ХАБАРИ ДОҒ

Юрий Баранов – варзишгари №1 ҷаҳон

  • Ҷумъа, Июл 07 2023

Аҳмадҷон Саидов, муаллиф ва хонандаи фаъоли газетаи мардумӣ аз ш.Ваҳдат бо идора тамос гирифта (тел: 915 050188), гуфт, ки 1 пешниҳод ба шореҳи варзишии газетаи СССР Нуралӣ Хоркаш дорад.

   - Аз хурдсолӣ то давраи донишҷӯӣ мухлиси Муҳаммад Алӣ будаму фикр мекардам беҳтар аз ӯ варзишкор нест. Пасон Пелеву Шумахер пайдо шуданду ба онҳо мухлисӣ кардам, вале намедонистам, ки беҳтарин варзишгари дунё Юрий Баранови тоҷик будааст. Аммо афсӯс дар бораи ин спортсмени №1 на ҳама маълумоти кофӣ доранд, ҳол он, ки ҳар 1 баромади ӯ баробар ба марг будааст. 

Бисёр хуб мешуд агар Нуралӣ Хоркашев, шореҳи варзишии газетаи мардумии СССР дар бораи зиндагиномаи Юрий Баранов 1 матлаби хуб омода ва нашр мекард. Бигузор насли ҷавон бидонад, ки мо чунин варзишгарони ҷаҳонӣ доштем.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter