ХАБАРИ ДОҒ

 (Памфлет)

Дар даврони дури гушнагӣ, Тоҷикон аз варзиш ва Олимпиада онгуна дур буданд, ки вақте аз Бобои Ғулом мепурсидӣ, “Олимпиада чӣ маънӣ дорад?”, бо кибру ғурур бар донишмандияш мегуфт:

-Э, содае, ҳаминро ҳам намедонӣ? Олим пиёда меравад, зимнан Олим...пиода мегӯянд дар тоҷикӣ онро!!!

Кумитаи олимпии Тоҷикистон бо коргузорияш бори дигар собит сохт, ки мо аз Олимпиада ҳамон фосила дур рафтаем, ки Бобои Ғулом дар солҳои 1950 фосила дошт…

Ширкат муҳим!!!

Агар гӯем, дар ин Олимпиада, ки ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ рост омад, шарманда шудем, чизе нагуфта бошем. Зеро мо муваззаф будем, ақаллан ба чорякфинал бароем. 1 медали бигзор биринҷӣ ҳам бошад, кор кунем. Зеро ҷашн доштем!!! Вале бо гузашти 30 соли истиқлолият ва ура-рапортҳои барзиёд пеши сарвари давлату ҳукумати марказӣ ва миллати шарифи тоҷик, Олимпиадаи Токио мушаххасан маълум кард, ки мо дурӯғ мегуфтаем.

Шиори «Муҳим ширкат аст-на ғалаба!!!»-шиори тарсуҳо, дурӯғгӯйҳо ва афродест, ки миллион сомониро харҷ кардаву ба сари ҳукумат кулоҳ мегузоштанд. Олимпиада агар ғалабааш муҳим намебуд, абарқудратҳо барои ҳар медал 200-300 ҳазор долларӣ маблағи саргармкунанда ҷудо намекарданд!!!

Тоҷикистон аз ҳама охир

Ине, ки мо дар ҷои ифтихории 190-ум миёни 206 кишвари олам қарор гирифтем, 1 дард аст. Мо дар мобайни давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама охир шудем. Доду бедод, агар масъулини кумитаи олимпӣ ҳоло ҳам баҳона ҷӯянду истеъфо нараванд. Рӯ меорем ба феҳристи ҷумҳуриҳои ОМ:

1.Ӯзбекистон-5 медал (3 тило!!!)

2.Қирғизистон- 3 медал (2 нуқра ва 1 биринҷӣ)

3.Туркманистон- 1 медали нуқра

4.Қазоқистон - 8 медали биринҷӣ

5.Тоҷикистон - 0 медали тило, 0 медали нуқра ва 000 медали биринҷӣ…

Ва аз ҳама муҳим. Медонед мо чаро дар зинаи ифтихории 190 қарор дорему дар ҷои охирини 206 не? Зинда бод Алифбои лотинӣ!!!

Тоҷикон ва Олимпиада

Ва аммо мо на ҳамеша чунин будем!!! Тоҷикистон сар аз соли 1996 дар Олимпиадаҳо зери парчами худ баромад мекунад. 4 сол қабл аз ин Андрей Абдувалиеви тоҷик, ки зери парчами СНГ ҷавлон дошт, дар Барселона-1992 соҳиби медали тилло шуда, онро ба Душанбе овард! Таври маълум баъдан ӯро Ӯзбекистони ҳамсоя бо медалаш харида бурд. Тӯли 40 сол бошад, 1952-92 РСС Тоҷикистон зери парчами СССР баромад мекард ва қаҳрамонҳову барандаҳои медали олимпӣ бисёр дошт, мисли Юрий Баранов, Зебуннисо Рустамова…

Дар Олимпиадаи Атланта-1996, Сидней-2000, Афина-2004 мо ноком будем. Вале на ба ин ҳадде, ки имрӯз. Зеро варзишгарони мо маҳорати хуб нишон дода буданд.

Дар Пекин-2008 соҳиби 2 медал шудем. Расул Боқиев барандаи биринҷӣ ва Юсуф Абдусаломов нуқра гардид. Воқеан ҳам Юсуф «спортсмен-зархарид» буд, ки дар ин хусус баҳси алоҳида аст. Зеро аксарияти кишварҳо варзишкорони олимпиро харидорӣ мекунанд. Фарзи мисол, 50% олимпичиёни Ӯзбекистон «зархарид» буданд. 1 танашро Тоҷикон хуб мешносанд. Ҳамон Элнури қазоқе, ки боксёри мо-Баҳодурро шикаст дод!!!

Дар Лондон-2012 Мавзуна Чориеваи беҳамто соҳиби медали биринҷӣ шуд, ҳарчанд агар довар «подсудит намекард», бояд тило мегирифтем!

Рио-де-Жанейро бошад ба Тоҷикистон дар симои Дилшод Назарови Таҳамтан нахустин тиллои олимп овард…

Деградатсияи олимпӣ

Мутахассис нестам. Ҳарчанд олимпиадаи ахир нишон дод, ки дар ин кумита низ касбиён каманд. Вале дар соҳа реформаи ҷиддӣ лозим аст. Бас кунед, эй мардум, нишон додани вагон-вагон медали тилову нуқраро пеши ҳукумати марказӣ ва миллат. Худ медонед, ки ин медалҳо аксаран аз он навъи варзишанд, ки ба Олимпиада шомил нестанд. Пас чӣ даркор мардумфиребӣ?

Ба варзиши навъи олимпӣ бояд бештар таваҷҷӯҳ кард ва ҲАТМАН аз «зархаридони олимпӣ»  корбаст намуд. Ин кори айб нест! Надонистани муҳимияти ин кор айб аст. Ай-яй-яй… ва инро ман ба шумо не, ки ҳамсоякишварҳо ба ҳамаи мо мегӯянд…ай-яй-яйи олимпӣӣӣ…

 

М.Мубориз, 

махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter