Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар сухани ифтитоҳии худ ба таври муфассал аз таъсисёбии Федератсия ва бурду бохтҳои футболи Тоҷик дар ин давраи тӯлонӣ ёдовар шуда, ҳозирин ва тамоми мухлисони футболи кишварро ба муносибати ин санаи муҳими таърихи футболи ватанӣ, ҷамъбасти мавсими имсолаи футбол ва фарорасии Соли нави мелодӣ табрику муборакбод намуд.
Собиқадорон қадрдонӣ мешаванд
Баъди анҷоми намоиши филми мустанад аз таърих ва давраҳои гуногуни рушду инкишофи футболи Тоҷик, ки дар манитори калон ҳозирин онро тамошо карданд, нахуст собиқадорони футболи ватанӣ ба саҳна даъват шуда, аз ҷониби роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои хизматҳои арзанда ва саҳми муносибашон дар инкишофи футболи ватанӣ бо ҷоизаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд. Ҷоизаҳоро ба собиқадорон Ноиби аввали президенти Федератсия Хуршед Файзуллозода тақдим намуд. Ин лаҳза ҳам барои меҳмонон ва ҳам барои худи собиқадороне, ки тӯли умри бобаркаташон барои рушд ва беҳдошти ин соҳаи муҳими ҳаётииҷтимоии мардуми кишвар заҳмат кашиданд, хотирмону фаромӯшнашаванда буд.
Беҳтаринҳои наврасону ҷавонон
Чун анъана, баъд аз қадрдонии собиқадорон, аввалӣ шуда беҳтаринҳои футболи кӯдакону наврасон бо ҷоизаҳи таъсиснамудаи Федератсияи футболи мамлакат сарфароз гардиданд. Унвони беҳтарин бозигар миёни кӯдакони то сини 13 соларо Салоҳиддин Иргашев аз дастаи “Солор”-и Душанбе соҳиб шуд. Беҳтарин бозигар миёни кӯдакони то сини 15 сола Абдузоҳид Каримов аз МҶМОВ эътироф гардид. Беҳтарин бозигар миёни наврасони зери 17 сола бошад Шаҳзод Раҷабов аз “Истиқлол”-и Душанбе шинохта шуд. Узви мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва бозигари “Истиқлол”-и пойтахт - Эҳсони Панҷшанбе барандаи унвони беҳтарин бозигар миёни ҷавонони зери 19 сола гашт. Унвони беҳтарин мураббии футболи кӯдакону наврасон насиби Исмоил Саидов аз дастаи “Авиатор”-и Душанбе шуд.
Чеҳраи сол
Ҳар як сол чеҳраи футболии худро дорад. Дар мавсими сипаришудаи футболи кишвар ин унвони фахрӣ ба бозигари ҷавон ва умедбахши дастаи “Барқчӣ” ва мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов насиб шуд. Ваҳдат дар ҳайати дастаи худ, дар бозиҳои Лигаи олии мамлакат ва дар ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар марҳилаҳои интихобӣ ва ниҳоии чемпионати Осиё хеле хуб баромад намуд. ФутболvsСССР ба ин бозигари ҷавону умедбахш дар оянда баробру комёбиҳоро таманно дорад.
Шукрона - беҳтарин зани футболбоз
Капитани дастаи мунтахаби футболи занонаи то сини 19 солаи Тоҷикистон, бозигари дастаи “Ласточка”-и Душанбе – Шукронаи Ҷумахон унвони беҳтарин зани футболбози Тоҷикро дар соли 2016 соҳиб шуд. Қобили қайд аст, ки соли ҷорӣ Шукрона дар ҳайати мунтахаби футболи занонаи кишвар дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё байни духтарони то сини 17 сола бомувафффақият баромад намуда, бо бозии зебояш диққати бисёре аз коршиносони соҳаро ба худ ҷалб кард.
Беҳтаринҳои футзал
Дарвозабони дастаи футзали “ДИСИ Инвест” ва мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон Фирӯз Бекмуродов беҳтарин бозигари футзали мамлакат дар соли 2016 эътироф шуд. Боварӣ дорем мухлисони ин намуди зебои варзиш бозии зебои ӯро дар марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали Осиё, ки ҳанӯз дар оғози сол, дар Тошканди Узбекистон доир гардида буд, дар хотир доранд. Фирӯз дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ таваҷҷӯҳи коршиносони зиёди соҳаро ба худ ҷалб кард. Сармураббии дастаи футзали “Газпром” Хуршед Пиров беҳарин мураббии футзал дар соли 2016 эътироф шуд.
Беҳаринҳои мусобиқаҳои дохилӣ
Унвони довари умедбахши солро Вафо Қараев аз Шаҳринав соҳиб шуд. Вафо новобаста ба ҷавонии худ бозиҳои мусобиқаҳои дохилии имсолаи кишварро хеле хуб ҳакамӣ намуд. Ниммуҳофизи “Истиқлол” Шериддин Бобоев беҳтарин бозигари ҳайати ҷавонони Лигаи олии Тоҷикистон дониста шуд. Мураббии ҳайати ҷавонони КМВА “Помир”-и Душанбе Олимшо Қадамшоев беҳтарин мураббии ҳайати ҷавонони дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон эътироф гашт. Унвони беҳтарин бозигари Лигаи якуми Тоҷикистонро ҳамлагари “Панҷшер” Абдухалил Боронов ва унвони беҳтарин мураббии Лигаи якуми мамлакатро бошад, сармураббии “Панҷшер” – Тухтабой Абдураҳимов соҳиб шуданд.
Беҳтарин футболбози сол
Ҳамлагари “Истиқлол” ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин футболбози сол эътироф гашт. Ин барои бори дуюм аст, ки Манучеҳр пайҳам ин унвони ифтихориро соҳиб мешавад. Боварӣ дорем голҳои бисёр зебои дар мависми имсола ба дарвозаи рақибон задаи Манучеҳр Ҷалилов то дер боз дар хотири мухлисони асили футболи ватанӣ нақш мебандад ва соли оянда, ки мунтахаби милии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё баромад мекунад, Манучеҳр бо голҳи боз ҳам зебояш мухлисону ҳаводорони футболи Тоҷикро шод мегардонад. Ба Манучеҳр дар оянда тани сиҳату хонаи обод ва комёбиҳои баланди варзиширо таманно дорем. Мо Метавонем!
Мунтахаби рамзии Лигаи олии Тоҷикистон
Ин мунтахаб рамзист ва бори аввал ат, ки дар Тоҷикистон созмон дода мешавад. Ба он беҳтарин бозигарони дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон шомиланд. Ба нахустин мунтахаби рамзии Тоҷикистон инҳо шомил шуданд: дарвозабон Рустам Ризоев («Ҳосилот»), муҳофизон Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Аҳтам Назаров (ҳама аз «Истиқлол»), Эраҷ Раҷабов («Ҳосилот»), ниммуҳофизон Амирбек Ҷӯрабоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дэвид Мавутор (ҳама аз «Истиқлол») ва Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ»), ҳамлагарон Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») ва Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»). Ба ҳамаи аъзоёни мунтахаби рамзии Лигаи олии Тоҷикистон аз ҷониби ФФТ тӯҳфаҳи хотиравӣ тақдим шуданд.
Мунтахаби рамзии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон
Ба мунтахаби рамзии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон бошад бозигарони зерин шомил шуданд: дарвозабон Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»), бозигарони майдонӣ Дилшод Саломов («ДИСИ Инвест»), Меҳрубон Тиллозода («Газпром»), Шерзод Ҷумаев («Газпром») ва Сиёвуш Қаюмов («Соро компания»).
PS. Дар навбати худ ФутболvsСССР низ ба муносибати 80 солагии ФФТ, ҷамъбасти бобарори мавсими имсола ва фарорасии Соли нави мелодӣ ҳамаи ҳаводорону мухлисони футболи втаниро муборакбод гуфта, ба ғолибону ҷоизадорони мавсими имсолаи футболи Тоҷик, дар соли нав нишондодҳои болотари варзиширо таманно мекунад.
Нуралӣ Хоркашев
Махсус барои ФутболvsСССР