Бино ба иттиллои аз шаҳрдории пойтахт расида, барои баргузории мусобиқаҳои гӯштини миллӣ 48400 сомонӣ ва барои пойгаи аспдавонӣ 29700 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ҷудо гардидааст.Тӯҳфаи асосии бошад мошини сабукрав аст.
Аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе даъват шудааст дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо кумитаҳои тадорукот, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи гӯштини миллии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи бузкашӣ ва пойгаи Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби беҳтарин варзишгарону паҳлавонон, аспсаворону корхонаҳои асппарварии минтақаҳои кишвар тадбирҳои зарурӣ андешад.
Мину Аминзода