ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 17 Июл 2019 09:47

 

Бузургтарин набарди тонкӣ

12.07.1943 дар рафти муҳорибаи Курск, дар назди деҳаи хурди Прохоровка бузургтарин набарди тонкии ҷанги ҷаҳонии 2 ба вуқӯъ пайваст. Худи ин ҳарб яке аз муҳорибаҳои бузурги ҶБВ буда, 5.07.1943 оғоз шуда, то 23 август идома ёфт. Ин ҷанг дар таърихнигории шӯравӣ маъруф аст ва онро муҳорибае, ки ба куллӣ вазъияти ҷангро тағйир дод, ном мебаранд. Аз ҳар 2 тараф дар он 4 млн аскар, 69.000 тӯп, 13.000 тонк ва 12.000 тайёра ширкат варзиданд. Ба андешаи муаррихони немис, тобистони с.1943 ба Фюрер бори охирин муяссар шуд, дар Фронти шарқӣ ҳамаи нерӯҳояшро дар 1 мушти зарбазан ҷамъ орад. Он шабу рӯз дар ғарби Рейхи 3-ум вазъият муташанниҷ шуд. Нерӯҳои олмонӣ дар Африқои шимолӣ чун ҳеҷ кумаке аз Олмон намеёфтанд, тобистони с.1943 ба амрикоиҳо таслим шуданд ва нерӯҳои амрикоӣ-инглисӣ ба Итолиё таҳдид мекарданд. Сабаби дигаре низ вуҷуд дошт ва Гитлерро бисёр хавотир намуда буд. Баъд аз пирӯзӣ дар Сталинград Артиши Сурх (АС) нерӯи азиме пайдо карда буд ва Сталин ба ҳуҷуми навбатӣ тайёрӣ медид. Тибқи маълумоти немисҳо ин ҳуҷум маҳз дар наздикиҳои Курск бояд сар мешуд. Гитлер метарсид, ки ҳуҷуми ногаҳонии АС метавонад мисли тарма ҳама чизро аз сари роҳ бардорад. Лиҳозо, дар Берлин қарор доданд, барои пешгирии ҳуҷум худашон амалиёти таҳоҷумӣ гузаронанд ва аввалин шуда, зарба зананд. Амалиёти немисҳо дар ҳоли пиёда мешуд, ки нерӯҳояшон аз АС 3 баробар камтар буданд. Бо вуҷуди ин Фюрер ба амалиёт розӣ шуд. Гитлер ният дошт бо тонкҳои наваш хатти фронтро рахна кунад. Тонкҳои немисии "Паланг" (Тигр) ва "Юзпаланг" (Пантера) он шабу рӯз нерӯи азиме буданд. Дар Курск беҳтарин ва яккачинтарин қисмҳои тонкии олмонӣ, мисли дивизияҳои тонкии СС "Викинг", корпуси 2-уми тонкии СС ширкат варзиданд ва бештари тонкҳои нав низ дар ин қисмҳо тақсим гардида буд. 

Чоршанбе, 17 Июл 2019 09:42

12.07.1943. Дар рафти муҳорибаи Курск, наздики деҳаи Прохоровка бузургтарин набарди тонкии Ҷанги ҷаҳонии 2-ум ба вуқӯъ пайваст.

12.07.1988. Шӯрои вилоятии Қарабоғи Кӯҳӣ эълон намуд, ки Вилояти мухтори Қарабоғи Кӯҳӣ аз ҳайъати Озарбойҷон берун меояд.

13.07.1955. Дар СССР аввалин шумораи маҷаллаи "Адабиёти хориҷӣ" ба чоп расид. Ин маҷалла дар давраи пешазҷангӣ бо номи "Адабиёти интернатсионалӣ" рӯи чоп меомад ва бештари асарҳои адибони хориҷӣ дар он ба чоп мерасиданд.

13.07.1962. Дар заводи тракторсозии ба номи Кирови шаҳри Ленинград аввалин трактори К-700 "Кироветс" сохта ба истифода дода шуд. Ин трактор яке аз беҳтарин тракторҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт ва дар хоҷагии қишлоқи кишвар васеъ истифода мешуд.

14.07.1941.Артиши Сурх дар рафти ҶБВ барои аввалин бор тӯпхонаи реактивии БМ-13 ё ҳамон "Катюша"-ро мавриди истифода қарор дод. Катюшаҳо истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Оршаро тирборон намуда, ба душман зиёни калони ҷониву молӣ расониданд.

15.07.1917.Намояндагони ҳизби кадетҳо ба нишони эътироз аз иқдоми вазирони чап барои эътирофи мухторияти Украина аз ҳайати Ҳукумати муваққат берун омаданд. 

15.07.1923. Дар СССР аввалин ширкати давлатии ҳавоӣ "Аэрофлот" таъсис дода шуд ва худи ҳамин рӯз аввалин хатсайри ҳавоии СССР бо масири Маскав-Нижний Новгород ба кори худ шурӯ кард.

15.07.1975.Аввалин парвози кайҳонии муштараки СССР ва ИМА. Киштии кайҳонии шӯравӣ "Союз-19" ва киштии кайҳонии амрикоӣ "Апполон" дар фазо бо ҳам васл гардиданд.

Чоршанбе, 17 Июл 2019 09:39

Сарпрокуратураи ҳарбии ҶТ мақоларо зери унвони «Мо ва «Облава»-и мо» (СССР, №16(553), 18.04.2019) баррасӣ кард. Тибқи моддаи 43 Конститутсияи ҶТ «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Мутаассифона ҳастанд ҷавононе, ки масъулияти шаҳрвандии худро дуруст дарк накарда, бо ҳар роҳу восита аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, ки онҳо дар асоси руйхати пешниҳодкардаи комиссариатҳои ҳарбӣ тибқи талаботи моддаи 3 қонуни вежа аз тарафи мақомоти корҳои дохила якҷо бо намояндагони дигар мақомоти ваколатдор ба комиссияҳои даъват ҳозир карда мешаванд, ки чунин ҳолатҳо дар байни аҳолӣ ҳамчун «Иҳотагарӣ» ё «Облава» маъмул гаштааст. Сабаби асосии ин ҳолат дар он ифода меёбад, ки қисме аз ҷавонон бо мақсади саркашӣ аз даъват ба хизмати ҳарбӣ аз маҳалли иқомат ба дигар маҳал, ё хонаи хешовандонашон рафта, худро аз рӯи тартиби муқарраршуда дар қайди комиссариати ҳарбӣ нагузошта, бо ин роҳ аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд. Тибқи талаботи қонун шаҳрванд вазифадор аст, ки ҳангоми иваз кардани ҷои истиқомати доимӣ ва ё ба маҳалли зисти дигар муваққатан рафтан дар муҳлати 3 рӯз бояд ба комиссариати ҳарбии он маҳал ҳозир шуда, худро ба қайди ҳарбӣ ё муваққатӣ гузошта, ба иҷрои уҳдадории ҳарбии худ софдилона муносибат кунад. Дар мавриди ба хизмати давлатӣ баъд аз хизмати ҳарбӣ ба кор қабул кардани ҷавонон бояд гуфт, ки ҳоло дар аксар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳангоми ба кор қабул кардан ба ҷавонони хизмати ҳарбиро адокарда бартарӣ дода шудааст. Илова бар ин ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба довталабоне, ки хизмати ҳарбиро адо кардаанд, имтиёз пешбинӣ шудааст…

Алимардонзода М.А.,

муовини Сарпрокурори ҳарбии ҶТ, полковники адлия

 

Чоршанбе, 17 Июл 2019 09:37

Узви Ихвон-ал-СССР, Латиф Насруллоев, донишҷӯ аз ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба СССР занг задаву гуфт, ки имрӯз дар матбуоти даврӣ мехонем, яке коршинос, дигаре обшиносу хокшинос, сиёсатшинос, диншинос… Ҳама бо ину он шинос! Лек дар асл бархе сиёҳро аз сафед фарқ намекунанд. Сиёсатдон касест, ки оқибати ҳар кору гуфторро мебинад, мисли фолбину пешбин дақиқ мегӯяд. Дар Тоҷикистон 1 сиёсатдон буд-марҳум Тоҳир Абдуҷаббор, ки ба куллӣ сиёҳро аз сафед фарқ мекард. Ҳар сол танҳо зидди Русия гап мезанем. Биёед, аввал ба худ нигарем. Дар охир гуфтаниям, ки чаро мо мисли Жириновский дипломату гапзан ва гапдон надорем???

 

Чоршанбе, 17 Июл 2019 09:35

Муаллими собиқадор Мирзоҳикмат Маҳкамов аз деҳаи Ворухи шаҳри Исфара бо телефони 98 799 64 05 ба СССР занг задаву гуфт, ки Ворухи мо ин шабу рӯз 2 мушкили умдаи иҷтимоӣ дорад: Набуди нуқтаи паспортдиҳӣ ва киоск. Ва 1 ҳафта боз дӯстону шогирдон аз ман хоҳиш доранд, ки “албатта дархости моро ба СССР расонед”. Воқеан, дар ин шабу рӯзе, ки мардум дар навбати гирифтани паспорти нав ҳастанд, ҳама сарсону саргардон. Хайр, аз ман занг задан буд, гуфтам.

 

Чоршанбе, 17 Июл 2019 09:31

Дуруди беандоза ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР. Ман сокини деҳаи «Коммунизм»-и ҷамоати деҳоти Айнӣ (собиқ Уялӣ) ҳастам. Гарчанде, синну солам ба ҷое расида, лек бо ҳар роҳ газетаро пайдо карда, мехонам. Мо-сокинони русто 1 мушкили чандинсола дорем: Аз набуди оби полезӣ аз кишти кишоварзӣ ва дарахтони мевадору сояафкан маҳрум шудем. Ҳол он ки дар маркази ҷамоат зиндагӣ дорем. Ман медонам, ки агар дар ин деҳа ягон зӯр-чиновник-калон зиндагӣ мекард, кайҳо ин масъала ҳал шуда буд. Дар ин хусус борҳо ба масъулини ҳукумати ноҳия муроҷиат кардем, лек ягон натиҷа нест!!!

Нусратулло Назаров,

н.Хуросон, тел: 911 09 45 56

 

Чоршанбе, 17 Июл 2019 09:26

Дӯстам Сайёф! Дар рӯзномаи Шумо «ID шиноснома-зарурат надорад, иваз  накунед» ном шарҳро хонда, бисёр чизро фаҳмидам. Раҳмат ба редаксияи «СССР»-у шореҳи ӯ-Ҷамила Ҳусейнова. Лек 1 чиз нофаҳмо монд. Онро аниқ кардан мехоҳам. Ба ман телефони кисагиам лозим аст. Аз ман талаб доранд, ки симкорти онро аз нав ба қайд монам. Бепул. Аммо бо шиносномаки намунаи с.2014. Барои ман шиносномаи нав зарурат надорад. Зеро шиносномаи намунаи с.1996 бароям азиз ва кифоя аст. Ҳамчунон тавре менависед, «Шиносномаивазкунӣ амали маҷбурӣ нест ва шиносномаҳои намунаи с.1996 низ то охир расидани муҳлати истифодаашон қурб доранду дар баробари шиносномаи кортӣ истифода мешаванд». Пас, чаро Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ онро ба эътибор нагирифта, ҳуҷҷати дигарро барои азнавбақайдгирӣ талаб дорад? Фармони Президенти ҶТ аз 28.10.2014 таҳти №282 муқаррар кардааст, ки «шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 дар қаламрави кишвар то ба итмом расидани муҳлати амали он эътибор дорад». Оё Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ ҳақ дорад ин Фармонро иҷро накунад?

Бо эҳтиром, Иброҳим Усмонов,

нафақахӯр, шаҳри Душанбе 

Аз СССР: Суол мантиқӣ ва қонунист! Газетаи мардумӣ ин матлабро нашр карда, аз Бег Сабур-раиси Хадамоти Алоқаи назди Ҳукумати ҶТ расман посухи ин суолро талаб дорад. Мо чоп мекунем. Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, 17 Июл 2019 09:20

Ба фикри сирф фардии ман, ки метавонад ғалат ҳам бошад, бояд сар аз ҳамин ҳафта вожаи «КАЛОН» умуман аз корбаст ва истифода бардошта шавад! Мефаҳмонам, чаро?

Ҳоло дилхоҳ гаишник, милиса, болниса, суд, прокурор, ходим, масъул, қаровул, чиновник, фаррош, муаллим, директор… вожаи дӯстдоре дорад: 

-Калон!

Зери ин мафҳум онҳо ҷурму хатои хешро пӯшонида тамомии қубҳу гуноҳи хешро сари Калон мезананд ва худро сафед мекунанд. Дигар фарқ нест, ки суд нафареро бе гуноҳ ҳабс кардааст, милиса касеро боздошт намудааст, прокурор одамеро сиёҳ кардааст, қаровул беодобӣ кардааст, гаишник пул ситондааст, зиндонбон маҳбусеро лату кӯб сохтааст... 

-Калон! Фармони Калон!!!

Яъне чӣ? Яъне айби Калон аст, на аз мо. Ҷурм дар Калон аст-на дар ман. Калон мекунад-на мо…

Имрӯз ба кару кӯр ҳам собит аст, ки бо корбасти вожаи Калон ҳама худро мусичаи бегуноҳ мебарорад, типа, ман кистам, ки аз дастам чунин беинсонфӣ ояд? Ба ман АМР шудааст. Фармон аз БОЛО, аз Калон…

Калон кист? 

Суолест, ки бояд вазирони қудратӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, командаи идеологӣ ба он посух гӯянд! Вале мо танҳо аз диди халқ ба гӯши ин масъулин мерасонем, ки Калонгӯии шумову зертобеинатон соя бар ҳукумати марказӣ ва давлат меафганад! Шумо хуб медонед, ки мо чиро дар назар дорем. Бо обрӯву имиҷи давлат ва ҳукумат набояд бозӣ кард!!!

Ҳафтаи пор дар Суғди бостонӣ истироҳат доштем ва 1 моҷаро ба навишти ин матлаб таҳрикамон дод. Огаҳон медонанд, ки аз Бӯстон то Хуҷанд шоҳроҳи васеъест, ки 1 хатти бутун-«полоса»-и алоҳида дорад. Ронандаи мо ғофилан ин полосаро зер карду манъаш карданд. Чу пурсид, ки сабаби ист фармудан чист…, посухи нозир моро шокӣ кард, ки гуфт:

-Аз роҳ худи Калон мегузарад! Дигарҳоба мумкин нест!!!

Калон кист? 

Пеши қассобе навбат будем, ки нафаре омадаву гуфт:

-Гӯшти нағз ҷудо кун, ба Калон мебарам!!!

Калон кист???

Мутаассуф, моҷарои мазбур имрӯзӣ нест. Солҳост давом дораду касеро парвое нест: Боре СССР мушкили судӣ бо 1 нафаре дошт. Чанд рӯз пас 2 масъули баландпоя бо мо сӯҳбат карданду гуфтанд, ки мабодо ягон зиёнатон расад, аз мо набинед. Калон амр кардагӣ…

Калон кист? Эй мардум!!!

1000% онҳо дурӯғ мегуфтанд, зеро Калоне, ки онҳо дар назар доранду мо зери ин мафҳум мефаҳмем, то ин ҳадд бекор нест, ки дасташ ба ҳама ҷо расад! Инро суистифода аз мансаб мегӯянд. Инро коррупсия мегӯянд! Коррупсия танҳо пораву ришва гирифтан нест, охир!!!

Калон барои чиновникҳои мо вожаи обсофкунак шудааст!!! 

Зери вожаи Калон пинҳон кардани ҷурму хатои худ оқибати баде дорад. Зимнан, бояд сар аз ҳамин рӯз вожаи «Калон» умуман, қонунан, зотан, маънаван аз даҳони масъулин шуста шавад. Ва барои расидан ба ин ҳадаф бояд чанд гаишник (ба вежа, нозирони «спецподразделение»), милисаву суду прокурору масъулу чиновник расман боздошт ва дар назди Оинаи Нилгун иқрор ва муҷозо шаванд, ки чаро калимаи Калонро истифода мебурданду мебаранд! Зеро то инҳоро расман ва ошкоро ҷазо надиҳем, пушти фразеологияи рехтаи асри 21-«Калон гуфт!», «Амри Калон!», «Фармон аз Боло…» ишон қубҳу хатои хешро пинҳон мекунанду мардумро аз ҳукумат дилсард…

Ба гуфтаи бобои Ғуломи таърихӣ: 28 сол шуд, онҳо бо думи Шер бозӣ доранд…

Сари мавзуъ ҳатман бармегардем. Мо Метавонем!

 

саҳ 9 аз 15

Китобҳо

Flag Counter