Рӯзи якшанбеи гузашта, бо яке аз хешовандон аз маъракае бармегаштем. Роҳамон аз назди бозори «Бале ҷавон» гузашт. Ӯ сабукравашро назди бозор манъ кард, то мева харид бикунад. Дар наздикии даромадгоҳи бозор ҷавонмарде, ки гелосу зардолу мефурӯхт, ҷор мезад: «Ба гелоси деҳқонӣ, биё! Гелосу зардолуи арзон!».
- Гелоси деҳқониат чанд пул аст? - пурсид шарикам.
- Килояш 20 сомонӣ.
- Зардолу чӣ?
- 10 сомонӣ, - посух дод фурӯшанда ва афзуд: Меваҳои деҳқонӣ аз боғи худамон. Барои ҳамин ҳам арзон мефурӯшам.
- Чӣ хел арзон? - Ба сӯҳбат ҳамроҳ шудам ман. - Ҳамин хел гелос дар дӯкони назди хонаи мо 15 сомонӣ, зардолу бошад, 8 сомонӣ нарх дорад.
- Ака, ман деҳқони дуюмам, - гуфт фурӯшанда лабханд карда.
Ҷовид Муқим,
ш.Душанбе