ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 07 Апрел 2017 15:29


Прокуратураи н.Ховалинг мақолаи Аҳтам Одинаев «Боми варзишгоҳ афтиданист» (СССР, №1(434), 5.01.2017)-ро мавриди санҷиш қарор дод ва муайян карда шуд, ки иншооти сохтмони варзишгоҳи марказии н.Ховалинг сохтмонаш нотамом буда, аз с.2010 аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллии ноҳия ва саҳми соҳибкор Бобоназаров С. оғоз шуда, бинобар сабаби маҳдуд будани маблағҳои буҷетии ноҳия ва соҳибкор аз с.2013 барои ба охир расидани сохтмон аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ ба воситаи фармоишгари филиали Раёсати сохтмон давом додани корҳои сохтмонӣ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи лоиҳа болопӯши нишастгоҳи варзишгоҳ аз қафасҳои филизии худсохти бо бандҳои мувозӣ ва баладии 15 см, банди болоӣ аз навоҳои кунҷшакли 4-50х50мм ва банди поёнии сутунҳо аз синҷисхи ғулҳои д-12 иҷро шуда, сутунҳо аз қубурҳои филизии д-100 сохта шудааст, ки вазни болопӯши бом баробар тақсим карда шудааст. Аз ҷониби филиали Раёсати сохтмони асосии вил.Хатлон дар минтақаи Кӯлоб дар номгуи сохтмонҳои сохташавӣ дар с.2017 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ сохтмони варзишгоҳи мазкур барои 5000 ҷои нишаст пешбинӣ шуда, ба истифода додани он дар назар дошта шудааст. Ҳамин тариқ санҷиш муайян кард, ки ваҷҳои дар мақола овардашуда тасдиқи худро наёфт.


Сангакзода Ғ.Х.,
прокурори н.Ховалинг, мушовири адлияи дараҷаи 1

Ҷумъа, 07 Апрел 2017 15:25


Салом, СССРи арҷманд ва мардумӣ! Ман ба таваҷҷӯҳи бойҳо ва сарватмандоне, ки мехоҳанд аз маблағи бе дарду миёни худ сафари ҳаҷ кунанд, 1 ҳарфи гуфтанӣ дорам. Оё намешавад, ки шумо-бойҳо пули сайёҳати худ ба Хонаи Худоро ба ятимону барҷомондагон бибахшед? Ана ин аст ҳаҷҷи шумо!!!


Довуд,

Узви Ихвон-ал-СССР, н.Рӯдакӣ, тел: 908 88 59 01

Ҷумъа, 07 Апрел 2017 15:21


Салом СССР! Чанд соли охир намозхонони шаҳру вил.Хатлон дар бораи иваз кардани домуллоҳои масҷидҳо чандин бор хоҳиш карда навиштанд. Инчунин дар газетаи СССР низ бо ин мазмун матлабе чоп шуда буд. Аммо на аз тарафи қозиёти ҷумҳурӣ, на аз тарафи қозиёти шаҳру вилоят ягон чорае дар ин самт дида нашуд. Ҳар 1 шаҳрванд медонад, ки баъзе домуллоҳои муҳтарами мо аз пушти вазифа хешутаборбозию маҳалгароӣ, порахӯрӣ мекунанд. Баъзе домуллоҳои дар хориҷа (Афғонистону Покистон) хонда омада дар масоҷид домуллоӣ доранд. Наход ин барои қозиҳои шаҳру вилоят ягон аҳамият надошта бошад? Аз ахбороти оммавӣ медонем, ки аз Тоҷикистони азизи мо қариб 1000 нафар дар ҷанги Сурия иштирок доранд. Ба ин ҳама нуқсонҳо ва камбудиҳо фақат домуллоҳо гунаҳгоранд, зеро онҳо метавонистанд, ки садди роҳ шаванд, аммо накарданд!!! Аз фурсат истифода бурда аз қозиёти ҷумҳурӣ хоҳиш мекунам, ки домуллоҳои шаҳру вилоятро иваз кунанд.

А.Ризоев,
н.Бохтар, ҷамоати Заргар

Ҷумъа, 07 Апрел 2017 15:16


Муаллима Лола Абдураҳимова, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо телефони 98 537 19 00 ба СССР занг задаву гуфт, ки писари ман-Эраҷ Назаров донишҷӯи курси 2 асту ғоибона бо ихтисоси инженери соҳаи сохтмон ва меъморӣ мехонад. Аммо бекор! Ман аз раҳбарияти Неругоҳи барқи обии Роғун эҳтиромона хоҳиш дорам, ки писари маро ба кор бигирад. Сахт метарсам, ки Эраҷи ман аз бекорӣ ба ягон роҳи бад наравад. Зеро аксарияти ҷинояту ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ва ҳам шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундраву ифротӣ аз бекорӣ маншаъ мегирад. Хоҳиш мекунам, ки раҳбарияти Роғун таклифи маро нодида нагирад, зеро хело кори савобе хоҳад кард…

Ҷумъа, 07 Апрел 2017 15:14


Узви Ихвон-ал-СССР, Ҷумъахон Шерматов, корманди соҳаи энергетикаи шаҳри Кӯлоб бо телефони 918 81 43 55 ба СССР занг задаву гуфт, ки ҳар рӯз ҳини ба кор омадану аз коргоҳ рафтан, 1 манзараи бисёр бад маро дилгир кардааст. Чаро дар шаҳри Кӯлоб носу сигоркашҳоро дошта бар тибқи «статя» ҷарима мекунанду ҷӯгиҳоро не? Ин мушкил, бовар дорам, дар ҳама ҷо ҳаст. Барои мисол, гурӯҳи ҷӯгиҳоро аз автовокзал мебинем то назди ҳукумати шаҳр, дар даст борхалта талбандагӣ карда, табъи садҳо нафарро ҳар рӯз хира месозанд!! Чаро онҳо ҷазо намешаванд???

Ҷумъа, 07 Апрел 2017 10:46


Ахиран «Шарҳи ҳикояҳои мунтахаби «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ», бо ҳуруфи арабиасоси форсӣ ва сирилики Тоҷикӣ ба дасти нашр расид. Муаллифи ин шоҳкорӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи А. Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Шарифмурод Исрофилниёст. Китоб бо теъдоди 5000 дона дар нашриёти «Пайванд» чоп шудааст.
Муаллиф дар ин асар талош кардааст, калимоти душворҳазму душворфаҳми асарҳои насрии Ҷомиро шарҳу тафсир диҳад. Воқеан ҳам забони асарҳои насрии ҳазрати Ҷомӣ хеле душворҳазм аст, ки дастандаркорон нек медонанд.
Фарзи мисол, назаре кунем ба Равзаи дуюми ин «Шарҳ».
А. Ҷомӣ: Дар таршеҳи шақоиқи дақоиқи ҳикам, ки ба рашаҳоти саҳоби карам дар замини қулуби ҳукамо ва арозии хавотиршон хоста ва шарҳу баёни он матовии дафотиршон ороста...
Бинед, ки дарки чунин наср ҳатто аз сӯи олимони соҳа низ мушкил меуфтад, чӣ расад ба хонандаи оддӣ. Зимнан Шарифмурод Исрофилниё ҳама калимоти мушкилфаҳмро ба навъе тарҷума кардааст (бештар аз тафсиру шарҳ) ва ба содагӣ пешкаши хонанда мекунад. Ҳамзамон ному насаби уламову удабову машоиху сӯфиёни аҳди қадим, ки дар асари Ҷомӣ оварда мешаванд, аз сӯи муаллиф низ шарҳу тафсир гардидаанд, ки боиси дастгирист. Зеро мо номи аксари онҳоро бори аввал мешнавем ва ё шунида бошем ҳам дуруст намешинохтем.
Ин муште буд аз хирвори намуна. Бояд гуфт, китоб хеле саривақтӣ нашр шудааст ва аз чопи «Шарҳи ҳикояҳои мунтахаби «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ» мебояд истиқбол кард. Мо Метавонем!

Ҷумъа, 07 Апрел 2017 09:01

Тибқи овозаҳои сиёсии мардумӣ, дар охири моҳи апрел ё аввалҳои май Абдураҳмон Қодирии 63-сола, раиси вилояти Суғдро аз вазифа мегиранду ба нафақа гусел мекунанд. Боз овозаҳо мегӯянд, дар ҷои Қодирӣ дар ин маснад ё раиси Кумитаи замини назди Ҳукумати ҶТ-Раҷаббой Аҳмадзода (собиқ шаҳрдори Хуҷанд) ё муовини аввали раиси вилояти Хатлон-Қурбонбой Каримзода (собиқ раиси н.Фархор) менишинад. Аҷиб ин аст, ки ин овоза аз долони Ҳукумати вилояти Суғд паҳн шудааст.

Ҷумъа, 07 Апрел 2017 08:36


Гуфтори ъаллома Субҳон Маҳмуди Нозим, шайх-ул-ҳадиси Дорулъулуми Карочии Покистон
Агар падару модар ба 2 матлаб аз самими қалб ба таври доимӣ ъамал намоянд, иншооллоҳ фарзандон беҳтарин ахлоқро пайдо мекунанд.
1.Дар ҳаққи фарзандон дуъои нек кунӣ, зеро дуъои шумо тири дар ҳадаф аст. Паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) мефармояд: «Дуъои падар барои фарзанд чунон қабул мешавад, ки мисли дуъои Паёмбарон барои умматашон».
Мутаассифона, имрӯз мо дуъоро тарк кардаем. Агар яке ёди дуъо ба ёдамон биёяд назди каси дигар меравем. Манзурам ин нест, ки аз дигарон дуъо нагиред. Вале фаромӯш накунед, ки дуъои 3 нафар пеши Аллоҳ ҳатман қабулият дорад.

саҳ 15 аз 20

Китобҳо

Flag Counter