БОЗИИ БЕҲАДАФУ КӮЧАБОЗОРИИ ДАСТАИ ТОҶИКИСТОН ВА БОХТИ ТОММУ ТАМОМИ ТИМИ МИЛЛИ МО ДАР БАРОБАРИ УРДУН
Урдун аз оғзи дидор бо дарёфти корти сурх аз ҷониби довари иморотиҳо, 10-нафара майдондорӣ кард, бо ками як нафар муҳра. Аммо бар Тоҷикистон пирӯзии дурахшон ба даст овард. Ду бар ҳич натиҷаи охири ин рақобат бар нафъи урдуниҳо.
Дар чанд соли охир мо шоҳиди чунин бозии берабту шабеҳ ба ҳунарнамоии як дастаи кӯчагию ғайриҳирфаии Тоҷикистон нашуда будем. Дастаи ҷавонони мо дар ин дидор афсурда, хаста, хоболӯд ва пароканда буд. Бозии ҳадафманду мантиқӣ ироя карда наметавонист. Ин аз костию камбуди дастадорон ва аз нокоромадии ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон, бо сарварии мутахассиси белорусӣ буд.
Зангулаи бохти Тоҷикистон ҳанӯз дар дидорҳои дӯстона ба ҷавонони Сурия ба садо даромада буд: то чанд рӯз монда ба дидорҳои расмӣ, ситоди мураббиёни ҷавонони Тоҷикистон бозӣ бо Сурияро саҳнаи озмоишу таркиббандии дастаи худ карда буданд, ки хеле дер шуда буд. Ғами сарморо аз гармо мебояд хӯрд!
Як қонун аст: майдон ҷойи хобу хоболӯдон нест, майдон намоиши ҳунар аст! Аммо дар майдони имрӯз бо урдуниҳо мо беҳунарии тамом намоиш додем, ҳайсийяти дастае бо номи Тоҷикистонро эҳтиром накардем. Дар баробари ҳарифи каммуҳра оҷиз мондем, беҳунарона як бозии кӯчагию ғайриҳирфаӣ, ки бозгӯйи футболи муосиру мудерн бошад, намоиш додем. Ҳол он ки футболи мо акнун дар ин сатҳ нест!
Ва умеди ҳазору ҳазорон ҳаводори номи баланди Тоҷикистон дар кишвару берун аз он, ки бо ҳазор нийят ин дидорро интизорӣ мекашиданд, дигар буд. Ин бохт аз нокоромадии дастандаркорони футболи Тоҷикистон ва ба вижа, аз нокорамадии ситоди мураббиёни ҷавонони кишвар аст.
Обид Шакурзода,
адиб