ХАБАРИ ДОҒ

Президенти ФИФА «Истиқлол»-ро табрик гуфт

  • Чоршанбе, Нояб 09 2016

Президенти Федератсияи байналмилалии Ассотсиатсиятсияҳои футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино дастаи футболи «Истиқлол»-ро бо ғалабааш дар Лигаи олии Тоҷикистон табрик гуфт. Дар номаи расмии роҳбари  FIFA, ки ба унвони Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ирсол шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад:  

 

«Президенти муҳтарам! Табрикоти шахсии маро ба дастаи “Истиқлол” барои ғолибияташ дар мусобиқоти Тоҷикистон расонед. Ғалаба дар чемпионати миллӣ боиси баҳра бардоштан аз кори хуби ба анҷом расонида мебошад. Ман медонам, ки пушти ин ғалаба заҳмати дастаҷамъонаи ҳамаи кормандони бошгоҳ ниҳон аст. Ин ғалабаи ҳақиқии дастаҷамъона аст ва ҳамаи аъзои бошгоҳ-роҳбарият, бозигарон, ситоди мураббиён, ҳайатҳои хизматрасони фаннӣ ва тиббӣ ва мухлисони асили даста ҳақ доранд, ки онро байни худ тақсим кунанд. Серҳаракатӣ ва ихлосмандӣ дар паи расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ ба “Истиқлол” имкон дод, ки ин унвони ифтихориро соҳиб шавад. Дар ҳақиқат футбол мактаби ҳаётист ва ман бовар дорам, ки барои ҳама, махсусан ҷавонон ҳам дар ҳаёти шахсӣ ва ҳам иҷтимоӣ метавонад манфиатовар бошад. Барои ҳамин аз ҳамаи онҳое, ки дар дастаи “Истиқлол” кор мекунанд, даъват менамоям, барои фаъолият дар сафи пеш ва муваффақият корро идома диҳанд”.

ФутболvsСССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter