ХАБАРИ ДОҒ

ФУТБОЛИ МОРО АЗ БОТЛОҚ БОЯД БЕРУН КАШИД

  • Чоршанбе, Март 28 2018


(Ба таваҷҷуҳи Ҳукумат ва Порлумони кишвар)

1. УФТИ БЕСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ФИЛИППИН
Дидори Тоҷикистон дар Филиппин зоҳиран ниҳоят (финол)-е буд, ки зарфияту тавоноии футболи Тоҷикистонро дар саҳнаи рақобатҳои ҷаҳонӣ бозтоб мекард. Ин бозиро филиппиниҳо бурданд ва акнун дастаи Тоҷикистон пас аз ин шикасти ноҳинҷор ба қаҳқарое рафт, ки шояд дар сӣ- чил соли охир собиқа надошт. Тоҷикон дар ин рақобат то тавоне дошт, майдондорӣ карданд: кӯшо, бо ҷасорату мардонагию азхудгузаштагӣ. Ин масъулиятшиносию ҳайсиятпосдории бозикунҳои мо шоёни сипос аст. Аммо пирӯзӣ ҳаққи мусаллами филиппиниҳо буд, ки комёр шуданд. Онҳо дар қиёс ба баччаҳои мо варзидаву текникиву чолоку ҷангандатар буданд, ҳарчанд ки Филиппин ҳам дар шумори дастаҳои дараҷаи сеи футболи ҷаҳон аст. Ҷараёни ин бозии ҳам барои даста ва ҳам барои дӯстдорони футболи кишвар ҳаяҷонӣ бори дигар авзоъи варзиши шумораи яки Тоҷикистонро дар саҳнаи ҷаҳони имрӯз ойинадорӣ кард. Дастаи мо дар таҳарруки сареъу давандагӣ аз ҳариф кам меовард, ба вижа хатти пешу миёнаи мо басо заъифу нотавон буд, ки мизбонони бетараҳҳум тақрибан дар тамоми рафти бозӣ дар нимаи майдон тасаллут доштанду амали дилхоҳашонро ба ҷо меоварданд. Мо бозикуни меҳварие надоштем, ки бо сафшиканию ҳадафгирии касбӣ қалби дифоъи ҳарифро рахна карда, онҳоро биларзонад ва ҳамчун сипаҳсолоре дар дифоъу ҳамлаи дастаи худ нақши боризу созандае дошта бошад. Ин заъфи аслии дастаи Тоҷикистон буд!
Дигар, бозикунони мо аз лиҳози маҳорати касбӣ дар сатҳи пасте қарорр доштанд, ки на аз ҳунари инфиродӣ фурӯғе доштанд ва на метавонистанд, ки таркибҳо (комбинатсияҳо)-и сареъу барои ҳариф ғоофилгирона биороянду ҳам бинандаро мафтун кунанд ва ҳам худ комёр шавад. Яъне аз лиҳози фаннӣ мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем! Ва бадтар аз ин, кати бозикунони эҳтиётии мо он гуна кӯтоҳу тиҳӣ буд, ки сармураббии бетолеъ – Ҳаким Фузайлуф, дар ҳолати хастагии нафарони майдон намедонист аз куҷову киро ҷойгузини онон кунад. Тоҷикистон дар футболбози сатҳи байнулмилал камбағал буд. Он гоҳ беихтиёр ба ёд мерасад, ки чиро Муҳсин Муҳаммадиев аз сарпарастии дастаи мунтахаб сар кашид. Барои он ки чунин нанги фақру бемоягии футболи тоҷикро дар саҳанаи байнулмилал таҳаммул накард ва хуб кард, ки истеъфо дод! Ҳоло навбати Ҳаким Фузайлуф аст, ки руҳияи ӯ ҳам пас аз ин бохти ноҳинҷор бо Филипинни начандон тавоно ва бо ин вазъияти бебандубор дар футболи кишвар, дарккарданист.


2. ПАС ЧӢ БОЯД КАРД АЗ НАНГИ ПАСТӢ БА ИФТИХОРИ БАЛАНДӢ БИРАСЕМ?
То он ки аз ин ботлоқи вопасию ақибмондагӣ бираҳем, бояд ҳар чи зудтар ҳукумат ва порлумони кишвар ба рушду пешрафти футболи мо мудохилаи созанда кунанд, ки ин яке аз таҷрибаҳои муассир дар ҷаҳон ба шумор меравад ва мо худ чунин коштаро дар пешрафтҳои оламгири «Помир»-и овозадор бардошта будем. «Помир» ба худии худ қаҳрамон нашуда буд, «Помир»-ро ҳам шаҳрдории пойтахт (дар раъси зиндаёд Мақсуд Икромов), ҳам Шурои Вазирони кишвар (бо муроқибати хосси сарвазири марҳум Иззатулло Ҳаёев ва муовини басо кӯшои ӯ, Георгий Кошлакоф), ҳам Вазорати обу мелеоратсия, ҳам Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ва... бо тарзи бояду шояд сарпарастию пуштибонӣ мекарданд. Яъне «Помир» аз лиҳози моддиву маънавӣ бениёз буд ва ситорагоне дошт, ки тамоми Иттиҳоди Шуравӣ онҳоро бо ҳавас зикри хайр мекард: Ғуломҳайдаров, Макаров, Черевченко, Гесс, Погорелов, Мандрейко, Аъзамов, Азимов, Раҳимов, Муҳаммадиев, Фузайлов ва даҳҳои дигар. Он замон Тоҷикистон аз қаҳрамонони футболи қораи Осиё буд; ин муболаға нест. Пас, мебояд ҳукумати кишвар ба футболи мо сармояву ҳазина гузорад, то мисли имрӯза Тоҷикистон бо як кулвори холӣ, бидуни тайёрии пешакӣ ба Филиппин нараваду бо сари хам бар нагардад (дастаи мо мебоист то ин дидор ҳадди ақалл ду вохӯрии дӯстонае бо дастаҳои тавонманд баргузор мекард)! Аз ин рӯ Ҳукумат ва Порлумони кишварро мебояд, баҳри рушди дилхоҳи футбол, ки варзиши аслӣ ва шумораи як дар кишвар аст, барномаи ҷомеъ ва мукаммалу созандаеро таҳияву тасвиб кунад.


3. БОЯД АЗ ФУТБОЛИ ЯКҚУТБӢ ДАСТ КАШИД!
Бале, бояд ҳар чӣ зудтар аз футболи якқутбӣ даст кашем, ки собит шудааст, ки ин шева ба ҳич ваҷҳ коромад нест. Дар кишвар мисле танҳо ба «Истиқлол»-и пойтахт таваҷҷуҳ мешавад ва дигарон дар ҳошия мондаанд. Масалан, агар дастаи «Хуҷанд» дар муособиқоти Ҷоми АФК ба тарзи дархури талаби рӯз тайёрӣ медид ва ҳамчун «Истиқлол» чанд дидори муассири дӯстона барпо мекард, шояд нокомона аз рақобат канор намерафт. Аз ин рӯ маҳз бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ мебояд дар пойтахтамон ҳамчун «Истиқлол» дастаи дигаре мукаммалу ҳирфавӣ дошта бошем, ки ба «Истиқлол» рақобати ҷиддиву лоиқ кунад ва дар мавсимҳо шаҳровард (дербӣ)-и ин дуро интизорӣ кашем. То имрӯз шаҳрдории пойтахт бо чунин имконоти расояш дастаи худро надорад, вазорати дифоъи мо ҳам дар такмили як дастаи тавонманду шойиста ибтикор нишон намедиҳад ва дар тақлид ба Русия ЦСКА-еро муташаккил кардааст, ки рангу ҷилои муассир надорад. Ва аз чӣ бошад, дигар вазорати калидии Тоҷикистон – Вазорати дохила мисле барои рушди футболи мо бетарафӣ зоҳир мекунад ва он ҳам дастае надорад. Дар ҳамин замина ҳукумати Тоҷикистон бояд расман ва қотеъона сарони вилоёти кишварро муваззаф кунад, ки барои такмили дастаҳое дар сатҳи «Истиқлол» сармоя гузоранду саъй кунанд. Ин ҷо манзур вилояти Суғду Хатлон аст, ки аз имконоти хуб бархурдоранд, аммо дастаҳои муназзаму тавонманд надоранд. Ҳукумат ҳамчунин сарони шаҳрҳои умдаи мо – Истравшан, Ҳисор, Регар, Ваҳдат ва Кӯлобро дар баробари ёрмандӣ, низ ба таври ҳатмӣ вазифадор кунад, ки онҳо ҳам дастаҳои собиту ҷомеъу ҳирфаӣ таъсис бидиҳанд, то футболи мо пеш равад. Ва муҳиммтар аз ин, дар ин росто бояд масъулони мо сармояро дареғ надошта аз беруни кишвар мураббиёну бозикунони номдору бо маҳоратеро ҷалб кунанд, ки боиси такмилу рушди ситорагони футболи дохили кишвар гарданд. Дар Эстунӣ, Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбакистон ва чанд ҷойи дигар маҳз чунин ривол ба пешрафти футболи онҳо мусоидат намуд. Имрӯз ба ҷуз дарвозабони сербиягӣ, Стошич, мо беруние бо маҳорати баланд аз футболбозони худӣ надорем. Аз даъвати легионерҳои сатҳи паст бояд парҳезид.
Варзиши шумораи яки Тоҷикистон – футбол, ҳоло лангу манг монда ва то ҳукумати кишвар дастбакор нагардаду бо такя ба таҷрибаҳои рушди футболи муосир ибтикор нишон надиҳад, мо ҳамононо бо натиҷаи пешакии маълум – бохти ҳатмӣ ба майдон хоҳем рафту аз қаҳқарои томм берун нахоҳем омад. Ҳол он ки дастдоврадҳо дар футбол ва достонофаринӣ дар майдонҳои байнулмилал ин барои ҳар ҷомеъаи имрӯзаи ҷаҳон як ифтихор аст. Аммо то имрӯз аз бархурдорӣ аз чунин лаззати ифтихор ҳам футбозони мо ва ҳам ҳазорону ҳазорон дӯстдорони чашминтизори футболи тоҷикон маҳруманд.

Обид Шакурзода,
адиб

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter