Сомон Маҳмадбеков, варзишгари навраси Тоҷик дар Ҷоми Африқо оид ба дзюдо миёни наврасон дар Тунис (Tunis Cadets African Cup 2017) медали тилло ба даст овард.
Дар ин мусобиқаи кушод, ки 22-23 апрел баргузор шуд, Сомон дар рақобатҳо дар вазни зери 66 килограмм бар рақибонаш аз Алҷазоир, Беларус ва Тунис ғалаба кард.
Сомон Маҳмадбеков варзишгари тоҷики муқими Русия буда, феълан дар шаҳри Иркутск таҳти раҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин менамояд. Ӯ дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Ба шарофати пирӯзии Сомон дар Ҷоми Африқо дар Тунис парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта, суруди миллии кишвар танинандоз шуд. Дар ин мусобиқа боз як намояндаи Тоҷикистон- Абдуллоҳ Неъматов дар вазни зери 66 килограмм рақобат кард, вале ӯ дар даври муқаддамотӣ ноком гашт.
Бояд қайд намуд, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи дзюдо барои Ҷоми Аврупо байни гӯштигирони солҳои таваллудашон 1997-2002, ки рӯзҳои 15-16 апрел дар шаҳри Санкт-Петербурги Росия баргузор шуд, аз медалҳо бенасиб монданд.
СССР