Баъд аз бозии байналмилалии дӯстона байни чемпиони чоркартаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ва чемпиони дукаратаи Россия «Локомотив»-и Москва аз рӯи билетҳои даромади бозӣ, бозии лотореяи варзишӣ доир мегардад. Дар бозӣ чанд адад моделҳои навтарини смартфонҳои «Samsung Galaxy» ва бурди асосӣ - автомошинаи сабукрави тамғаи «Лада-Приора» бозӣ доронда мешаванд.
Бозӣ рӯзи 26-уми июн, соати 21.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе доир хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, ки ин бозӣ дар мусоидати бевоситаи сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон ташкилу баргузор гардонида мешавад.
Муквофиқи шартҳои маслиҳати пешакӣ сармураббии «Локомотив»-и Москва ҳамватани мо Игор Черевченко ба Тоҷикистон ҳайати асосии дастаи худро хоҳад овард.