма-17 ноябр дар хона баргузор мекунанд.     Бояд гуфт, ки ин вохӯриҳо бояд моҳи март ва июн гузаронида мешуданд, аммо бо сабаби хуруҷи бемори коронавирус ба таъхир гузошта шуданд. 

 

Чоршанбе, Май 20 2020

 

Яке аз паҳлавони шинохтаи тоҷик, устоди варзиши СССР, гуштингири бомаҳорат, номбардори диёру миллату давлати Тоҷикистон соли 1955 дар деҳаи Ҷайралии ноҳияи Совети вилояти Кӯлоб, имрӯза Темурмалики Хатлон чашм ба дунёи ҳастӣ кушодааст. Дар хонаи бачагони Танобчӣ таҳти мураббии варзида Валиев ба тамрини гӯштин шурӯъ карда, дар як вақти кӯтоҳ ба комёбиҳои назаррас ноил мешавад. Ҳангоми таҳсилаш дар мактаби номбурда ӯ бо ҳамсабақаш Зикриё зодаи ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод) шинос шуда то охири ҳаёташон чун бародар муносибат доштанд. Баъди хатми хонаи бачагон ҳарду ба Донишкадаи Тарбияи ҷисмонӣ дохил шуданд. Дар ин даргоҳ таҳти сарпарастии ҷаҳонпаҳлавон Саймуъмин Раҳимов  тамринашонро идома дода, ҳарду беҳтарин паҳлавонони номдор муаррифӣ шуда буданд. Азбаски Саймаҳмуд бениҳоят пурқувват буд ва усули контуриро (аксуламалро) ба дараҷае аъло иҷро мекард, ҷаҳонпаҳлавон Саймаҳмудро Хирс ном мебурд. Баъдан дар байни паҳлавонон Саймаҳмуди хирс ном гирифт.

Даврони донишҷӯиашон Саймаҳмуд ва Зикриё дар рӯзҳои 1-май, ки дар ноҳияамон гӯштини калон баргузор мешуд,  бо ҳузури паҳлавонон чи аз ҷумҳурӣ ва берун аз он ширкат мекарданд. Яке аз ин паҳлавони пурқувват Салоҳиддин Ҷондоров буд, ки бо Саймаҳмуд набард мекард, аммо доимо мағлуб мешуд. Одоби даврадории дасто пеши бар, ҳарифро эҳтиром доштан, аз пирон дуо гирифтан ва баъд гӯштинро оғоз кардан хислати ин ҷавонмардон буд. 

Баъди хатми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, акаи Саймуъмин Саймаҳмудро даъват кард, ки дар шаҳр монад ва мураббии гӯштин шавад. Аммо падари Саймаҳмуд бобои Махсуми Сайдаброр розигӣ надод. 

Баъди хатми Донишкада дар хонаи бачагони Танобчӣ мураббӣ шуда, шогирдони зиёдеро тарбия намуд. Даврони бачагиамон мо шоҳиди бисёр баромадҳои ин паҳлавони номдор шудаем. Вақте, ки дар Кӯлоб, Даҳана, Восеъ, Балҷувон гӯштини калон мешуд, мо бо мошини боркаши акаи Ҷангихон рақами давлатиаш 11-42 СБЕ савор шуда ба мухлисии ин бародар мерафтем. Ва аз тамошои ин мусобиқа ҳаловат мебурдем. Саймаҳмудро чи дар Ванҷу Дарвозу Рашту Бадахшону Хатлон ва берун аз ҷумҳурӣ хуб мешинохтанд. Соли 2018 ин паҳлавони номбардори миллат аз олам чашм пушид. Дар маросими ҷанозааш тамоми паҳлавонон ва шогирдонаш ширкат доштанд. Рӯҳаш шоду ҷояш ҷаннат бод…

 

Қурбони Ҷаббор, ш.Душанбе

 

 

 

Чоршанбе, Апр 29 2020

   Аз санаи 20 то 24 апрели соли ҷорӣ дар ш.Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди волейбол дар байни духтарон баргузор гашта буд. 

  Тавре маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, дар мусобиқаи мазкур 7 даста бо ҳам рақобат намуда, дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори ҷойи 1-ум, дастаи ш.Душанбе сазовори ҷойи 2-юм, ва дастаи вилояти Суғд сазовори ҷойи 3-юм гардид. Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медалу ифтихорномаҳои омоданамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қадрдонӣ гардиданд.

 

 

 

саҳ 11 аз 43

Китобҳо

Flag Counter