ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 06 Март 2019 09:08


Дуруд ба СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Дар хабарномаҳо оид ба сохтмон барои пешвозгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар кулли шаҳру навоҳии Тоҷикистон мехонем. Барои мисол: Дар н.Шаҳринав Наҷмидин Айюбов аз ҳисоби худаш дар деҳааш мактаби нави замонавӣ барои 2000 талаба сохт. Ва боз дар маркази ҳамин ноҳия 1 беморхонаи дуошёнаи замонавӣ бунёд намуда, нияти сохтани 1 варзишгоҳ низ дорад ва ғайра!!! 100 аҳсан ба ин шахси сахиву маорифдӯстдор! Вале дар ҷамоати деҳоти Заргар, дар деҳаи Заводи Хишти н.Кӯшониён (собиқ Бохтар) масъулин ҷои замини мувофиқ барои бунёди мактабу бунгоҳи тиббиро ба аҳолӣ ҳамчун замини наздиҳавлигӣ тақсим карда додаанд! Ва мардум ҳоло дар ин замин хона сохтан доранд!!! Сокинони деҳ барои ҳалли ин мушкил дар якҷоягӣ ба Раҳматулло Сафарзода-раиси ноҳия хаттиву шифоҳӣ арз намуданд, аммо ягон натиҷа нест!!!

Асадулло Саъдулло, Саиди Тилло, Бегиҷони Намоз, Ҷамшед Бекназаров,
деҳаи Заводи Хишт, н.Кӯшониён, тел: 93 105 09 01

Чоршанбе, 06 Март 2019 09:03


Аз маркази н.Файзобод то минтақаи Мискинобод 18,5 км роҳ аст ва то солҳои қаблӣ роҳкиро аз 5 сомонӣ боло набуд. Ҳоло ронандагони мардумфиреб баҳонае пеш меоранд, ки «нархи бензину гази моеъ хест, аз ин рӯ роҳкироро аз 7 то 8 сомонӣ бардоштем, то хароҷоти роҳро барорем». Аксари онҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи патенту иҷозатномаи ГАИро надоранд. Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти ноҳия шуъбаи иқтисод ва савдо ҷойгир аст, ки вазифаи ҷонии онҳо танзими роҳкирост! Лек рӯзи дароз масъулин дар утоқи корӣ, дар таги «кондитсионер» нишаставу парвои мусофиронро надоранд! Зеро худ мошинсаворанд! Дар даврони Шӯравӣ мошине, ки дар ҳолати носоз қарор дошт, ҳаракаташро дар хатсайр манъ мекарданд. Ҳоло баракс!!!

Ҳокими Сафар,
ноҳияи Файзобод

Чоршанбе, 06 Март 2019 08:58


25.02.2019. Соат ба вақти СССР 10:43 дақиқа. Дӯсти овони баччагиям, Баха меҳмонам шуд. Чун пурсидам, куҷо будӣ, ки телефонат намегирифт, гуфт:
-Русия рафтам то нафақаамро туғрӣ кунам!
Баха полковники мақомоти қудратист ва тӯли тамомии даврони истиқлолият, яъне 28 сол дар ҳифзи марзу бумамон буд… Мардум, ба вежа, масъулини соҳа, боре андешидаед, чаро афроде, ки умри худро бар ҳимояти марзу буми ватан бахшидаанд, баъди бознишастагӣ Русия фирор кардаву нафақа «туғрӣ» мекунанд??? Куҷо равонаем(д)??? Ин дар ҳолест, ки фарзи мисол, Алии Беҳудуд, ки дар Афғонистон ҷангидаву сипас 4 даҳсола мубаллиғи ватану ватандорӣ буд, то имрӯз ба нафақа баромада наметавонад!!!
Воқеан, Алӣ яке аз патриотҳои Тоҷикистон ҳамон рӯзу соат меҳмони СССР буд ва аз Баха роҳу усули нафақагирӣ дар Русияро пурсид... Чаро мардумро ин қадар барои нафақаи кӯчаке ғам медиҳем? Медонам, ки амру дастур барои саҳҳеҳияти нафақа содир шудааст, аммо ин ба маъние нест, ки дигар ҳамаро аз 1 элак бехтаву саллаву каллабиорӣ кунем(д). Он дастур барои саҳҳеҳияти нафақаи чанд «каллахӯре» буд, ки даҳҳо ҳазор сомонӣ маоши бознишастагӣ мегирифтанд, на саргардонсозии камбағалу маъюбу маълулони бечора!
Акнун дар бораи маълулон: ҳамагӣ 3 рӯз пеш аз ин моҷаро аз ноҳияи Данғара 2 маъюби модарзод-Ҳусейновҳо, ки синнашон 27-29 сол буду қаддашон ҳудуди 1 метр беш на (ақлашон низ нуқс дошт!), барои саҳҳеҳияти нафақаи маълулӣ ба пойтахт, барои ташхис омада буданду 100 дареғ духтуре онҳоро «сиҳҳат» баровард!!! Парадокс? Оре, аммо факт! Танҳо баъди шикваи волидайн ба редаксия ва дахолати газетаи мардумӣ, ин маъюбон «добро»-и «пенсия» гирифтанд. Маро ашк дар чашм ҳалқа зад, вақте яке аз ин маъюбон, ки Лангарӣ ном доштааст, гуфт:
-Ака, аз нафақаи якумам ба шумо 1 ҳиндук мехарам!!!
Мо ҳатто маъюбу маълулонро порате кардаем. Куҷо равонае(д)м, эй мардум???
Давлати пирӣ…Беҳтарин дуои Тоҷик ҳам ин аст, ки «Худо Давлати пирӣ насибат гардад!». Вале бо ин нафақаи ночиз ва саргардонӣ оё мешавад умуман ба пирӣ расид? Дуруст аст, ки бархе коре накардаву ба нафақа мебароянд ва маоши бознишастагияшон низ бояд ночиз бошад. Ва аммо афроде, ки барои Ватан хидмат кардаанд, шӯҳрати Миллатро дар ақсои олам бардоштаанд, оё ҳуқуқи рондани Давлати Пирӣ надоранд?
26.02.2019. Соат ба вақти ТВ Синамо 08:22 дақиқа. Аз ин шабака филми ҷонгудози «Зане аз раҳи дур», бо ширкати Ирина Калиновскаяи паричеҳра ва Ҳошим Гадоеви беамсол мерафту маро дигар манзара пеши чашм омад. Мактуби Ҳошим Гадо барои каме ҳам бошад зиёд кардани нафақааш. Нома ба русист ва ҷоиз медонам порае аз онро ба забони асл ин ҷо биорам. Зеро бовар дорам, дар сатҳи болоии давлат аз ҳоли зори Артисти халқии СССР, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи В.И.Ленин, Ҳ.Гадоев иттилои дуруст надоранд. Вагарна ҳунарманд ин мактубро наменавишт…
«Я, Хошим Гадоев, имею стаж работы в театре и кино более 60 лет, а также имею 40-летний стаж (с перерывами) педагогической деятельности в Институте искусств им. М. Турсунзаде. В театре и кино мною созданы 70 главных ролей и около 30 режиссерских постановок. Всю жизнь я верой и правдой работал во благо Таджикского народа… Скоро мне исполнится 82 года. Я получаю мизерную пенсию, я одинок и не имею ниоткуда материальной помощи… Для сравнения, мои коллеги в России со званием Народных артистов СССР получают в 100 раз больше пенсию, чем я, а я  вынужден бедствовать. И вот уже более 20-лет я не могу восстановить справедливость создавшегося положения»…
Воқеан ҳам Ирина Борисовна Калиновская Артисти халқии СССР ва барандаи Мукофоти Ленин нест, аммо зиндагонии шоистае дорад дар Маскав ва нафақаи баланд мегирад, маоше, ки Гадоев онро орзӯ ҳам карда набитвонад. Масъулини муҳтарам, агар Ҳошим Гадоев низ дасти оз сӯи Маскав дароз кардаву рафта нафақаашро «туғрӣ» кунад, айбу шарм намешавад?
Тамомии мардуми олам барои он ба Ватан содиқона хидмат мекунанд, ки дар пиронсолӣ нафақаи шоиста бар зиндагонӣ бигиранду давлати пирӣ ронанд! Оё шумо ба пирӣ намерасед, а, масъулини соҳа???
Ба ҳоли пир механдӣ? Маханд охир!
Ба пирӣ ҳам расидан кори осон нест!!!
Ин аллакай классика аст: Ашӯр Сафар…ва мавзуъи дигар…
Мо Метавонем!

Душанбе, 04 Март 2019 16:27


   Тибқи Фаромони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз ба тасвиб расид, Маҳмадалӣ Ватанзода-котиби Шӯрои амнияти ҶТ таъин карда шуд. Ӯ дар ин вазифа Қаҳоров Абдураҳим Абдулаҳадовичро, ки бинобар бо сабабаи ба синни нафақа расидан аз вазифа озод карда шуд, иваз намуд.
   Инчунин, бино ба иттилои расмӣ, Зариф Ализода, ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-Намояндаи ваколатдори Президенти ҶТ дар ММ ва МНМО ҶТ таъин гардид. Бо Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон Умед Бобозода Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ таъин карда шуда, Шералӣ Хайруллоев-ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ низ бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифа озод карда шуд.

Душанбе, 04 Март 2019 10:03


   Рӯзи 2.03.2019 дар сарҳади миёни Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Боботоғи Ҷумҳурии Ӯзбекистон боз 1 нуқтаи назоратӣ-гузаргоҳии автомобили дуҷониба ифтитоҳ ёфт.
    Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд, дар маросими ифтитоҳ Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти амнияти давлатии ҶӮ Руслан Мирзоев иштирок намуданд.
   Ин гузаргоҳ ҳанӯз дар даврони шӯравӣ бунёд шуда, ҳоло он мутобиқ ба талаботи замонавӣ таҷдид гардида, бо техника муосир ва имконот барои ҷорӣ намудани хадамоти сарҳадӣ муҷаҳҳаз шудааст. Бояд зикр намуд, ки имрӯз миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 17 нуқтаи назоратӣ- гузаргоҳӣ фаъолият мекунад.

Душанбе, 04 Март 2019 09:59


Шоми 1.03.2019, тахминан соатҳои 19.00 дақиқа дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ навори латукӯби бераҳмонаи 1 ҷавондухтари тахминан 20-25 сола аз ҷониби ҷавонписари тахминан 25 сола паҳн гардид.
     Вобаста ба ошкору муайян намудани ҳолатҳои дар навор инъикосгардида соати 20.00 дақиқаи санаи 1 март дар Раёсати ВКД дар ш.Душанбе ҷаласаи махсуси оперативӣ баргузор гардида, дар асоси супориши роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт бо ҷалби кормандони ботаҷрибаи самтҳои оперативӣ ва тафтишотӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуд. Сипас гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии милитсияи пойтахт бо баргузор намудани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар муҳлати ҳамагӣ 2 соат парда аз рӯи ҷинояти бераҳмонаро, ки нисбати 1 ҷавонзани 23 сола раво дида шудааст, бардошта, нафари гумонбарро ба мақомоти милитсия дастрас намуданд.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти РВКД дар ш.Душанбе хабар доданд, дар натиҷаи чорабиниҳои тафтишотӣ ва пурсиши гумонбару ҷабрдида муайян карда шуд, ки дастгиршуда Азизов Хуршед Абдунаимович санаи 1.03.2019 тахминан соати 06.00 дақиқаи субҳ бо мақсади ҷинояти авбошӣ, яъне дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ки беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад, ҳангоми дар назди тарабхонаи Галаксӣ, воқеъ дар кӯчаи С.Носири шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо ҷавондухтари 23 сола, сокини ш.Душанбе, ки бо ҳам шинос буданд, дарафтода, охиронро бо тариқи зӯроварӣ ба бағоҷи автомашинаи сабукрави тамғаи Тайота-Кемрӣ рақами қайди давлатиаш 0436 НН 01 андохтанӣ шуда, мавриди латукӯби шадид қарор додааст. Илова бар ин, гумонбаршуда ба кирдорҳои авбошонаи худ идома дода, баъди аз бағоҷи автомашина баровардани ҷабрдида боз дар якчанд маврид ба узвҳои муҳими ҷавондухтар бо дастону пойҳояш задааст.
  Бо назардошти ҳолати мазкур ва дар асоси далелҳои овардашуда, ки кирдорҳои ҷиноятии гумонбаршаванда Азизов Хуршедро тасдиқ мекунад, нисбати охирон бо моддаи 237 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ таҳти №4052 аз 2 марти соли 2019 оғоз карда шуда, гуонбаршуда Азизов Хуршед Абдунаимович дар Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дорад.



Ҷумъа, 01 Март 2019 09:44


   Дар мувофиқа бо Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон намудҳои халтачаҳои наврӯзӣ тасдиқ гардиданд. Халтачаҳои наврӯзӣ, ки барои тӯҳфаҳо пешбинӣ шудаанд, бо шаклу дизайни гуногун таҳия карда шуда, дар онҳо рамзу ангораи Наврӯзи соли 2019 тасвир ёфтаанд.
    Гуфта мешавад, ки вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, ш.Душанбе, шаҳру ноҳияҳо метавонанд ба корхонаҳо ва ширкатҳои хусусӣ ҷиҳати омода кардани халтачаҳо аз матоъҳои гуногун, коғазҳои ранга, картон, халтачаҳои полиэтиленӣ ва дигар навъҳои матоъ дастур диҳанд, ки намудҳои мухталифи халтачаҳоро дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ омода намоянд.
    Дар рӯзҳои Иди байналмилалии Наврӯз сокинони кишвар метавонанд барои гирифтани тӯҳфа аз он истифода кунанд. Тӯҳфаҳо ба ятимон, беморон, барҷомондагон, пиронсолон, кӯдакону наврасон низ тавассути чунин халтачаҳои наврӯзӣ тақдим карда шавад. Истифодаи чунин халтачаҳои наврӯзӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шавад.


Ҷумъа, 01 Март 2019 09:23


Рӯзҳои 2-12 март дар ш.Красноярски Федератсияи Россия бо сарпарастии Федератсияи байналмилалии варзиши донишҷӯён (FISU) 29-ум Универсиадаи зимистона доир мегардад, ки дар он варзишгарони тоҷик низ иштирок мекунанд.
Тавре ба мухбири СССР аз Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар доданд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 4 варзишгар-Садолати Ибодулло, Сайфиддини Низомиддин, Соҳибназар Соҳибов, Баракатулло Зокиров бо роҳбарии раиси Ассотсиатсияи варзишгарони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон Шодӣ Сафаров дар ин Универсиадаи зимистона иштирок мекунанд. д. Варзишгарони мо дар намуди лижаронии кӯҳӣ, қувваозмоиҳои слаломи бузург (7-8 март) ва слалом (10-11 март) баромад мекунанд.
   Дар ин чорабинии варзишӣ донишҷӯёни 17-25-сола аз тамоми ҷаҳон имкони иштирок доранд. Донишҷӯ-варзишгарон барои 76 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 11 намуди варзиш мубориза мекунанд: биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронӣ, сноуборд, ҳадафгирии варзишӣ бо лижа, рақси рӯи ях, фристайл, хоккей, хоккей бо тӯб, шорт-трек. Дар Универсиада иштироки беш аз 3000 варзишгар аз 50 давлати дунё дар назар аст.

саҳ 11 аз 12

Китобҳо

Flag Counter