ХАБАРИ ДОҒ

Эҳёи шиногоҳи лаби дарёи Сир пас аз 20 сол

  • Ҷумъа, Июн 01 2018


Имрўз дар Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд шиногоҳи шаҳриро дар лаби дарёи Сир, ки 20 сол инҷониб бинобар номутобиқатӣ ва хатарнок буданаш истифода намешуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бо ташаббуси Раҷаббой Аҳмадзода он аз сари нав дар худуди 5 гектар фаъол гашт.
Бино ба итиллои аз маркази матбуоти ҳукумати вилояти Суғд ба мо расида, дар шиногоҳ майдончаи волейбол, мизи теннис ва дигар бозиҳои варзишӣ низ ташкил гардида, бояд қайд намуд, ки барои азнавсозии шиногоҳ беш аз 200 ҳазор сомонӣ маблағ харҷ шуда, дар он соябонҳои истироҳатию обутобдиҳӣ, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва дигар эҳтиёҷоти шиногоҳ муҳайё карда шудааст. Дар шиногоњ заврақҳои моторӣ, резинӣ, гидросикли обӣ, киштӣ барои бурдани назорати патрулӣ, автомашинаи махсуси наҷотдиҳӣ, садамавӣ-наҷотдиҳӣ, ғаввосӣ барои бурдани корҳои рӯйи обӣ ва зериобӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза 10 нафар кормандони бомаҳорат тибқи нақша фаъолияти навбатдориро ба роҳ мемонанд.
Раиси вилоят зимни маросими ифтитоњи ин мавзеъ таъкид намуд, ки дар ояндаи наздик боз 2 шиногоҳи азкормонда барқарор карда мешавад. Шиногоҳҳо бо назардошти меъёрҳои байналхалқӣ бунёд ва на фақат барои шаҳрвандони Тоҷикистон, балки барои истифодаи хориҷиён низ пешбинӣ мегардад.







ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter