Сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Восеъ, Сайидакрам Сироҷов, сардори дастаи футболи “Ҳулбук”таъин шуд. Мавсуф 44 сол дошта, аз дӯстони наздики сардори собиқи даста, ҷавонмарди дастбахайру босаховат, марҳум Шералӣ Сӯфиев мебошад. Худо раҳматаш кунад, Шералӣ Сӯфиевро, ки шахсан хеле наздик мешинохтаму бо ҳам риштаи қавии дӯстиву бародарӣ доштем, воқеан аз шумори инсонҳои беҳтарин буд. 1 кори хайраш, ки наметавонам ин ҷо зикр накунам, ин буд, ки дар давраҳои сардори дастаи “Ҳулбук” буданаш, новобаста ба натиҷаи бозиҳо, ҳатман пас аз анҷоми ҳар вохӯрӣ, ҳайати намояндагӣ ва бозигарони дастаи меҳмонро аз ҳисоби худ нону ош дода, гусел мекард.
Дар 1 бозии даста, ки “Ҳулбук” бой медод, дар варзишгоҳ дилаш зад, фишораш баланд шуд ва аз ҳуш рафт... Дигар дар беморхона ҳам ба худ наомад...
Дӯст он бошад, ки...
Боварӣ дорам, ки имрӯза сархатиби масҷиди ҷомеъ ва сардори дастаи “Ҳулбук” - Сайидакрам Сироҷов, ки дар байни мардум бо лақаби “Мулло-Хол” маъруф аст, ҳамаи навиштаҳои моро тасдиқ мекунад ва шояд 1 сабаби ба футбол даст заданашон ҳам, амалӣ кардани орзуҳои амалинашудаи дӯсташон бошад...
30.01.2023. Дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ, ки бо домулло доштем, пеш аз ҳама дӯсташон Шералӣ Сӯфиевро ёд оварданд ва таъкид карданд, ки айни замон ӯ варзиш ва масҷидро 2 омили асосии тарбияи мардум дар роҳи дурусти ватандориву давлатсозӣ мешуморад:
-Мо аз варзиш ва аз масҷид бояд ҳамчун омили муҳими раҳнамоии мардум ба роҳи рост, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарварӣ истифода кунем. Боварии комил дорам, ки дар ин ҷода мардум, бахусус онҳое, ки имкони дастгириву кӯмак расонидан ба дастаро доранд, маро мефаҳманду дастгирӣ мекунанд!
Ҳулбук Восеъ-чемпион!
Муассис ва сарпарасти асосии дастаи “Ҳулбук” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Восеъ мебошад. “Ҳулбук” дар лигаи якуми Тоҷикистон баромад мекунад ва имсол ният дорад, ки соҳиби яке аз 2 роҳхат ба лигаи олии кишвар шавад. Инчунин зикр кардан ба маврид аст, ки ноҳияи Восеъро дар лигаи олии кишвар дастаи “Файзканд” намояндагӣ мекунад ва сарпарасти асосии “Файзканд” низ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ мебошад. Фақат, 1 нуктаро бояд таъкид кунем, ки дастаи “Файзканд” варзишгоҳи мушаххаси худро надорад ва тамоми бозиҳои хонагии худро дар варзишгоҳҳои шаҳрҳои Душанбеву Ҳисору Кӯлоб ва гоҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ мегузаронад.
Мулло VS Элитаи футбол
Аз назари инфиродии мо, дар шароити имрӯза, барои 1 ноҳияи дотатсионӣ нигоҳ доштани 2 дастаи футбол ва он ҳам дар лигаҳои болоӣ ниҳоят мушкил аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дастаҳои “Файзканд” ва “Ҳосилот”-ро дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ рақобат бо дастаҳои пурқуввате мисли “Истиқлол” (президенташ Шоҳрух Саидзода), , “Равшан” (сарпарасташ ҶДММ “Ҳоҷӣ Шариф”), КМВА (муассисаш ВМ ҶТ), “Хуҷанд” (муассисаш МИҲД вилояти Суғд), “Хатлон” (МИҲД шаҳри Бохтар), “Регар-ТадАз” (муассисаш ТАЛКО), “Истаравшан” (муассисаш МИҲД шаҳри Истаравшан), “Панҷшер”(муассисаш МИҲД ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ) ва амсоли инҳо дар пеш аст.
Ба забони дигар спонсорҳои дастаҳои Лигаи Олӣ инҳоянд:
1. Шоҳрух Саидзода-КФ Истиқлол
2. Зойир Соҳибов-КФ Равшан
3. Шералӣ Мирзо- КМВА “Помир”
4. Раҷаббой Аҳмадзода-КФ Хуҷанд
5. Давлаталӣ Саид-КФ Хатлон
6. Шералӣ Кабир-КФ Регар-ТадАз
7. Маъмурзода Адҳам-КФ Истаравшан
8. Хол Раҳмон-КФ Панҷшер
Мардуми тоҷик мақоли хубе дорад, ки “Чӯҷаро дар тирамоҳ мешуморанд”. “Ҳулбук” бо роҳбари наваш-домулло Хол, ки шахси мазҳабӣ ва соҳибэҳтироми мардуми оддӣ аст, дар Лигаи 1 пирӯз омада, дар Лигаи Олӣ бо ин дастаҳои бонуфуз ва шахсиятҳои шинохташуда чи гуна баромад мекунад ва ба чи натиҷа мерасад, вақт нишон хоҳад дод. Мунтазир мемонем. Мо Метавонем!
Нуралӣ Хоркашев,
махсус барои СССР