ХАБАРИ ДОҒ

6 руйдоди бузурги 6 соли охири футболи тоҷик

  • Чоршанбе, Янв 25 2023

   Инак, 6 сол мешавад, ки Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ вазифаи пурмасъулияти давлатии Раиси ш.Душанберо иҷро менамояд. Дар давоми ин 6 сол, зери роҳбарии Раиси ҷавон ва тими у, дар пойтахти кишвар, ҳазорон тағйироти назаррас ба амал омад. Ҳазор барномаи ҷадид роҳандозӣ шуд ва Душанбе, куллан симову тарҳашро дигар намуд. Зеботар гашт. Худоро шукр, ки мо худ ҳар рузи дигаргунии босаодати онро мебинем, аз ҳавояш осуда нафас мекашем ва муҳимтар аз ҳама, дар канораш амну амон зиндагӣ дорем. Сипос ба Шаҳриёри ҷавон ва тими у!

    Зимнан, гуфтан бамаврид аст ки дар ин шаш соли охир, яъне дар давраи вазифаи Раиси ш.Душанберо иҷро кардани Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар футболи тоҷик рӯйдодҳои бузурге ба вуқуъ пайвастанд, ки агар бигуем барои амалисозияшон дар шароити имрузӣ 60 сол басанда нест, заррае муболиға накардаем. Ва дар зер аз шаш рӯйдоди намоёни шаш соли охири футболи тоҷик ёдовар мешавем. Агарчӣ, онҳо ба карат бештаранд.

1. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба вазифаи роҳбари Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) интихоб шуд ва қароргоҳи Созмон дар Душанбе таъсис ёфт.

2. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Осиё аз ҷои дуюм ба Чемпионати Ҷаҳон роҳ ёфт.

3. Тими миллии Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи футболи тоҷик, соҳиби роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё шуд.

4. Тими миллии футзали Тоҷикистон дар миёни 5 дастаи пурқувваттарини Қораи Осиё ҷойгир шуд.

5. Дар футболи бошгоҳӣ бошад "Истиқлол" дар соли нахустини баромадаш дар Лигаи қаҳрамонҳо бузургтарин клубҳои осиёиро шикаст дода, ба бозиҳои плей-офф баромад.

6. Тими миллии Тоҷикистон "Ҷоми Шоҳи Тайланд"-ро ба Душанбе овард.

Ин рӯйхатро метавон зиёд илова намуду давом дод. Барномаву нақшаҳои созандае, ки аз ҷониби Президенти ҷавон ва тими ҷавонони ӯ, дар ин 6 сол ҷиҳати рушду инкишофи футбол таҳияву амалӣ шуданд, шуморашон аз 60 ҳам зиёд асту аз 100 ҳам. Дастоварду комёбӣ, ғалабаву пирузӣ ва дастоварду муваффақиятҳо ҳам бештар аз оне ҳастанд, ки мо иктифо кардем.

Ва ин ҷо бо самимият аз номи ҷомеаи футболи кишвар мегӯем, ки: Сипос ба Президенти Федератсия ва тими ҷавонони у! Ҳамеша сарафрозу муваффақ бошед, муҳтарам Раиси ш.Душанбе, муҳтарам Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ!

Ҳар ҷода қадам ниҳӣ, даре боз шавад,

Ҳар кор, ки сар ту мекунӣ, соз шавад.

Шаш соли барору комёбӣ, хуш бод,

Сад соли накӯи дигар оғоз шавад.

Нуралӣ Хоркашев,

шореҳи варзишии СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter