Имрӯз, 29 июн, футболбози 21 солаи тоҷик барои ду сол бо клуби футболи «Локомотив» аз шаҳри Пловдиви Булғория шартнома баст. «Локомотив» мавсими соли гузашта дар чемпионати Булғория ҷои панҷумро ишғол карда буд. Ба «Локомотив» Парвизҷон Умарбоев аз «Истиқлол»-и Душанбе гузашт. Парвизҷон дар ҳайати «Истиқлол» бештар аз якуним сол бозӣ карда, ба гирифтани ҳамаи ҷоизаҳои дохилӣ шарафёб шудаст.
«Бисёр хурсандам, ки ба «Локомотив» гузаштам. Ин барои ман даъвати нав аст ва хушбахтам, ки имконияти дар хориҷи кишвар санҷидани қувваи худро дорам. Умед мебандам, ки ба даста барои расидан ба натиҷаҳои нав кӯмак мекунам», - гуфт ниммуҳофизи тоҷик баъди ба ҳайати «Локомотив» гузаштанаш.
То ба ҳайати «Истиқлол» гузаштанаш Парвизҷон Умарбоев дар ҳайати «Рубин»-и Қазон, «Нефтехимик»-и Нижнекамск ва «Химик»-и Дзержинский бозӣ карда аст. Умарбоев дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон ҳафт бозӣ гузаронида як гол зада аст.