ХАБАРИ ДОҒ

КОМАНДАИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

  • Чоршанбе, Окт 03 2018


Мунтахаби наврасони зери 16 (U16) дар чемпионати Осиё Кореяи Шимолиро шикаст дода, ба Ҷоми Ҷаҳон баромад!!! Аммо то ин дам беш аз 5 сол ФФТ заҳмат кашид, то ин пирӯзӣ насиби Тоҷикистон гардад…

Шуруи бозсозӣ
Вақте ки Рустами Эмомалӣ ба садорати Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд, ҳамагӣ 25 сол дошт. Ва ин наврасоне, ки дирӯз дар Малайзиё марҳилаҳои гурӯҳиву чорякниҳоии Чемпионати Осиёро фатҳ карда, сазовори роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2019 ба Перу шуданд, нахустин гомҳои худро дар футбол мегузоштанд. Газетаи СССР дар 1 матлаби вежаи худ ин мавзуро пайгирӣ намуда буд ва такрор ҳам шавад, бори дигар мегӯем, ки он вақт аксари дастандаркорони соҳа ба муваффақ шудани Президенти ҷавон ва командаи ӯ шубҳа мекарданд.



 Нигоҳи тоза
Алорағми ин ҳама гумону шубҳаҳо, Рустам бо нигоҳу назари нав ва коргирӣ аз менеҷменти футболи муосир ба футбол ворид шуда, дар кӯтоҳтарин маврид муваффақ гашт, ки командаи худро созмон диҳад ва реформаи босуръати футболи ватаниро шуруъ созад.  Аввалин барномарезиҳои Президенти ҷавон аз таъмиру таҷдиди майдонҳои футболбозӣ, муосиру ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ гардонидани онҳо сурат гирифт. Рушди футболи кӯдакону наврасон бошад, зери таваҷҷӯҳи бевоситаи худи Президент қарор дода шуд.

 Дастаи наврасон


Дастаи наврасони зери 16 соли Тоҷикистон, ки имрӯз дар Қораи Осиё ҳангома барпо кардаву дар сархати расонаҳои варзишии осиёӣ қарор дорад, маҳсули заҳмати бештар аз 5-солаи ФФТ аст. Бо супориши бевоситаи роҳбарияти ФФТ ба роҳбарии он беҳтарин мураббиёни футболи кӯдакону наврасони кишвар, ки дар гузаштаи начандон дур мактаби футболи миллиро гузашта буданд, даъват шуданд. Зайниддин Раҳимов, Сафар Раҳмонов, Субҳон Хоҷамов аз шумули онҳое буданд, ки навакак карераи бозикунияшонро анҷом карда, пешаи мураббигариро интихоб кардаанд. Роҳбарии бевоситаи даста ба зиммаи Анваршо Мирзоев вогузор карда шуд. Ин ситод дар баробари ба наврасон омӯзонидани нозукиҳои футбол, таваҷҷӯҳи бештарро ҷиҳати дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбия кардани онҳо равона намуд. Зеро дарк намуданд, ки бе доштани ҳисси баланди миллӣ ва муҳаббату эҳтиром ба Ватану Миллат ба комёбиҳои баланд расидан ғайриимкон аст.

 Омодагиҳо
Мусаллам аст, ки то расидан ба ин муваффақияти бузург, даста марҳилаҳои зиёди омодагӣ ва ширкат дар мусобиқаҳои расмии байналмилалиро пушти сар кард. Барои даста дар дохилу хориҷи кишвар ҳамасола ҷамъомадҳои зиёди омӯзишиву машқӣ ва бозиҳои санҷишиву дӯстона ташкил карда шуданд. Интихоби бозингарон ба ҳайати даста низ ба таври дастаҷамъона роҳандозӣ шуд. Ба даста беҳтарин бозингарони наврас ҷалб шуда, иштироки онҳо дар як ҳайати воҳид дар бошгоҳи футболи “Локомотив-Помир”, дар лигаи якуми Тоҷикистон таъмин карда шуд. Роҳбарияти ФФТ барои гузаронидани тамринҳои даста дар хориҷи кишвар тамоми шароитҳоро фароҳам овард.

 Шикаст дар бозии аввал
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон баромади худро дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё бо шикаст оғоз намуд. Наврасони мо дар бозии даври ифтитоҳӣ аз дастаи соҳибони майдон-мунтахаби Малайзия бо ҳисоби бузурги 6:2 шикаст хӯрданд. Баъди ин бохт, фикр мекунам, тамоми мухлисони футболи ватаниро маҳзуну дилшикаста намуд, дигар касе ба муваффақияти даста бовар надошт, илло худи онҳо. Шахсан бо роҳбари ҳайати намояндагии даста, Раиси Федератсияи футболи ш.Душанбе Анваршо Мирзоев тавассути вайбер сӯҳбати кӯтоҳе доштам. Чун дар ҷамъбасти суханаш ӯ гуфт, ки “Ғамгин набош, Худо хоҳад мо аз гурӯҳ мебароем”, фикр кардам, ки Анваршо ҳам худ ва ҳам маро дилбардорӣ мекунад. Вале, баъди ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфтани наврасонамон ба рӯҳияи қавӣ ва шикастнопазир доштани ин шербачаҳо боварам даҳчанд шуд.

 Роҳ ба суи ояндаи нек
Дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ наврасони Тоҷикистон бо Ҷопон, ки фикр мекунам аз пурқувваттарин дастаҳои мусобиқа аст, мусовӣ карда, умеди мухлисонро андаке ҳам бошад баргардонид. Дар бозии даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳӣ наврасони Тоҷик дастаи дигари фаворити мусобиқа – наврасони Таиландро шикаст дода, ба даври чорякниҳоӣ баромаданд. Браво!!! Дар даври чорякниҳоӣ тоҷикбачаҳои шуҷоъ наврасони Куриёи шимолиро, тавассути зарбаҳои пеналтӣ аз мусобиқа берун карда, на танҳо ба даври ниманиҳоӣ баромаданд, балки сазовори роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2019 ба давлати Перу шуданд. Ин ғалаба ва ин муваффақиятро мухлисони футболи ватанӣ 12 сол интизор буданд.

Браво Рустам, офарин Шоҳрух
Аҳсант Акаи Анваршо, Акаи Зайниддин, Сафар, Субҳон!!! Мо аз шумо ифтихор мекунем, наврасони ба дилу гурдаи Тоҷик!!! Дасти ҳайати хидматрасони команда дард накунад!! Ғалаба муборакамон бод, ҳамкорони гиромӣ!!!
Командаи Рустами Эмомалӣ умеди аудиторияи калони мухлисони футболи Тоҷикро ба ояндаи дурахшон бозгардонид!!! Аҳсант!!! Респект!!!  Мо Метавонем!!!

 Табрикоти президентӣ
Баъди ба Ҷоми ҷаҳон-2019 роҳ ёфтани мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки орзуву умеди якояки мову шумо буд, Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ҳайати дастаро бо самимияти хос муборакбод гуфт, ки матни пурраи онро ин ҷо пешкаши хонандагони СССР мегардонем:


“Аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро бо сарварии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ба муносибати анҷоми муваффақонаи вазифаи дар наздаш гузошташуда - роҳ ёфтан ба Ҷоми ҷаҳон-2019 байни наврасони зери 17 сола, ки моҳи октябри соли оянда дар давлати Перу баргузор мегардад, сидқан муборакбод мекунам. Ахиран, фурсате фаро расид, ки мо аз аввалин самараи кори худ баҳрабардор шавем. Мехоҳам, сидқан ба бозингарон, ситоди мураббиён ва маъмурияти даста, барои фаъолияти босифат ва касбияшон изҳори сипос намоям. Бачаҳо бо талошу кӯшишҳои зиёд, бо латбардориву дардҳо, пуртоқативу мардонагияшон тавонистанд, ки ба худ ва ба тамоми мардуми Тоҷикистон шодиву нишот ҳадя кунанд. Аҳсант ба даста!!! Барои кишвари худ ҳамин тавр бояд мубориза кард!! Ташаккури зиёд, ба ҳамаи онҳое, ки дастаро ҷонибдорӣ карданд! Ба дастаи мунтахаби наврасонамон дар бозии ниманиҳоии чемпионати Осиё-2018 барору комёбиро таманно мекунам!”

Нуралӣ Хоркашев
махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter