Мирзо Исмоилзода, раиси ШСХК “Барқи тоҷик” рӯзи 28.04.2018 дар ҷаласаи пленуми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон президенти Федератсияи тенниси рӯи мизи кишвар интихоб гашт.
Бино ба итиллои маркази матбуоти КМО-и Тоҷикистон, Мирзо Исмоилзода аз соли 2015 ин ҷониб раиси ШСХК «Барқи тоҷик»-ро бар ӯҳда дошта, ният дорад, ки дар вазифаи нави ҷамъиятӣ бо гузаронидани мусобиқоти дохилӣ дар мамлакат ин намуди варзишро рушду дода, истеъдодҳои навро аз байни варзишгарони Тоҷик дарёфт намуда, ба ҳайати дастаҳои мунтахаб дохил кунад ва онҳоро барои ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ сафарбар намояд.
СССР