ХАБАРИ ДОҒ

Истиқболи Равшан дар Кӯлоб

  • Чоршанбе, Май 10 2023

08.05.2023. Соат ба вақти Кӯлоб 16:45 дақиқа. Бахтиёр Назарзода раиси шаҳри Кӯлоб, бо таҷаммуи даҳҳо ҳазор сокини шаҳр, дар назди даромадгоҳи рамзии Кӯлобшаҳри бостонӣ, дастаи Равшанро истиқбол гирифта, зери нидои даҳҳо ҳазор фанати клуби номӣ «Равшан-Чемпион ва Тоҷикистон ба Пеш!!!» Супер-Ҷоми Тоҷикистонро аввалтар аз ҳама зери қадами муҷассамаи Модари Миллат гузошта, сипас онро вориди Кӯлоб намуд…

06.05.2023. Хотиррас мешавем, «Равшан»-и Кӯлоб бар дастаи пурқуввати «Истиқлол» Душанбе бо ҳисоби 1:0 пирӯз омада, Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.

Ягона голи ғалабаоварро ҳамлагар Амирҷон Сафарови данғарагӣ дар дақиқаи 7-ум ба ҳадаф расонд. Дарвозабони «Равшан» Евгений Гритсенкои укроинӣ беҳтарин бозигари дидор эътироф шуд. Бозии Суперҷомро, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, 9200 мухлис тамошо кард. Баъди пирӯзӣ дар бозии басо диданӣ, роҳбарияти Истиқлол аввал шуда, Равшанро мардонавор бо Суперҷоми гирифтааш табрик карданд. Газетаи СССР низ чун сарпарасти иттилоотии даста соҳиби медали тилои Суперҷоми Тоҷикистон гардид. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter