ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 14 Апрел 2017 08:44


14.04.1978.Дар пойтахти РСС Гурҷистон-шаҳри Тифлис роҳпаймоии оммавии мардумӣ доир гардид. Иштирокчиёни роҳпаймоӣ талаб доштанд, ки забони гурҷӣ ба ҳайси забони расмии кишвар шинохта шавад.

Ҷумъа, 14 Апрел 2017 08:34

Араби Дӯстмурод, сокини деҳаи Нонҷемаси ноҳияи Восеъ (тел: 98 540 81 49) дар меҳмонии СССР гуфт, ки 2 хабар дорам: яке хуб, дигаре бад. Биёед, аз хубаш сар кунам. Хоҷаев Аслиддин аз деҳаи Ялдамичи шаҳраки Ғарм, дӯсти газетаи СССР ба ман занг зада гуфт, ки ҳамкурсаш Нозимов Гулмурод-сокини деҳаи Нонҷемасро 38 сол боз надидааст. Ба гуфти ӯ, онҳо с.1979 бори охир бо ҳам вохӯрдаанд. Ҳар 2 дастпарвари Техникуми омори н.Орҷоникидзеобод (ҳоло н.Ваҳдат) будаанд. Хоҷаев рақами телефони маро аз СССР ёфтааст. Хуллас, СССР ягона газетаест, ки дӯстони аз ҳам солҳо ҷудошударо пайваст мекунад. Мо Метавонем! 2. Дирӯз ба дараи Қади Шӯри ҷамоати Худоёр Раҷабови н.Восеъ рафтем. Он ҷо тани беҷону пӯсткандаи беш аз 50 харро дида, дар ҳайрат мондам. Наздиктар рафта дидам, харҳоро аз пешониашон зада куштаанду фақат пӯсташонро гирифта бурдаанду халос. Гӯшту устухонҳояш дар он ҷо боқист. Яъне Қади Шӯр ба “мазор” ё қатлгоҳи харҳо табдил ёфтааст. Тибқи овозаҳои мардумӣ, харро кушта, пӯсташро дар 100 доллари амрикоӣ фурӯхтан доранд. Мардуми огоҳ мегӯянд, ки чунин харкушӣ дар чанд минтақаи Кӯлоб низ будааст. Аммо ин хабарро бояд таҳқиқ кард!

Ҷумъа, 14 Апрел 2017 08:29


Таъсири муҳити хонавода бар фарзандон
Нуктаи бисёр муҳиме, ки волидайн бояд ба он таваҷҷӯҳ бикунанд, ин аст, ки саъй бикунанд, ки муҳити хонаводаро маркази таълим, ахлоқ, сафо ва самимият бигардонанд. Манзили яке аз мову шумо бояд 1 мактаби калоне бошад, ки ҳаққи кӯдакро ифо кунад. Агар муҳити хонавода созгор набошад, талошҳо ва орзуҳои волидайн барои хуб шудани фарзанд ъабаса ва беҳуда аст.

Панҷшанбе, 13 Апрел 2017 15:14


160 ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳсулоти худро дар ярмарка-намоишгоҳе, ки аз 17 то 21 апрели соли равон дар Маркази савдои «Пойтахт -90»-и ш. Душанбе доир мегардад, ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.
Шоқосим Шоисломов, сафири ин кишвар чанде пеш дар 1 нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки намоишгоҳ бо ибтикори Палатаҳои савдо ва саноати 2 кишвари ҳамҷавор Тоҷикистон ва Ӯзбекистон созмон дода шуда, ҳадафаш тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ мегардад.
Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ маҷмӯи молу маҳсулоти саноатии бахши мошинсозӣ, техникаи кишоварзӣ, саноати кимиё, саноати сабук, дорусозӣ, дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, масолеҳи сохтмон, инчунин хӯрока, либос, қолин ва дигар маҳсулот барои рӯзгор ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд.



СССР

Панҷшанбе, 13 Апрел 2017 14:27


Автобусҳои нави шаҳрдорӣ дар Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, барои сокинон ва меҳмонони ш. Душанбе ройгон хизмат хоҳанд кард. Дар ин бора ба мухбири СССР аз Ҳукумати ш.Душанбе хабар доданд.
Автобусҳои нав аз ҷониби ҳукумати ш. Душанбе ба маблағи умумии 3428600 евро харидорӣ шуда, ҳар кадом 85 000 евро нарх доранд. Автобусҳои мусофиркаши нав ба ҳама талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, дар онҳо ду камераи мушоҳидавӣ насб гардидааст. Дар автобусҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд низ шароит фароҳам оварда шудааст.
Мусофиркашонҳои нав дар хатсайри №1 ва №3 дар маркази шаҳр -хиёбони Рӯдакӣ ҳаракат намуда, баъди ду моҳи пардохти нақдӣ ба хизматрасонии электронӣ мегузаранд. Дар ҳар автобус 3 таҷҳизоти электронӣ насб мегардад.



СССР

Чоршанбе, 12 Апрел 2017 17:24


Бонки миллии Тоҷикистон вобаста бо вазъи имрӯзаи бозори хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд ва қурби он нисбати пули миллӣ, чунин изҳор менамояд.
Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рӯзҳои охир дар бозори хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд зери таъсири омилҳои равонӣ ва ҳаннотӣ миёни аҳолӣ як ҳолати ногувори воҳимаю таҳлука ба миён омадааст.
Пайдо шудани фарқияти назаррас дар байни қурби бозори расмӣ ва ғайрирасмии хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд боиси он гаштааст, ки шахсони воқеӣ ба таври оммавӣ бо мақсади гирифтани даромади ҳаннотӣ, фурӯхтани асъори нақдро аз ташкилотҳои қарзӣ талаб менамоянд.
Ҳолати мазкур ва таъсири дигар омилҳо талабот ба доллари ИМА-и нақдро яку якбора ба маротиб зиёд карда, ба мунтазам баланд шудани қурби фурӯши он ва фаъол шудани бозори ғайрирасмӣ, сабаб гаштааст.
Ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шудаанд, ки маблағҳои нақдии аз аҳолӣ харидашударо, ҳатман ба худи аҳолӣ мубодила карда, бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҳаҷми фурӯши асъори хориҷии нақдро аз ҳисоби худ зиёд намоянд.
Айни замон, ташкилотҳои қарзӣ бояд барои муайян ва баҳисобгирии шахсони воқеие, ки мунтазам асъори нақдро бо мақсади гирифтани даромади ҳаннотӣ харидорӣ менамоянд, чораҳои зарурӣ андешида, фурӯши нақдинаро ба онҳо манъ намоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон бо тамоми масъулият изҳор менамояд, ки вазъи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии қурби пули миллӣ зери мушоҳида ва назорати доимӣ қарор дошта, барои ба эътидол овардани ҳолати бозори нақдии хариду фурӯши доллари ИМА ва таъмини муътадилии тағйирёбии қурби пули миллӣ, тамоми чораҳои зарурӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалӣ карда мешаванд.
Барои ин, захира ва имконияту воситаҳои кифоя мавҷуд аст ва айни замон кам гаштани таъсири омилҳои номатлуби мавсимӣ ва пайдо шудани шароит ва омилҳои ба суботи бозори дохилӣ ва устувории қурби пули миллӣ таъсиррасон мушоҳида мегарданд.
Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидор бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки ба ҳаргуна овозаҳои беасос бовар накарда, дар мубодилаи маблағҳои пулиашон ба саросемагӣ роҳ надиҳанд ва аз муомилаи ғайрирасмӣ бо шахсони воқеии алоҳида худдорӣ карда, амалиёти мубодиларо танҳо дар муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ анҷом диҳанд.
Риояи ин талабот - иҷрои қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди Тоҷикистон дар таъмини бехатарии иқтисодии давлат, баланд бардоштани мақому манзалат ва эътибори пули миллӣ - сомонӣ арзёбӣ мегардад.



СССР

Чоршанбе, 12 Апрел 2017 17:15


Рӯзҳои 2-4 апрели соли 2017 дар ш. Анталия (Туркия) Ҷаласаи 37-уми Клуби мудирони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва Балкан баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Ҷаласаи 37-уми Клуби мудирони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва Балкан Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода намояндагӣ намуд.
Чуноне ик маркази матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба масъалаҳои монетарӣ, бонкӣ, молиявӣ, инчунин роҳҳои мусоидат ба рушди устувори низоми молиявию бонкӣ дар кишварҳои аъзои Клуби мудирони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва Балкан баррасӣ гардиданд.
Зимни ҷаласа 13 намояндаи кишварҳои аъзо бо муаррифӣ баромад намуданд, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон дар кори ҷаласа мавзӯи “Рушди кунунии иқтисодиёт”-ро пешкаши ҳозирин намуд.
Дар доираи сафари корӣ ба аъзоёни Клуби мазкур инчунин имконият фароҳам омад, ки дар самти гузаронидани ислоҳоти низоми бонкӣ, татбиқи самараноки сиёсати монетарӣ ва роҳҳои бартараф намудани бӯҳрони молиявию иқтисодӣ бо намояндагони кишварҳои аъзо мубодилаи андеша намоянд.
Аз ҷумла Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни сафари корӣ бо Раиси Бонки марказии Туркия Мурат Четинкай ва Раиси Бонки миллии Гурҷистон Коба Гвенетадзе вохӯрӣ гузаронида, оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти низоми бонкии кишвар, бозомӯзии кормандон ва мубодилаи таҷриба муколамаи пурмуҳтаво доир намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки ба ҳайати Клуби мудирони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва Балкан бонкҳои марказии 25 кишвар, аз ҷумла давлатҳои ИДМ, Осиёи Марказӣ, Туркия, Гурҷистон, Исроил, Хитой ва ҷануби шарқи Европа шомил буда, он соли 1988 бо мақсади рушди муносибатҳои ҳамкорӣ байни бонкҳои марказӣ, омӯзиши имкониятҳои ҳамкории техникӣ дар соҳаи низоми бонкӣ ва молия, мубодилаи таҷриба дар самти танзим ва молия таъсис дода шудааст.



СССР



Чоршанбе, 12 Апрел 2017 17:14


Намояндагони мақомоти марзбонии Ӯзбакистон ба ш.Панҷакент ташриф овардаанд. Мулоқоти марзбонони Ӯзбакистон бо марзбонони Тоҷикистон дар ш.Панҷакент  ҳудуди 3 соат идома ёфта, то ҳол аз натиҷаи ин мулоқот расман чизе ироа нашудааст. Гуфта мешавад, ин мулоқот ба хотири кушода шудани сарҳади Ҷартеппа - Саразм воқеъ дар қисмати ғарбии ш.Панҷакент сурат гирифтааст. Ба иттилои дигар манбаъ, марзбонони тоҷику ӯзбак ба хотири пешгирии убури ғайриқонунии марз ва ҳамкорӣ дар ин самт вохӯрӣ доир намудаанд. Ин дар ҳолест, ки аввалин хатсайри ҳавоӣ байни ин кишвар  ҳамсоя соли равон пас аз 25 сол боз ба роҳ монда шуд ва чунин ба назар мерасад, ки ҳамкориҳои хуб ва муносибатҳои нарм байни Тоҷикистону Ӯзбакистон пас аз ба сари тахт омадани Шавкат Мирзиёев ба роҳ мондан дорад.

саҳ 11 аз 20

Китобҳо

Flag Counter