Абдулмуъмин Ҳалимов, сарвари "Осоишгоҳи Зумрад" варзишгарони номӣ, ғолибони имсолаи мусобиқа оид ба бокси касбӣ-«РМК Боксинг Промоушен» Асрор Воҳидов ва Муҳаммадҷон Ёқубовро ба ҳузур пазируфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки ҷомеаи меҳнатии «Осоишгоҳи "Зумрад" дар қатори дигар сокинони шаҳру деҳоти Исфара аз муваффақиятҳои пайвастаи онҳо сарбаланд ва ифтихорманд буда, минбаъд ҳам омодааст варзишгарони умедбахшро дар ҳаллу фасли ҳамагуна масъалаҳои вобаста ба таъминоти моддиву маънавӣ дастгирӣ намояд. Дар ин бора ба мухбири СССР дар маркази матбуоти раиси ш.Исфара хабар доданд.
Маврид ба зикр аст, ки таърихи 2-юми ноябр Асрор Воҳидов, чемпиони сабуквазни ҷаҳон (дар вазни 48 кг)-и соли 2011 миёни наврасон, Устоди дараҷаи байналмилалӣ дар мусобиқа оид ба бокси касбӣ-«РМК Боксинг Промоушен», ки дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия баргузор гардид, намояндаи Федератсияи Россия Андрей Федортсовро шикаст дода, соҳиби унвони қаҳрамон дар вазни то 55, 2 кг. гардид.
Ифтихори дигари мардуми Исфарамарз варзишгари ҷавону умедбахш Муҳаммад Ёқубов бошад, бо варзишгари Мексика Абрахам Монтоя дар вазни то 59 кг. қувваозмоӣ намуда, унвони қаҳрамони худро дар бахши WBC International бори сеюм бо муваффақият ҳифз намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки вакили Маҷлиси вакилони халқи ш.Исфара, сарвари «Осоишгоҳи Зумрад» Абдумуъмин Ҳалимов мудом ҷавонони соҳиблаёқату боистеъдоди шаҳру деҳоти Исфараро чӣ дар таҳсил, чӣ дар мавриди азхудсозии касбу ҳунар ва чӣ дар варзиш ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Варзишгарони шаҳр, аз ҷумла Асрор Воҳидов ва Муҳаммадхӯҷа Ёқубов низ ҳамешагӣ аз чунин кӯмаку ғамхориҳои сарвари «Осоишгоҳи Зумрад» бархӯрдоранд.