Чуноне ки Sputnik Tojikiston хабар медиҳад, солҳои охир дорандаи нишони биринҷии Бозиҳои олимпии 2008 бо сабаби надоштани дастгирии молӣ дар мусобиқоти бузург ширкат намекард. Муддати дароз дар бораи дастгирии молии ин ё он ширкат сухан мерафт, аммо ҳамоно ин сарусадо дар сатҳи гуфтугӣ боқӣ мемонданд. Расул ҳама гуна овозаҳоро дар мавриди даст кашиданаш аз мусобиқаҳо рад кард. Бо вуҷуди ин, варзишгар тамринро дар маҷмааи варзишии "Самбо-70" таҳти мурабигии Павел Фунтиков давом дода, дар мусобиқаҳо дар вазни то 81 кг (қаблан 73) идома дод. Аммо барои иштирок дар сабқатҳои бузург шароити хуби тамрин ва маблағгузорӣ лозим буд, ки ҳалли худро наёфт ва Расул Боқиев ба тайёр намудани дзюдоистони ҷавон пардохт.
Маҷмааи омӯзишӣ-варзишӣ расман, Мактаби дзюдои Расул Боқиев ном дорад.
"Дар Мактаби мо барандаи нишони нуқраи бозиҳои олимпӣ, қаҳрамони чаҳоркаратаи ҷаҳон дзюдоист Александр Михайлин тамрин мекунад. Ҳадафи асосӣ —иштирок ва баромади шогирдонам дар сабқатҳои бузурги байналмиллалӣ ва ҷаҳонӣ мебошад. Аз рӯзи таъсиси мактаб зиёда аз 60 нафар варзишгар ин ҷо нозукиҳои дзюдо меомӯзанд", —изҳор доштааст Боқиев.
СССР