ХАБАРИ ДОҒ

 

(лавҳае, ки миёни дақиқаҳои 53 ва 54-уми 1 бозӣ навишта шуд)

 ҶҶ-2018 чеҳраи наверо барои оламиён ошно кард: Алиризо Бейронванди 26-сола (21.9.1992, қадаш 196 см, вазнаш 85 кг) дарвозабони маъруф аз дастаи «Персеполис» ва мунтахаби Эрон, ки дар 1 радда бо Нойер, Де Хеа ва Акинфеев қарор гирифт…

Криштиану ва Алӣ-1
Дар дақиқаи 53-юми бозии байни дастаҳои Португалия ва Эрон дар чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 ба дарвозаи дастаи мунтахаби Эрон зарбаи ҷаримавии 11-метра таъйин шуд. Тӯбро ҳамлавари номӣ Криштиану Роналду ба даст гирифта, ба нуқта гузошт ва сарашро бардошта сӯи ҳариф нигарист. Дар муқобили ӯ дарвозабонҳои моҳиртарини замон меларзиданд. Аммо исми ин дарвозабон, ки ҳоло рӯ ба рӯяш меистод, танҳо ба шореҳон маълум буд. Онҳо ҳам ҳар бор ба рӯйхат нигаристаю аввал онро ҳиҷо ба ҳиҷо талаффуз мекарданд: Али-ри-зо Бей-рон-ванд. Криштиану чанд қадам қафо рафт. Чун ҳарвақта истод, нафас рост кард ва хез гирифт. Мухлисонаш дар варзишгоҳ ва назди телевизорҳои олам боло шуданд. Танҳо мухлисони эронӣ бо умед зери лаб мегуфтанд: - Алиризо, Алиризо, илтимос… Вале онҳо низ ба дил мегуфтанд, Криштиану куҷову Алиризо куҷо? Кист ӯ дар муқобили ситораи замон?

Подабоне аз Саробиёс
Алиризо бузургфарзанди хонаводаи кӯчиён буду айёми тифлиаш бо гӯсфандбонӣ гузашт. Дар вақтҳои фароғат футбол мебозид. Ҳамчунин, ба як бозии маҳаллӣ бо номи «дурпаррон» низ шуғл меварзид.
-Мо ҳар чизеро, ки рост меомад, дур мепартофтем – сангу кулӯх, чӯб ва ҳоказо. Каси аз ҳама дур партояндаро қаҳрамон мехондем, - ба хотир меорад Алӣ.
Хонаводаи Алӣ ниҳоят дар Саробиёс ном макон қарор гирифт. Маҳз дар ҳамин ҷо Бейронванд ҷиддитар ба футбол рӯй овард. То 12-солагӣ ҳамлагар буд, аммо баъд дарвозабони дастаи онҳо лат хӯрду, Алӣ ӯро иваз намуда… дигар дарвозаро тарк нагуфт. Падари Алӣ-Муртазо футболро касб намедонист ва зидди шуғли писар буд.
-Падарам футболро намеписандид, накуҳишам медод: «Ҳар рӯз тӯбро лағад зада гардӣ, ба куҷо мерасӣ?!». Падар ризқи оиларо бо арақи ҷабин пайдо мекард ва аз ман ёрмандии бештареро интизор буд. Боре ӯ либоси варзишиамро даронду дасткашҳоямро партофт…

Дарвозабони бомж ва гадо
Алиризо аз хешовандонаш каме пул қарз ва ба волидонаш чизе нагуфта, ба автобус нишасту роҳи Теҳронро пеш гирифт. Дар роҳ бо мураббии футбол Ҳусайн Файз шинос шуд. Эшон ба ӯ дар тими «Ваҳдат» бозиданро пешниҳод намуд. Ҳусайн ба ӯ каме пул (наздики 40 доллар) дод, аммо он маблағи ночизе буд. Алӣ на ҷои зист дошту на маблағе барои ғизо. Чанд шаби аввалро ҳамроҳи муҳоҷирон дар наздикии Манораи Озодӣ (яке аз рамзҳои Теҳрон) рӯз кард. Пас, чанде таги дари бошгоҳи «Ваҳдат» хобид. Мардум ба пеши ҷавони хобида танга мепартофтанд, гумон доштанд, ки ӯ гадост. Алӣ аз ин шод ҳам гардид, зеро кайҳо боз субҳонаи болаззате мисли он рӯз нахӯрда буд.
Бейронвандро дертар капитани тими «Ваҳдат» ба хонааш бурд. Алиризо дар он макон танҳо 2 ҳафта зист. Ӯ нахост дарди сар шавад. Пас, ба корхонаи либосдӯзие ба кор даромад ва шабҳоро ҳамон ҷо рӯз мекард. Баъди чанде Алӣ ҷойи кор ёфт, дар муассисае мошин мешуст. Боре ба коргоҳ ҷипи ситораи футболи Эрон Алӣ Доӣ омад. Онҳое, ки аз вазъи нобоби ӯ огаҳӣ доштанд, сӯи Алӣ Доӣ тела доданд, рав, аз ӯ хоҳиш кун, ба ягон дастаи хубе туро шомил созад. Вале, ӯ гардан хам карданро ба худ ор донист. Бахти Алӣ тофт. Бозии ӯро мураббии клуби касбии «Нафти Теҳрон» дида, дархост, ки бо онҳо бошад. Бейронванд ба машқгоҳи ин бошгоҳ кӯчида, намозхонаро макони сукунат ихтиёр кард. Касе намедонист, ки ӯ дар муассисаи питсапазӣ кор мекунад. Боре мураббиаш ба тарабхонаи онҳо омад. Алӣ нахост, ки эшон ӯро бубинад ва ба худ ҷои кори нав ҷуст. Акнун ӯ боғи калонеро дар пойтахт дар танҳоӣ мерӯфт. Худро дар ҳолати хуби варзишӣ нигоҳ доштан сангин буд, барои машқу хоб вақти кофӣ надошт. Эҳсос мекард, ки орзуи футболбози машҳур гаштан аз назараш дур шудан дорад.

Трансфер ва шартномаи 1
Ҳамон рӯзе, ки дилаш мондаву мехост футболро тарк кунад, бошгоҳ ғайричашмдошт бо Алӣ шартнома баст! -Бори аввал дар ҳаётам касе ба лаёқати ман бовар намуд, хеле зиёд ин лаҳзаро интизор будам – ба ёд меорад бо хушнудӣ Алиризо.
Дар «Нафт» Алӣ рушд ёфт, то майи с.2016 дар ин тим бозид-аввал дар дастаи ҷавонон ва баъд дар ҳайати асосӣ. Дар лигаи минтақавӣ ҳамроҳи тим нишони биринҷӣ гирифт. Чанде пас ба дастаи номдори «Персеполис» даъват шуд. Ҳамроҳи ин тим 2 унвон ба даст овард. Тавассути партофтҳои головараш ба масофаи дур (то 70 метр) маъруф шуд. Шуғли айёми кӯдакии ӯ-партофтани сангҳо ба масофаи дур акнун ба кор омаданд. Алиризо ба ҳайати дастаи миллии Эрон даъват шуд. Маҳз ӯ, на каси дигар, сазовори бо дастаи мунтахаб ба Чемпионати ҷаҳон-2018 рафтанро дошт. Зеро Алиризо дар 12 бозии интихобӣ аз дарвозаи худ ЯГОН гол сар надода буд...

Криштиану ва Алӣ-2
Тӯбро ба нуқтаи 11-метра гузошта, Криштиану чанд қадам ақиб рафт, чун ҳарвақта истод, нафас рост кард ва давид. Мухлисонаш дар саросари олам аз ҷо ба истиқболи голи ногузир бархостанд. Зарба, ҷаҳиш ва…олам хомӯш шуд. Тӯб дар оғӯши Алиризо буд. Хомӯширо фарёди ҳамватанон дар варзишгоҳ ва дар саросари олам шикаст. Дар Саробиёс аз чашмони хешовандони дарвозабон ва аз дидагони падараш ашки шодӣ рехт. Рӯи олам соҳибкасбон, журналистон ба ҷустуҷӯи посухи суолҳояшон пардохтанд: «Кист ин дарвозабон?!», «Аз куҷост ин маҳорат?!». Ба партофтҳои 70-метраи ӯ таваҷҷуҳ карданду аз тааҷҷуб хитоб намуданд: «Ӯ тӯбро бо дасташ аз он ки Нойер бо пояш мезанад, дуртар мепартояд!». «Дар 12 бозӣ ягон гол сар надодааст!». Ва номаш дар 1 феҳрист бо Давид дэ Хеа (дарвозабони «Манчестер Юнайтед» ва Испания) барои абад сабт гардид…

Умар АЛӢ
Махсус барои футболдӯстони СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter