ХАБАРИ ДОҒ

Президент сарпарасти “Равшан” мешавад?

  • Чоршанбе, Окт 12 2016

 

Пештоз ҳаминро ба шумо хонандаи азиз мегӯем, ки сабаби асливу усулии навиштани ин матлаб, суоли як тан аз мухлисони дастаи футболи “Равшан” шуд. Баъди анҷоми чорабинии ҷашнии ҷамъбастӣ бахшида ба таҷлили 25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Кӯлоб бо ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  ҳамсару фарзандонашон, як нафаре, ки худро “Мухлиси  “Равшан” муаррифӣ намуд, суол кард:

-“Ака, рост аст, ки Президент худашон сарпарасти “Равшан” мешаванд?”

Мо низ ҳамчуноне, ки дар Кӯлоб маъмул аст, ба пурсиши мухлисамон бо суол “ҷавоб” гардондем:

- Ба шумо кӣ гуфт? ...

-Аз  дигар мухлисони “Равшан” шунидам...

Ва осемасар гӯшиашро хомӯш мекунад...

Мо бошем суроғи “Равшан” ба Кӯлоб меравем...

ЧеГеПе ва Куйбеш-рамзи Кӯлоб

Дар Кӯлоби бостонии 2700 сола, кӯча ё ба забони мардуми маҳаллӣ – “гузар”-ҳое ҳастанд, ки новобаста ба чандин бор тағйири ном карданашон, боз ҳам чун дар собиқ унвон мешаванд. Зеро дар дили сокинони Кӯлоб ҷой доранд. Ба гунаи мисол, боварӣ дорем бештар аз чандсад сол мешавад, ки Бозори калону Лави сангов, Куҳнашаҳру Нонбой, Қоқоводу Чармгарону Тамошотеппаро бо ин номҳое унвон мекунанд, ки имрӯз доранд. Дар Кӯлоб кӯчаву гузарҳои маъруфи замони РСС Тоҷикистон низ зиёданд... Первой май, Куйбеш, ЧеГеПе, Советский, Базарная, Фрунзе...Ҳатто, Шаталову Томину Протопопов ҳам... Дар ин миён махсусан кӯчаҳои ЧеГеПе ва Куйбеш номӣ буданд, ки ба таъбири Суҳробшои Фаррухшо дар ин маҳаллот бо дузду авбошаон бештар аз академику профсееорҳояшон ифтихор доранд.

Фарзи мисол, аз Куйбеш Ҳошим Гадо, устод Абдураззоқов, Умари Темур, Сурайёву Шабнаму Фарзона, шоир Раҳмат Назрӣ ва ғ. ва ҳ. бархостаанд, аммо онҳоро камтар аз Чапану Раҳматчаву Рамешу Абдули непобедимый, Шӯҳрату Дакан...мешиносанд...

Дар давраи Кӯлоби шӯравӣ бо пешрафти саноат ва сохтмони корхонаву муассисаҳо, дар шеваи мардуми шаҳр ҳам вожаҳои нави унвонӣ пайдо шуданд. Нефтибаз, Хлопзавод, Бойни (аз калимаи “бойная”-и русӣ, ба тоҷикӣ -кушторхона, ҷое, ки дар он чорворо забҳ мекунанд), Домбит, Глазной, КОЗТО, Заказзерно ва боз чанде дигар. 

Равшанро ким Эсхата кард?

Аммо аҷиб ин аст, ки аз замони бино ёфтанаш, Универмаги “Равшан” дар миёни мардуми Кӯлоб ҳамчун рамз ё нишони марказӣ қарор гирифт. Инҷониб, ки хеле барвақт аз синни хурдсолиям ба Кӯлоб робитаву рафтуомад дорам, ин шаҳрро бе Универмаги “Равшан” тасаввур карда наметавонам. Универмаги “Равшан” барои дилхоҳ сокини Кӯлоб ҳамчун рамз ва нишони марказӣ маҳсуб меёфт. Метавонед инро аз дилхоҳ дӯсти кӯлобиятон суол кунед. Ҳамон посухеро мешунавед, ки мо ин ҷо гуфтемаш. Универмаги “Равшан” аз замони бунёдаш барои сокинони шаҳр рамз ва нишони марказӣ шуд.  Агар дар ин шаҳри бостонӣ меҳмон шудаву аз дилхоҳ кӯлобӣ  ҷои намедонистаатро суол мекардӣ, бо он одате, ки дар дунё танҳо хоси мардуми Кӯлоб аст ба пурсиши шумо бо суол “ҷавоб” медод:

-“Равшана дидай?”

Универмаги “Равшан”-ро нишони марказӣ қарор дода, кӯлобӣ ҷои даркориятонро роҳбалад мешуд. Вале аз назари инфиродии мо бо азҳамрезии Иттиҳоди шӯравӣ Универмаги “Равшан”-и Кӯлоб низ барҳам рехт. Ҷояшро супермаркету гипермаркетҳо гирифтанд. Универмаги “Равшан” нишони марказӣ буданашро аз даст дод! Ҳоло ҷои Рамзи Ифтихору Далериву шуоҷати кӯлобиҳо, бо имзои кадом раиси шаҳр, ҷои онро Бонки Эсхата гирифтааст. Ёд оред аз таърих, ки барои ғурури мардуми бумиро пахш кардан, душманон дар сарҳои миёна Символи шаҳрҳоро маҳв мекарданд. Равшан-Эсхата...шуд... Ҳол он ки ҳама медонад, такягоҳи ин Давлат Кӯлоби пурғурур буду ҳаст. Пас ким ин символро нест кард ва оё тасодуфӣ мӣ?

 Командаи футболи “Равшан”

Хушбахтона, солҳои охир вожаи унвонии “Равшан”, ки ин бор тамоман мафҳуми дигарро ифода мекунад, боз миёни мардуми Кӯлоб шӯҳрат пайдо кард. Ин номи ифтихориро командаи  футболи “Равшан” дубора барои мардуми Кӯлоб нишони марказӣ ва рамзи асосии шаҳр гардонд. Воқеан ҳам даҳсолаҳо пеш ҳамчун универмаги Равшан номи дастаро низ Ғаффор Мирзоев-генерали зиндонӣ иваз кардаву Олимп-Ансол ниҳода буд, ки хушбахтона боз Равшан шуд!

 Командаи футболи “Равшан” дар андак муддат миёни мардуми Кӯлоб ва  гирду атрофаш он қадар шӯҳрат пайдо кард, ки гӯё дар шаҳр ҳеҷ вақт  Универмаги “Равшан” набуд. Дубора эҳё шудани “Равшан” на танҳо дар Кӯлоб, ки дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ин номро маъруф гардонд ва акунун кулли мардуми Тоҷикистон Кӯлобро бо Равшанаш мешинохтагӣ шуд. Дигар дар Кӯлоб Универмаги “Равшан”-ро ҳамчун нуқтаи марказӣ ва ҷои ҳама мешинохтагӣ ном намебаранд. Зеро дастаи футболи “Равшан” ҷои онро гирифта буду баробари ин номро шунидан, шунаванда мутаваҷҷеҳ ба Варзишгоҳи марказии шаҳр мешуд. Ба маконе, ки дастаи маҳбубашон дар он  бозиҳои хонагияшро мегузаронад ва дар рӯзи ба мо занг задани мухлиси “Равшан”, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  ҳамсару фарзандонашон азизтарин меҳмони ифтихории мардуми Кӯлоб шуданд. 

 “Равшан” ниёзманди дастгирист

Мутаассуф, тайи 3 соли охир ба иллати мушкилоти молиявӣ ва надоштани сарпараст, маъруфтарин дастаи халқии Тоҷикистон - “Равшан”-и Кӯлоб ба ҳоли табоҳе дучор гардид. Ба ҳадде, ки агар президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бевосита кӯшиши нигоҳ доштани дастаро намекард, мутмаинем, ки аз ин дастаи замоне номӣ, имрӯз ба мо фақат хотира мемонду халос. Маҳз, бо талошҳои зиёди роҳбари футболи кишвар ва чанд тане аз дӯстони футболияшон “Равшан” дар элитаи футболи Тоҷик монд. 

Аммо адами “Равшан”-и тавоно дар футболи кишвар бозиҳои чемпионати дохилиро хеле берангу заиф гардонд. Шумораи мухлисон дар варзишгоҳи марказии Кӯлобшаҳр ҳам ба карат камтар шуд. Беҳтарин бозигарони зодаи Кӯлоб ба дастаҳои футболи дигар манотиқи кишвар гузаштанд. Дар бораи футболи кӯдакону наврасони шаҳр ҳоҷати гуфтан ҳам нест. Беҳтарин мураббиёни футболи кӯдакону наврасон ҳам Кӯлобро тарк карданд. Ба ибораи мушаххас, дар Кӯлоби замоне муҳаррики рушди футболи миллӣ, қариб ки аз футбол асаре намондааст. Ва суоли ба газетаи ФутболvsСССР додаи 1 нафар мухлиси “Равшан” ифодакунандаи охирин умеди ҳазорон нафар ҳаводорони даста мебошад: “Президент худашон сарпарасти “Равшан” мешаванд?

Ба ин суол мо посух гуфта наметавонем, аммо бо он бовару эътимоду эътиқоде, ки ба Пешвои миллати худ дорем, мухлиси кӯлобиямонро бовар мекунонем, ки бале, ҳатман Президент “Равшан” ва дар маҷмуъ футболро аз вартаи нобудӣ дар ин шаҳри 2700 солаи Тоҷикистон наҷот мебахашанд. Мо ба сарвару роҳбари худ боварӣ дорем!!! Мо Метавонем!

М. Мубориз

Н. Хоркаш

Ф. Сӯҳроб

Махсус барои ФутболvsCCCР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter