ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 12 Апрел 2017 17:11


Намоишгоҳи 5-уми мошинҳои қадима ва раритет «Авто Ретро Душанбе 2017», ки ҳамасола дар арафаи Рӯзи пойтахт дар ш. Душанбе баргузор мегардад, соли равон рӯзи 30.04.2017 гузаронида хоҳад шуд.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз Клуби дӯстдорони мошинҳои раритет ва эксклюзии кишвар хабар доданд, ин дафа низ наздики 120 адад воситаҳои нақлиёти қадима аз тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда кӯҳнатарин мошин бошад соли 1930 истеҳсол шудааст.


СССР

Чоршанбе, 12 Апрел 2017 15:31

Зокир Карахонови 29-сола аз деҳаи «Қашқара»-и ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон бо бародараш ва бо 2 нафар дӯстонаш бо мақсади чукричинӣ ба кӯҳ меравад. Зокир аз онҳо ҷудо шуда, самти дигар рафт ва пас аз 2 рӯз тани беҷонашро ёфтанд.
Як манбаъ ба СССР, имрӯз 12 апрел дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки Зокир соҳиби 1 фарзад буд ва мунтазири фарзанди дигар. Яъне ҳамсараш ҳомиладор буд. Ӯ пеш аз сафари кӯҳ ба оилаш гуфтааст, ки «агар шаб наомадам, хавотир нашав». Зокир ҳини ба куҳ расидан аз бародар ва дустонаш ҷудо мешавад. Ҳамин хел то бегоҳ бедарак мешавад. Бародараш ва дӯстонаш чанд маротиба бо садои баланд фарёд карданду ба ҷустуҷӯяш баромаданд, аммо ягон пайе аз ӯ наёфтанд. Ва гумон карданд, ки шояд ба хона рафта бошад. Бародараш ҳангоми ба хона баргаштан ӯро дар хона намебинад. Ин замон ҳамсари Зокир ба бародари ӯ мегӯяд, ки «шояд Зокир ҳамроҳи чӯпонҳо бошад?» Аҳли оила ва ҳамдеҳагонашон дар кӯҳ хело ҷустанд, аммо ҷасади сарди Зокирро пайдо карданд, ки аз хунукӣ карахт шуда буд.


Баҳодур Уроқов
СССР, вилоятиХатлон

Чоршанбе, 12 Апрел 2017 14:47


 Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин дар мусоҳибаи худ бо шабакаи телевизионии “Мир 24” таъкид намуд, ки Россия аз пешомади “инқилобҳои ранга”  дар ҳудуди марзи худ ва кишварҳои аъзои Созмони Шартномаи бехатарии коллективӣ (ОДКБ) ҷилавгирӣ хоҳад кард.
“Мо аз назарияҳои гуногуне, ки барои амалӣ намудан дар минтақаҳои мухталиф пешбинӣ шуда, боиси ноамнӣ ва хатароти ҷиддӣ ба истиқлолияти ин кишварҳо мешаванд, аллакай огаҳем. Биноан, аз ҳар гуна амалоти монанд ҷилавгирӣ намуда,  кушиши бархурди шадид ба “инқилоб”-ҳои мазкур дар ҳудуди Россия тақвият дода шуда,  шариконамон-кишварҳои ОДКБ ҳамаҷониба дасгирӣ хоҳанд ёфт.”- иброз намуд дар ин мусоҳиба В.В . Путин.
Қаблан дар хусуси хатароти “инқилобҳои ранга” дар кишварҳои аъзои Созмони Шартномаи бехатарии коллективӣ (ОДКБ) президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳам ибрози назар намуда буд.
Масъалаи “инқилобҳои ранга” на танҳо дар сатҳи ОДКБ, балки дигар аз созмонҳои бонуфузи минтақа-Созмони Ҳамкории Шанхай (ШОС) низ мавриди баррасӣ қарор дорад. Чанд рӯз пеш намояндаҳои мамолики аъзои ин созмон дар нишасти шаҳри Остонаи Қазоқистон, масъалаи дастовардҳои ин ташкилотро дар самти мубориза бо терорризм мавриди назар қарор дода буданд. Дар ин нишаст Конвенсияи нави мубориза бо  экстремизм ба мувофиқа расида, бо дархости ҷониби Россия дар ин ҳуҷҷат банди алоҳида, ҷиҳати мубориза ва пешгирии “инқилобҳои ранга” илова гардида буд.


СССР


Чоршанбе, 12 Апрел 2017 08:52


Имрӯз дар интернет пас аз моҷарои телевизионии Комроншоҳи Устопириён корфармоён ба 2 ҷабҳа ҷудо шудаанд: ҷонибдорон ва анти Комроншоҳиён. Вазъ ба ҳадде печида аст, ки ҷонибдорони Устопириён, ки ҳамагӣ қариб зодаи 1 маҳалланд, боқӣ тоҷикистониёнро ба маҳалгароӣ муттаҳам мекунанд. Хуб, ин баҳси онҳост, ки пасаш намеравем. Вале дар ин доду ситад, надонем, бо кадом иллат ё сабабе, номи Мӯсо-паҳлавон-актёри маъруф ва шахси зиёд фарҳангӣ аз тарафи чанд тане оварда шудаву ӯро бо фахри бе ҳадду ҳудуд «рекэт, «аҷали маҳаллаи дигар», ки пешаш ҳама ба зону менишастаанд, муштзӯру ҷангара» ва ғ. ва ҳ. муаррифӣ мекунанд. Ҳол он ки Мӯсо Исоев бузургтарин фарди зиёие буд, ки ҳатто мӯрчаро озор намедод. Дар ин матлаб СССР талош кард, 1 бори дигар зиндагиномаи Мӯсо-полвони Тоҷик, фахри миллатро варақ занад. Танҳо ба 1 хотир:
-Бо ифтихори кӯдаконаву авбошонаи худ, хонандагони мӯҳтарам, рӯҳи поки ин абармарди ҳунарро безобита накунанд.
Мо Метавонем!

Сешанбе, 11 Апрел 2017 18:00


Сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вил.Хатлон-Солеҳзода Искандар дар н.А.Ҷомӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолон, ҷавонону эмомхатибон ва дар шаҳри Кӯлоб дар толори Донишгоҳи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ бо ҷавонон вохӯрд. Дар ин ҳамоиш, дар маҷмуъ беш 1200 нафар иштирок доштанд. Солеҳзода дар баромади худ аз хусуси шомилшавии баъзе аз ҷавонони бехабару ноогоҳ ба ҷараёни равандҳои номатлуб изҳори таассуф намуда, ҳозиринро ба зиракию дурандешӣ даъват намуд.


Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

 

Сешанбе, 11 Апрел 2017 15:37


Кормандони Вазорати корҳои дохилии ҶумҳурииТоҷикистон муваззаф шудаанд, ки дар як моҳ ҳадди ақалл як бор ба театр бираванд. Ин  дастури расмии Рамазон Раҳимзода баъд аз тамошои намоишномаи "Чархи гардон"-и Нур Табаров содир шудааст.
Маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад, ки ба театр рафтани кормандони пулис барои боло рафтани сатҳи фаҳмишу маърифати онҳо кумак карда, боис ба рафъи хастагиашон низ хоҳад шуд. "Қарор шудааст, ки ҳар моҳ ҳайати шахсӣ камаш як бор ба театр рафта, намоишномаҳоро тамошо кунанд. Ин ба тамоми кормандони вазорат дар минтақаҳои кишвар дахл дорад"
Ин дастур дар ҳоле содир шудааст, ки ҳафтаи гузашта Рамазон Раҳимзода ҳамроҳи як ҳайати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба тамошои намоишномаи "Чархи гардон"-и Нур Табаров ба театри Лоҳутӣ рафта буд.
Дар Тоҷикистон тақрибан 20 ҳазор корманди пулис расман фаъолият доранд. Ин тасмим на танҳо ба боло рафтани сатҳи маърифат ва истироҳати кормандони мақомоти милиса, балки ба буҷаи театрҳои кишвар ва боло рафтани талабот ба сифати намоишномаҳои онҳо низ таъсири мусбӣ хоҳад расонд. Итминон дорем ин иқдом аз ҷониби дигар вазорату ташкилот ва сокинони кишвар дастгирӣ ёфта, таваҷҷуҳ ба театри миллӣ ва рушду инкишофи он боз ҳам бештар мешавад.


СССР.

Сешанбе, 11 Апрел 2017 15:35


Чанд лаҳза пеш колонаи махсус иборат аз 40 адад автобусҳои нав, ки шаҳрдории Душанбе аз Туркия харидорӣ карда аст, марзи Ӯзбекистону Тоҷикистонро убур намуда вориди кишвари мо шуданд ва шояд пас аз 2 соати дигар ба пойтахт бирасанд.
Чуноне ки ба мухбири мо 1 манбаи мӯътамад аз МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» иброз дошт, масъулини соҳаи нақлиёти ҷамъиятии ш. Душанбе айни дар марзи 2 кишвар қарор дошта автобусҳои навро пешвоз гирифта истодаанд. Барои овардани ин автобусҳо бошад 50 ронандаи Тоҷик сафар карда мошинҳои навро тавассути марзҳои Туркияву Эрон ва Туркманистону Ӯзбекистон ба Тоҷикистон оварданд.



СССР

Сешанбе, 11 Апрел 2017 11:51


Билохира, субҳи имрӯз ҳавопаймои ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» аз рӯи хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд парвоз намуда, расо соати 08.05 ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо 29 мусофири нахустин фуруд омад. Ёдовар мешавем, ки ширкати миллии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Ozbekiston havo yollari» баъд аз 25 соли таваққуф имрӯз, 11 апрел бори нахуст ба Тоҷикистон парвоз анҷом дод. Бо парвози баръакс аз Душанбе ба Тошканд бошад, ки соати 09.50 сурат гирифт, 10 мусофир барвоз намуд. Нархи чиптаи рафту баргашт тавассути ин ширкати ӯзбекӣ 2600 сомониро ташкил дода парвози аввали он, ки бояд рӯзи 4.04.2017 амалӣ мегашт, бо сабаби кам будани теъдоди мусофирон ба имрӯз маавқуф гузошта шуда буд.
Парвозҳои ҷавобии ширкати ҳавопаймоии Тоҷик «Сомон эйр» аз рӯи ин хатсайр низ бояд рӯзҳои наздик ба вуқӯъ пайвандад ва коршиносони ин ширкат айни замон дар Тошканд қарор дошта ҳуҷчату санадҳои марбут ба ин парвозро ба нуқтаи ниҳоӣ расонида истодаанд. Ин ҳарду ширкат бояд ҳафтае 4 парвоз анҷом бидиҳанд.


СССР

саҳ 12 аз 20

Китобҳо

Flag Counter