Дар мусобиқа барои дарёфти ҷоми Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, 24 даста аз ташкилоту корхонаву муассиаҳо ва дастаҳои алоҳида қувваозмоӣ хоҳанд намуд. Тавре сардовари даста Одил Бобоев ба СССР иттилоъ дод, қувваозмоӣ байни дастаҳо хеле ҷолиб ҷараён дорад ва айни замон даври 1/8 финалӣ гузашта истодааст. Алишер Амонов, яке аз бозингарон мегӯяд, чунин мусобиқот дар чанд соли оххир доир нагардида буд. Аз ин ҷост, ки ҳама дар бозии футбол хоҳиши ширкат намудан доштанд ва ҳатто чанд рӯзи охир харидани либоси варзишӣ дар мағозаи варзишӣ аз сабаби навбатпоии футболбозон душвор буд. Чунин ба назар мерасад, ки таваҷҷӯҳи мардум ба ин намуди варзиши №1 афзудан дорад.
Хуршед Фозилов