ХАБАРИ ДОҒ

Акмал қаҳрамони ман аст!

  • Панҷшанбе, Дек 20 2018


Салому дуруди пурмеҳр ба аҳли эҷоди тими СССР-и азиз ва кулли хонандагон ва мухлисони ҳафтаномаи серхонандатарин дар ҷумҳурӣ ва берун аз он! Шаби 6.12.2018 дар ТВ Варзиш барномаеро оид ба ҳаёт ва фаъолияти варзишии паҳлавон, самбочии далери Тоҷик Акмалиддин Каримов дидаму ба 3 чиз қоил шудам:
1.Ба профессионализми журналистони ТВ Варзиш, бо роҳбарии гуруҳи эҷодии барнома Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ ва ба ин гуруҳи эҷодӣ, ки тавонистанд самбочии муваффақи Тоҷикро муаррифӣ кунанд! Аҳсан ва офарин! Онҳо Тавонистанд, зеро гавҳаршиносанд!
2.Ба паҳлавон-самбочии шинохтаи Тоҷик Акмалиддин қоил шудам, зеро ӯ новобаста аз синну соли ҷавонӣ (28 сола!) аллакай беш аз 10 маротиба ҷоизадори мусобиқаҳои гуногуни ҷаҳонии самбо будааст. Дар байни наврасон ва ҷавонон ҷои 1-ум ва ҷойҳои 2-у 3-юм дар байни калонсолон. Зиёда аз 6 бор ҷоизадори ҷойҳои 1-у 2-юм ва 3-юми Бозиҳои Осиё, 14 карат чемпиони ҷумҳурӣ! Аҳсан, Акмалиддинҷон! Ифтихор аз ин самбочии Тоҷик ва аз дастовардҳои варзишии ӯ кардам! Новобаста аз он, ки ҷоизадори медали тиллои самбо дар байни калонсолон нашудааст, медалҳои нуқраю биринҷии ба даст овардаи ӯ қиматтар аз тиллост. Медали тилло нагирифтани ӯ аз номардии доварон аст. Ӯ барои ман чемпион аст! Акмалиддин ҳоло ҷавон аст ва Худо хоста бошад, дар сабқатҳои ояндаи ҷаҳонӣ соҳиби медали тилло гардад. Чунки ӯ низ Метавонад! Ба Акмалиддин гуфтаниям. Модарашро Худо шифо ато кунад, падарашро Худо раҳмат кунад.
3.Доварони сабқатҳои ҷаҳонии самбо аз диди ман-мухлиси ашаддии гӯштин, нисбати самбочиёни Тоҷик ноҳаққӣ ва номардиро раво мебинанд... Ин нуктаро дар ин барнома устод Маҳмадшариф Сулаймонов, устод Давлатхӯҷа Раҳимов ва худи Акмалиддин низ гуфтанд, ки доварон нисбати самбочиёни Тоҷик номардӣ ва мафиябозӣ мекунанд. Афсӯс аз он мехӯрам, ки мо Тоҷикон дар Федератсияҳои гуштинҳои ҷаҳонӣ ягон намоянда ва дастгир надорем, ки оид ба ноҳаққиҳо овоз барорад ва баҳс кунад. Новобаста аз мушкилиҳо ба ояндаи варзиши Тоҷик хушбинам. Дар кадом як шумораи СССР хонда будам, ки сармуҳаррир Сайёфи Мизроб мегуфт: "Асри 21 асри мо Тоҷикон аст!!!" Чаро не???

Мирзоназар Шарифов,
иқтисодшинос, н.Ёвон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter