ХАБАРИ ДОҒ

 

Воқеан ҳам, танҳо дар Кӯлоб ман фаҳмидам, ки Бузургтарин Тренери Тоҷик, ки Шарафи Футболи Миллиро бар боми ҷаҳон такя додааст, яъне Зайниддин Раҳимов, то ҳол ...хона надорад!!! Фикр мекунам, ин “хатои сиёсӣ”-ро ҳатман ФФТ ислоҳ мекунад ва тренери №1 дар Душанбе соҳиби манзили зист мешавад. Мо Метавонем!!!

Ҷоми №1
Ёдам ҳаст, моҳи октябри 2008, баъди оне, ки дастаи наврасони зери 16-сола (U16) дар ш.Тошканд бо ҳисоби бузург шикаст хӯрд, тасмим гирифтам, сабқати умумиҷумҳуриявиро миёни наврасон роҳандозӣ кунам. Зеро масъулин гуфтанд, ки набуди чунин мусобиқа наврасонро заъиф кардааст. Бо дархост ба президенти ФФТ, генерали маъруфи Тоҷик-Сӯҳроб Қосимов баромадам. Розӣ шуд. Сипас бо Маликшо Неъматов-он замон Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ маслаҳат кардам, 100% ҷонибдор шуд ва худи ҳамон сол, ҳини таътили тирамоҳии атфол, Ҷоми нахустини СССР оид ба футбол миёни наврасони зери 15-сола (U15) роҳандозӣ шуд ва оҷилан самар дод: Соли дигар ҳамин кӯдакон, ки ба 16 расиданд, бо амри тақдир боз бо ӯзбекбачаҳо во хӯрда, ҳамсолони тошкандии худро шикаст доданд! Мо Метавонем!

Соҳибҷомон!!!
Ҷоми нахустинро дастаи наврасони Вахши Қурғонтеппа соҳиб шуд. Бояд гуфт, ки Ҷоми ахирин, яъне №9-ро низ онҳо соли пор гирифта буданд. Ба ҳамин тартиб, Ҷоми СССР 2 бор насиби Вахш, 3 бор ба коми МҶМОВ-РШВСМ ва 4 карати дигар моли ҳалоли Равшани Кӯлоб шуд... Дар ҷамъ РШВСМ ва Равшан беш аз ҳама, яъне 7 бор барандаи ин Ҷом шудаанд. Пештоз бубояд гуфт, ки МҶМОВ имсол шонс ёфт, ки Ҷомро бори 4-ум соҳиб шудаву ҷои рекордсмени сабқат-Равшанро тангтар кунад. Боз дар ҳоле, ки ҳар 2 тими пурқуввати кишвар ин бор низ дар финал дидор карданд. Аммо дар ин бора баъдтар мегӯем. Мо Метавонем!

Финали пурқурбонитарин!!!
Ҳама бозиҳои финалии Ҷоми СССР дар сатҳи баланд ва пурҳаяҷон мегузаранд. Аммо ба таҳқиқ, финали Ҷоми СССР-2016, ки дар он ҳарифони якумрӣ ва рақибони абадӣ-Равшану Истиқлол вохӯрданд, сахттарин ва пурқурбонитарин буд! Наврасони ин 2 даста, ки аз “душмании варзишӣ”-и калонсолонашон дарак доранд, чун шеру бабрҳои биёбон ба майдон баромадаву 2 қисмат задухӯрд карда, 2-голӣ ба дарвозаи ҳам заданд. Аммо дар дақиқаи иловагии қисмати охирин Истиқлол қоидаро вайрон карду довар 11-метра таъин намуд... Ва Равшан-чемпион!!!

Ҷоми №10


Бо ибтикори фардии президенти ФФТ, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ, дастгирии бевоситаи Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, мӯҳтарам Аҳтам Абдуллозода, ашхоси хайрхоҳе чун Шералӣ Кабиров, Қаландар Одинаев, Шоҳрух Саидзода, ветеранҳои Равшани Кӯлоб ва дигар дӯстони газетаи мардумӣ, Ҷоми юбилейӣ дар Кӯлоб баргузор гардид. Ва мегӯям чаро?
Зайниддин Раҳимов-тренери футболистони U16, ки ин сол то финали Ҷоми Осиё бачаҳоро бурдаву роҳхат ба Чемпионати Ҷаҳон миёни наврасони зери 17-соларо дар Пэру ба дасти мо қаппонд, аз ман хоҳиш кард, ки ин бор Ҷоми СССР дар Кӯлоб баргузор шавад ва афзуд:
-Сайёфҷон, чандин сол аст, имкони ба ватан рафтану хешу табору падару модарро зиёрат карданро надорам. Зеро вақт нест. Бо баҳонаи Ҷом, Кӯлобро бинам...
Зайниддин аз тренерҳои аршади миллист ва хоҳиши ӯро иҷро кардан ба мо ҳам фарз асту ҳам суннат. Зимнан Ҷомро ба Кӯлоб бурдам. Воқеан ҳам, танҳо дар Кӯлоб ман фаҳмидам, ки Бузургтарин Тренери Тоҷик, ки Шарафи Футболи Миллиро бар боми ҷаҳон такя додааст, яъне Зайниддин Раҳимов, то ҳол ...хона надорад!!! Фикр мекунам, ин “хатои сиёсӣ”-ро ҳатман ФФТ ислоҳ мекунад ва тренери №1 дар Душанбе соҳиби манзили зист мешавад. Сари мавзуъ бармегардем. Мо метавонем!

160 йигити ман!!!
Аз сартосари кишвар 8 даста, бо шумули 160 навраси зери 14 сола (U14) ба Кӯлоб омаданд. Оре, ин бор тасмим шуд, 13-14 солаҳо сабқат кунанд. Доираи сабқат васеъ гардид ва аз Панҷакенти бостонӣ, 2 даста аз Душанбе, Шаҳринаву Турсунзода, Қурғонтеппа, Восеъ ва 2 дастаи дигар аз Кӯлоб ба Ҷом пайвастанд. Бозиҳо тунду тез ҷараён гирифтанд, вале аз гурӯҳ 4 даста ба нимфинал роҳхат ёфт. Инҳо, МҶМОВ, Равшан (аз ҷои аввал) ва Панҷакенту Душанбе (Энергетик) аз мақоми 2. Рӯзи шанбеи 15.12.2018 бозиҳо барои дарёфти роҳхат ба финал сурат гирифтанд. Равшан бар Энергетик ва МҶМОВ бар Панҷакент пирӯз шуд...

Финали юбилейӣ
16.12.2018. Соат ба вақти СССР 10:20 дақиқа. Панҷакент бар Энергетик бо ҳисоби минималии 1:0 дастболо шуда, соҳиби медали биринҷӣ ва ҷои 3 гардид.
16.12.2018. Соат ба вақти СССР 12:00. Равшан дар қисмати аввал ба дарвозаи дастаи Зайниддин Раҳимов 4 голи бепосух зад. Дар қисмати дуввум Зайниддин 4 нафарро иваз карда, риштаи бозиро ба даст гирифт. Аммо шогирдонаш 2 гол беш зада натавонистанд ва бо ҳисоби 4:2 Равшан бори 5-ум соҳиби Ҷоми СССР шуд.

Вежагиҳои Ҷоми СССР
Ин мусобиқа чанд вежагӣ дорад, ки дар ягон сабқати дигар нест:
1.    Барои сухани бад дар нисбат ба ҳариф (дашном, ҳақорат, таҳқир) довар оҷилан корти зард медиҳад!
2.    Дар сурати такрори дашном-корти сурх!
3.    Шиор дорад: Мо Метавонем!!!
4.    Ҳама иштирокдорон новобаста аз ҷои гирифтаи даста ҳатман ягон мукофоте мегиранд…
Мо Метавонем!!!

С. Мизроб
Махсус барои футболдӯстони СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter