Илёсиддин Тешаеви 17 сола, ки дар мусобиқот оид ба дарёфти Ҷоми Россия аз рӯи намуди панкратион рӯзҳои 27-30 сентябри соли равон ба дарёфти мақоми авввал шарафёб ва ба ҳайати дастаи мунтахаби Россия шомил гардида буд, дар Чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди панкратион, ки рӯзҳои 15-17 ноябр дар ш.Рим (Италия) сурат гирифт, пирӯзӣ ба даст овард.
Ӯ 10 майи соли 2002 дар деҳаи Ворухи ш.Исфара таваллуд ёфта, аз соли 2015 инҷониб дар ш.Липетски Федератсияи Россия якҷо бо аҳли оилааш зиндагӣ дорад, хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи №38-и ш.Липетск мебошад.
Шавқу ҳаваси Илёсиддин ба варзиш ҳанӯз ҳангоми кӯдакияш зуҳур карда, аз синни 7 то 13 солагиаш дар толори варзишии ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ»-и ш.Исфара асрори гуштини тарзи озодро омӯхта буд. Аз соли 2015 инҷониб дар Маҷмааи варзишии «Динамо», дар мактаби варзишии ҳунарҳои размии Воротинтсев Игор Николаевич аз рӯйи намудҳои муҳорибаи тан ба тан, панкратион машқу тамрин мекунад.
Маҳз бо шарофати азму иродаи қавӣ ва тамринҳои доимӣ дар 1 муддати кӯтоҳ тавонист, ки маҳорати варзишии худро таҳти назари устодони варзиш, Чемпиони Россия оид ба карате Алихон Умаров ва мураббии худ Игор Воротинтсев такмил бахшад ва байни варзишгарони муваффақи вилояти Липетск мақоми худро пайдо намояд.
Моҳи январи соли 2016 дар мусобиқоти муҳорибаи тан ба тан дар ш.Липетск баъди пирузии севвум дасти ӯ шикаст ва Илёсиддин бо дасти шикаста дар финал ҳарифашро мағлуб кардаву пирӯзӣ ба даст овард ва дар 1 вақт соҳиби медали тилло ва ҳам Ҷоизаи махсус «Барои ҷасорат» гардид.
Моҳи феврали соли 2016 Қаҳрамони мусобиқоти муҳорибаи тан ба тани Ҳавзаи Федеролии Марказӣ гардида, ибтидои моҳи марти ин сол Қаҳрамони вазни 40 кг-и вилояти Липетск оид ба панкратион ва 17- 20 марти соли 2016 Қаҳрамони Ҳавзаи Марказии Федеролии Русия аз рӯйи ин намуди варзиш байни наврасон шуда буд. Моҳи январи соли 2017 Илёсиддин Тешаев Қаҳрамони вазни 46 кг- и варзиши тан ба тани наврасони то 15 солаи вилояти Воронежи Русия шуд.
Моҳи марти соли 2017 низ ӯ ба дарёфти мақоми Қаҳрамони Ҳавзаи Марказии Федеролии Русия оид ба панкратион ва додари ӯ Диловар Тешаев ба гирифтани ҷойи дуввум ноил гардиданд. Моҳи феврали соли 2018 ӯ дар мусобиқаи панкратиёни наврасони вилояти Липетск 3 ҳарифи худро дар 1 муддати кӯтоҳ ва бо усули дард додани даст шикаст дода, ҷои аввалро гирифт ва дар мусобиқоти варзишӣ дар вилояти Тамбов низ пирӯз гардид.
Илёсиддин Тешаеви ахиран моҳи сентябри соли равон дар мусобиқот оид ба дарёфти Ҷоми Россия аз рӯи намуди панкратион ба дарёфти мақоми авввал шарафёб ва ба ҳайати дастаи мунтахаби Россия шомил гардида, дар Чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди панкратион, ки давоми рӯзҳои 15-17 ноябр дар ш.Рим (Италия) сурат мегирад, ба пирӯзӣ расид.
/
Ҷ.Мақсуд