ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 14 Апрел 2017 09:12


Мурофиаи судии роҳбарони собиқи ҶСШК «Агроинвестбонк»-и ноҳияи Муъминобод барои азхудкунии маблағҳои идораҳои давлатӣ, хусусӣ, муштариён 2 сол боз идома дорад. Яке аз он ҷабрдидагон редаксияи рӯзномаи «Субҳи меҳнат» аст, ки 18.000 сомонии маблағи ҳалоли онро бо коғазбозиҳои бардурӯғ қаллобон ба киса задаанд. Пас аз ҳафтаю моҳҳои дарози санҷиш ин маблағро оварда, 14 ҳазору 402 сомонӣ карданд. Пас аз 1 санҷиши дигар аз ин маблағе, ки бояд бонк ба мо мувофиқи ҳалномаи суди вилояти Хатлон бозмегардонд, 4000 сомонии дигараш монд. Мо ҳам гуфтем, ки агар боз 1 санҷиши дигар гузаронанд ин 4000 сомониашро низ 0 карда, рӯзнома ягон дирам гирифта наметавонад.

Ҷумъа, 14 Апрел 2017 09:09


Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 12.04.2017 бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шоқосим Шоисломов ва сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Игор Лякин-Фролов мулоқот кардааст.
Чуноне ки сомонаи расмии Мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллӣ дар ш.Душанбе хабар медиҳад, Рустами Эмомалӣ бо ШОқосим ШОисломов ва Игор Лякин-Фролов маҷмуъи масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории шаҳри Душанбе бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русияро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо ба роҳҳои баланд бардоштани сатҳи равобит дар соҳаҳои барои ҳар 2 тараф мувофиқ изҳори назар намуданд.
Оғози парвозҳо дар хатсайри ҳавоии байни шаҳрҳои Душанбе  ва Тошкент ва рӯзҳои наздик баргузор шудани Намоишгоҳи молҳои саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ш. Душанбе аз иқдомоти муҳим дар ин роҳ маънидод гардид.
Ҷонибҳо оид ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои гуногуни мошинсозӣ, техникаи маишӣ, асбобҳои рӯзгор ва дигар  ҷанбаҳо мароқ зоҳир карданд.
Дар мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.
Вобаста ба густариши ҳамкорико бо ФР бошад таъкид гардид, ки тайи 25 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар  ҳамкориҳо сатҳу   уфуқҳои навро касб карданд.
Дар ин давра шаҳри Душанбе бо шаҳри Санкт-Петербург муносибатҳои бародаршаҳриро ба роҳ монда, бо дигар шаҳру вилоят ва минтақаҳои Россия равобити ҳамкориро  вусъат бахшид.



СССР

Ҷумъа, 14 Апрел 2017 09:05


Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ мақолаи журналист Мирзои Фирӯз «Эҳтиёт: Моро заҳролуд мекунанд» (СССР, №1(434), 5.01.2017)-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Табиист, ки бо вуҷуди тақвият додани назорати давлатӣ дар бозори истеъмолӣ, ҳолатҳои риоя нашудани қоидасавдо ва хизматрасонӣ, ба муомилот баровардани молу маҳсулоти пастсифат, аз ҷумла, маҳсулоти ғизоӣ ба назар мерасад ва дар ин маврид эроду масъалагузории муаллиф қобили дастгирист, ки дар самти ҳифзи бозори истеъмолӣ кӯмаки худро мерасонанд ва дар тарғибу ташвиқ оид ба фаҳмондадиҳии аҳолӣ вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон саҳм мегузоранд. Дар натиҷаи пурзӯр намудани назорат ва ҳамзамон кӯшишҳои зиёд ҷиҳати афзун гаштани истеҳсолоти дохилӣ буд, ки воридоти баъзе аз маҳсулоти ғизоие, ки навъашон дар кишварамон истеҳсол мешаванд ва аз ҷиҳати экологӣ тозаанд, кам шуда истодааст. Илова бар ин, аз тарафи Агентӣ воридоти пӯсти мурғ ва ҳамчунин чарбуи чорво аз хориҷи кишвар пурра манъ карда шуда, воридоти равғани нахл коҳиш дода шудааст. Албатта ин амал ба ҳимояи бозори истеъмолӣ ва рушди истеҳсолоти маҳсулоти воридотивазкунандаи ватанӣ замина мегузорад. Бо вуҷуди ин, аз ҷониби баъзе субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродӣ ҳолатҳои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ аз ҷумла ба бозори истеъмолии мамлакат ворид кардани молу маҳсулоти пастсифат ва хатарнок ба назар мерасад. Соли 2016 дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоии Агентии Тоҷикстандарт аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ ба миқдори 6008 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ, ки маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб мераванд, ғайристандартӣ дониста шуда, тибқи тартиби муқарраршуда нисбати соҳибкорони воридкунандаи ин маҳсулот чораҳои маъмурӣ амалӣ шуданд…


Директор Қурбониён И.К.

Ҷумъа, 14 Апрел 2017 09:03


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман 2 гуфтанӣ дорам. 1.Мо имрӯз таърихи давраи ҷанги гражданиро чуқур омӯзем ва бидонем, ки чӣ тавр аз беақлии мо суистифода карданд ва садҳо нафарро куштанд. Аммо афсӯси ман аз он аст, ки ҷавонони мо имрӯз хеле аз китоб дур мондаанд ва метарсам, ки бекитобию бесаводии онҳо боз сабаби ягон нохушии дигар шавад... 2.Андешаи Олимбеки Зиёиён аз ноҳияи Мастчоҳ дар хусуси облаваи деҳқонбачаҳо 100% дуруст аст! Охир, чаро дар қисмҳои ҳарбӣ, дар Армияи миллии кишвар ягон вазирбачаву раисбачаро намебинем? Ку адолат ва баробарӣ?


Исмоил Маҳмудов,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Қумсангир, тел: 93 388 07 47

Ҷумъа, 14 Апрел 2017 08:58


Салом, кормандони гиромӣ ва мардумии СССР! Ман мухлиси ашаддии газетаи СССРам! Ман 1 масъаларо оид ба муоинаи техникӣ (техосмотр) аз шумо пурсиданиам. Имрӯз дар бозор мошинҳои кӯҳнаю миёнаҳол аз 1000 то 5-7 ҳазор сомонӣ нарх доранд. Вақте ки мошини шумо аз техосмотр мегузаронед, қариб 700 сомонӣ дар касса месупоред. Акнун, худ қазоват кунед: Мошин 1000 сомонӣ, техосмотр 700 сомонӣ. Инсоф куҷост? Наход техосмотр қариб ба нархи мошин баробар бошад-аааа! Оё ин рақамро Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва ё дигар идораи дахлдори давлатӣ кам карда метавонад? Тибқи мушоҳидаи ман, бино бар сабаби қимат будани нархи техосмотр аксарияти мошинҳои кирокаш (таксӣ) аз муоинаи техникӣ намегузаранд. Охир, бо нархи 1 техосмотр 1 фаррош 3 моҳ меҳнат мекунад, ва ё ин баробар бо маоши 1 муаллими ҷавон аст. Хоҳиш мекунам, ки ба ин масъала ҳам диққат кунед, ҳам мадад. Охир, шумо метавонед-ку!!!


Неъмат Файзиев,
деҳаи «Қалъаи Дӯстӣ»-и н.Деваштич

Ҷумъа, 14 Апрел 2017 08:57


Ронандаи таксӣ, Аслиддин Бобониёзов, сокини маҳаллаи 104-и ноҳияи Синои пойтахт дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки ман ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқ аз падару модарон ва бародарон хоҳиш дорам, ба фарзандони ноболиғи худ (то 18-сола!) истифодаи телефони мобилиро қатъиян манъ кунанд. Агар ин барои баъзеҳо ғайриимкон бошад, аз телефонҳои дорои бефунксия истифода баранд. Ҷавонони имрӯзро телефонҳое, ки воситаи наворбардорӣ ҳам дорад, вайрон кардан доранд. Дар чунин телефонҳо аксу наворҳои зӯроварӣ, шаҳвониро тамошо карда, беадаб шудан доранд. Ғайр аз ин, маҳз бо чунин телефонҳои наворгир ҳар гуна амалҳои ғайриинсоние, ки ба шаъну шараф ва номуси миллии мо намезебад, сабт карда, ба сайтҳои ифлоси ҷаҳон партофтан доранд. Охир, ин бар зарари мо нест?

Ҷумъа, 14 Апрел 2017 08:51


Донишҷӯ, Салима Мирзобекова, сокини шаҳри Ваҳдат бо СССР телефонӣ дар тамос шуд ва гуфт, ки дирӯз бегоҳӣ аз назди Сирки давлатӣ ба маршруткаи №25 нишастам. Каме поёнтар, тақрибан дар наздикии Прокуратураи Генералӣ 3 духтар савор шуданд, ки ҳар 3 дар даст телефони мобилӣ бо овози баланд ва дағал касеро дашном медоданд, гӯё, ки дар дохили мошин ба ҷуз онҳо касе дигар нест. Аз чеҳраҳои мардум маълум буд, ки ҳама бо асабҳои хароб ва афгор аз кор ба хона мерафтанд. Рафтори ин 3 духтар боз ҳам атрофиёни маро, ки ҳамагӣ калонсол буданд, ба ғазаб овард. Ман бошам аз шарм бо сари хам чизе намегуфтам. Зеро бо ин қабил духтарон дар бораи одоб гап задан мушкил аст. Мардум ба тарафи ин 3 духтари беодоб бо қаҳр ва маънидорона нигоҳ мекарданд ва бо ин гуфтан мехостанд, ки одоби сӯҳбатро риоя кунанд, аммо ягон фоида набуд. То маҳаллаи 82 гӯшу майнаи мардумро хароб карда, фаромада рафтанд.

Ҷумъа, 14 Апрел 2017 08:47


Амалиёти Берлин 23 рӯз, аз 16 апрел то 8.05.1945 идома ёфт ва чун бузургтарин муҳорибаи ҷанги ҷаҳонии 2 ба китоби Гиннес ворид шудааст. Аз 2 ҷониб дар ин амалиёт зиёда аз 3,5 млн сарбоз, 52.000 тӯп ва миномёт, 7750 тонк ва 11 000 ҳавопаймо ширкат доштанд. Дар натиҷаи ин амалиёт Артиши Сурх ба масофаи 100 то 220 км ба Ғарб пешравӣ кард ва бузургтарин гурӯҳи ҳарбии душманро дар таърихи ҷангҳо ба муҳосира гирифта, торумор намуд. Натиҷаи ниҳоии амалиёт ишғоли пойтахти Олмон-шаҳри Берлин гардид. Ба Артиши Сурх дар ин амалиёт маршал Жуков фармондеҳӣ мекард.

саҳ 10 аз 20

Китобҳо

Flag Counter