Ҳар нафаре дишаб хобро қурбонӣ кард, ба мақсадаш расид. Зеро беҳтарин спектакли футболиро дар тайи, ҳадди ақалл, 10 соли ахир дид! Басаҳнагузори ин спектакл Юрген Клоппи «очкарик» ва 11 актёраш аз Ливерпул буданду театр-Энфилд…
Шояд касе пурсад, Барселонаву Мессии олиҷаноб+10 шогирдонаш ба ҳайси кӣ буданд? Ба ҳайси шабаҳҳое, ки ин спектаклро оро медоданд, яъне декоратсия…
Оғози ҷанги бузурги футболӣ
Ливерпул дар ин ҳайъат ба саҳна баромад:
Алиссон, ван Дейк, Матип, Робертсон (Вейналдум 46), Александер-Арнолд, Фабинйо, Милнер, Ҳендерсон, Оригӣ (Гомес 85), Мане, Шакирӣ (Старридж 90)
Режиссёр: Клопп Юрген.
https://www.soccer.ru/news/1116363/liverpul-barselona
Барселона бошад дар ин ҳайъат ба саҳнаи театрӣ омад:
тер Штеген, Ленгле, Пике, Алба, Роберто, Ракитич (Малком 80), Бускетс, Коутинйо (Нелсон Семеду 60), Видал (Артур Рамос 75), Суарес, Лионел Месси
режиссёр: Валверде Эрнесто.
Подробнее: https://www.soccer.ru/news/1116363/liverpul-barselona
Ҳанӯз бо ҳуштаки довар ба оламиён маълум гардид, ки бе Рустами Достони Ливерпулӣ-Муҳаммад Саллоҳи захмин ва Сӯҳроби Яли Бразилия-Фирминйо низ лашкари Клопп ҳатман пирӯз меояд. Фишори онҳо дар дақиқаи 7-ум бо голи зебои пиёданизом-Оригии 19 сола хатм шуд.
Армияи Мессӣ, ки кайҳо аз 1 генерал ва он ҳам Мессӣ муттаҳам аст, бар ҳуҷуми дафъатӣ гузаштанд то голе зананд, аммо куҷо!!!
Гаронарзиштарин дарвозабони давру замона-Алиссон Беккэр ҳама зарбаву талошҳои ишонро ба 0-сифр баробар кард. Ва бо ҳамин дастаҳо ба истироҳат-машварати ҷангӣ рафтанд…
Саллоҳу Фирминйо чӣ лозим? Виналдум ҳаст!!!
Дар қисмати 2-и намоишномаи олитарини футболӣ, Клоппи зирак, ба ҷои Робертсони ҷароҳатбардошта, Виналдумро сар дод. Сар дод? На, ПАРррр дод!!!
9 дақиқа баъди майдондорӣ Виналдум голи 2-и Ливерпулро зад. Мессиву Суареси дандонгазаку Ракитичи мутаҳаййир ва Артуро Видали «индеец» бо Пикэи беҳамто ба худ наомада, ҳамин Виналдум бо сараш тӯбро ба кунҷи дигари тер Штенгери немис равон карда, ӯро паём дод, ки;
-Гитлер капут!!!
Яъне Мессӣ капут!!!!!!!
Голи тамасхуромез аз Алекс-Арнолд&Оригӣ
Ва аммо кадом трагедия бе комедия мешавад? Ин трагикомедия низ муаллиф дошт. Зимнан голи охиринро чун мехи ахирин бар гроби Барселонаи нозанин, Александер-Арнолд тани танҳо таъсис дод. Дар дақиқаи 79-уми бозӣ, ки тӯби кунҷӣ таъин гардид, ӯ вонамуд кард, ки зарбаро бар зиммаи Шакирӣ мегузорад ва чанд қадам аз тӯб дур шуд. Ин моҷароро дида, хатти муҳофизати олиҷаноби Барса лаҳзае «ҳушёрии сиёсӣ»-ро аз даст дод. Ҳамин сония кофӣ буд, ки Арнолд баргашта давида омада тӯбро рост ба кафи пои Оригӣ фиристад. Зарбаи ҷонкоҳ аз тақрибан 3 метр ва ҷаррасти Барселонаву Тен Штейгеру Мессиву ҷумла акётрони испанӣ баромад:
4:0
Ва Барселона капут!!!
Ҳар нафаре ин шаб хобид, то рӯзи қиёмат пушаймон холҳад монд, ки чаро ин бозӣ, ин ҶБФ, ин ҳарб ва ин спектаклро надид. Мо дидем. Мо метавонем!!!
Ғалаба муборак, Ливер!!!!!!!
С. Мизроб
Махсус барои футболдӯстдорони СССР