Ҳамаи варзишгарони тоҷике, ки дар Олимпиадаи тобистонаи Токио-2020 Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ карданд, муҳорибаву мусобиқаҳои хешро ба анҷом расонида, бидуни медали олимпӣ ба Ватан меоянд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Олимпиадаи тобистонаи Токио-2020 10 нафар варзишгар сафар карда буданд. Яке аз варзишгароне, ки мардуми кишвар ба ғолибияти ӯ бештар аз ҳама умед дошт, варзишгар Гулсумбӣ Шарифова бинобар бардоштани лат ҳангоми тамрин аз ширкат дар Олимпиада маҳрум гашт.
Нахустин шуда, дар Ҷопон дар марҳилаи 1/16 муштзани тоҷик Шаббос Неъматуллоев шикаст дид. Пас аз ӯ ҷудокорон яке пайи ҳам шикаст хӯрданд. Дар 1/16 рӯзи 26.07.2021 Сомон Маҳмадбеков аз ҳарифи озарбойҷонияш шикаст хӯрд. Рӯзи 27.07.2021, Акмал Муродов дар набард бо намояндаи Гурҷистон дар марҳилаи интихобӣ мағлуб шуд.
28.07.2021 Комроншоҳ Устопириёнро варзишкори фаронсавӣ аз идомаи рақобатҳо маҳрум сохт. Дар марҳилаи интихобӣ ҳамчунин муштзани гаронвазн Сиёвуш Зухуров аз ҳарифи фаронсавияш мағлуб шуд. Темур Раҳимов низ пас аз 1 пирӯзӣ рӯзи 30 июл дар даври 1/16 ниҳоӣ аз варзишгари гурҷӣ мағлуб шуд.
Худи ҳамон рӯз, шиноварони тоҷик низ Олимпиадаро тарк карданд. На Анастасия Тюрина ва на Олимҷон Ишанов натавонистанд аз даври интихобӣ берун шаванд.
Субҳи 31.07.2021 ҳам барои мухлисон аз Токио хабари хуш наомад: варзишгарон охирин шонси дастёбӣ ба медалро аз даст доданд. Муштзан Баҳодур Усмонов аз варзишгари ӯзбек мағлуб шуд ва давандаи тоҷик Илдар Аҳмадиев натавонист аз варзишгарони африқоӣ дар давидан ба масофаи 100 метр пеш гузарад.
Тамоми варзишгарони тоҷик бо навбат тап-тап уфтода, «Муҳим на медал, муҳим иштирок!»-гӯён ба Ватан бармегарданд. Ин Олимпиада ҳам бори дигар исбот намуд, ки варзишгарони мо ҳанӯз ҳам барои рақобат дар сатҳи ҷаҳонӣ омодагии хуб надоранд, тайёрии онҳо, ки 1 сикл-4 сол аст (аз Олимпида то Олимпиада) дуруст ба роҳ монда нашудааст ва аз ҳама муҳим кӣ ва кадом ниҳод барои ин бохт посух хоҳад гуфт!?
Дар ҳошияи Олимпиадаи Токио-2020 Олимҷон Муҳаммадзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ дар мавриди истифода ва талаффузи дурусти калимаи «дзюдо» мубоҳисаронӣ карда, гуфтааст, ки “ҷудо” дуруст буда, “дзюдо”-ву дигар гузинаҳо дуруст нестанд.
- Ҷудо калимаи ҷопонӣ аст ва худи ҷопониҳо онро “ҷудо” талаффуз мекунанд. “Дзюдо”-ро мо аз забони русӣ гирифтаем. Азбаски дар забони русӣ ҳарфи “ҷ” нест, калима тағйир кардааст, аммо дар забони русӣ нишастааст. Мо имкон дорем, ки аз забони асл гирем, - гуфтааст раиси Кумита.