ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 05 Июл 2019 08:59

 

    Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст ба зарардидагони офатҳои табиӣ, аз ҷумла обхезӣ ва селҳои пайдарпай, ки дар аввали моҳи июни соли ҷорӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба амал омаданд, кӯмаки башардӯстона ирсол намояд. Кӯмаки бевоситаи Иттиҳоди Аврупо, ки маблағи 70 ҳазор евроро ташкил медиҳад, ба 2750 шахсони бештар зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Суғду Хатлон расонида мешавад.

   Чуноне ки ба мухбири мо дар намояндагии ИА дар Тоҷикистон хабар доданд, кӯмаки фаврӣ аз ашёҳои таомпазӣ ва асбобҳои маишӣ, ашёи омода намудани хӯрок, кӯрпача, кампал, рахти хоб, сатил ва тентҳои пластикӣ иборат аст. Ғайр аз ин, ба оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра хароб шудааст ва ё зарари ҷиддӣ дидаанд, кӯмакпулии бебозгашт пардохт гардида, ин амал имкон медиҳад то онҳо талаботҳои зарурии хешро қонеъ намоянд.

   

 

Ҷумъа, 05 Июл 2019 08:56

   Чуноне ки маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, ноболиғ Очилдиев Сунатуллои 13 сола, сокини деҳаи Чоряккорони н.Рӯдакӣ дар оташ задани Осияи 6 сола нақши асосӣ дошта, номбурда пеш аз оташ задан бо сагҳояш ҷабрдидаи ноболиғро тарсонидааст. Дар айни замон Очилдиев Сунатулло, ки дорои бемории фалаҷи майнаи сар ва ноқисулақлӣ мебошад, дар муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон» бистарӣ карда шуда, зери назорати табибон қарор дорад ва сагҳои ӯ безарар гардонида шуданд. 

    Тавре қаблан хабар дода будем ноболиғ Осия Зулфоноваи 6 сола рӯзи 19.06.2019, тахминан соати 11:30 дақиқа, дар н.Синои ш.Душанбе бо ҷароҳатҳои сӯхтаи бадан дар Беморхонаи шаҳрии №3 бистарӣ гардида буд. Бо дастури Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетикӣ ва бемориҳои сӯхта (комбусталогия) ҳамзамон Президенти асотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо Эдгар Бимер ҷиҳати дидан намудан аз вазъи саломатии ноболиғ Зулфонова Осия ба Душанбе ташриф овард. Баъд аз муоина профессор Эдгар Бимер вазъи саломатии ҷабрдидаи ноболиғро мӯътадили вазнини миёна арзёбӣ карда, мавсуф аз рӯи таърихи бемории Зулфонова О. пешакӣ омӯхтааш, бо худ тамоми дорувории зарурии беҳтаринро барои муолиҷаи ҷабрдида овардааст. Лозим ба таъкид аст, ки ин табиб тариқи ройгон ба ноболиғ Зулфонова Осия кӯмак мерасонад.

 

Ҷумъа, 05 Июл 2019 08:54

 

    Доктори илмҳои химия, мудири лабораторияи Институти химияи ба номи В.И. Никитини  АИ ҶТ Зайниддин Муҳиддинов барои 14 ихтирооти дар истеҳсолот татбиқшуда, доктори илмҳои биологӣ, сарходими илмии Институти  ботаника, физиология ва генетикаи АИ ҶТ Қурбоналӣ Партоев барои 10 ихтирооти дар истеҳсолот татбиқшуда ва устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ Парвиз Солиев барои 21 шаҳодатномаи навоварӣ, ки ҳамаи онҳо дар соҳаи маориф татбиқ шудаанд, ғолибони озмуни  ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон» гардиданд. Онҳоро бо «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз намуданд.

    Чуноне ки АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, озмун аз рӯйи 3 номинатсия-«Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» аз рӯйи патент ё нахустпатенти ҶТ, ҳамчунин аз рӯйи патенти авруосиёгӣ ё патенти дигар давлати бо ишораи Тоҷикистон ҳифзшаванда, «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» аз рӯйи шаҳодатномаи муаллифӣ барои ихтироъ, «Навовари беҳтарини Тоҷикистон» аз рӯйи  санадҳои тасдиқкунандаи навоварӣ эълон ва гузаронида шуд. Дар озмун қариб 60 нафар ихтироъкорон ва навоварон аз муассисаҳои илмии мамлакат иштирок намуда, дастовардҳои илмии хешро муаррифӣ намуданд.

   Мақсад аз эълон ва гузаронидани озмун ин пурзӯр намудани фаъолияти инноватсионӣ ва ихтироъкорию навоварӣ дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбӣ,  муаррифии ихтироот ва татбиқи онҳо дар иқтисодиёти кишвар,  ҳамчунин  аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд гардонидани беҳтарин ихтироъкорон ва навоварони ҷумҳурӣ буд.

   

 

Ҷумъа, 05 Июл 2019 08:51

 Дар 2 боғи фарҳангиву фароғатии пойтахт-ба номи С.Айнӣ ва А.Дониш ду минтақаи озоди Интернет таъсис дода шудааст. Ҳамакнун, сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд ҳангоми сайругашти шомгоҳӣ аз ин минтақа, ки бо Интренети баландсуръат таъмин карда шудааст, истифода бубаранд.

   Чунин имконотро барои сокинон ширкати Мегафон Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҳукумати ш.Душанбе фароҳам овардааст.

 

 

Чоршанбе, 03 Июл 2019 16:22

Муаллими собиқадор Саидмуҳиддин Аминов аз ноҳияи Фархор дар меҳмонии СССР гуфт, нек ёд дорам дар замони СССР дар муассисаю ташкилотҳо вохӯриҳо, шабнишиниҳо, хурсандиҳо гузаронида мешуд. Хоса, аз ҳама зиёд дар мактабҳои миёна таҷлили занги охирин ба ҳукми анъана даромада буд. Хатмкунандагон интизори ба охиррасии соли таҳсил-занги охирин буданд. Ҳич намефаҳмам, ки чаро онро манъ карданд. Ҳол он ки занги охир барои мактаббачаҳо шодию хурсандист ва тамоми умр дар хотир боқӣ мемонад. Ғайр аз ин дар мактабҳо гузаронидани шабнишиниҳо бахшида ба Соли нав, Иди занҳо-8 март, 23 феврал-Рӯзи Артиш ташкил карда мешуд. Боз хонандагони мактаб баъди 10-20-30 сол бо ҳам вомехӯрданд, ки ин носталгия буд! Аммо намедонам, ин хурсандиҳоро кӣ барҳам дод ва барои чӣ? Ба мо маълум аст, ки дар ш.Душанбе ва баъзе шаҳру ноҳияҳо баъди гузаронидани чунин хурсандиҳо бархе ҳодисаҳои нохуш рӯй дод. Чаро дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ чунин ҳодисаҳо рӯй намедод? О, намешавад, ки ҳангоми гузаронидани занги охирин ягон намоянда аз ҳифзи ҳуқуқ иштирок кунад, бо маъмурияти мактаб дуруст назорат баранд ва бачаҳо хурсандии худро гузаронанд?! Ҳоло барои бачаҳо ғайр аз иди Рамазону Қурбон ягон хурсандии дигар боқӣ намондааст!

 

Чоршанбе, 03 Июл 2019 16:21

Президенти Русия Владимир Путин бо имзои як фармон муҳлати санксия-таҳримҳоеро то охири с.2020 дароз кард, ки воридоти молро аз Иттиҳоди Аврупо манъ мекунанд. Ин таҳримҳоро дар Москва "чораҳои ҷавобӣ" ба ИА ва Амрико меноманд. Кишварҳои Аврупо бар тибқи иттилоъи Роскомнадзор аз ин таҳримҳо аллакай беш аз 144 млрд доллар зарар дидаанд. 

 

Чоршанбе, 03 Июл 2019 16:17

Чаро як идда бартариҳоро «бо доман пӯшониданианд»?

Қонуни ҶТ «Дар бораи консессияҳо» муносибатҳои вобаста ба консессияро танзим намуда, салоҳияти мақомоти давлатӣ, шарт ва тартиби ба консессия додани объектҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои консессиядор, иҷро ва муҳлати шартномаи консессия, инчунин кафолати дастгирии фаъолияти консессиониро муайян месозад. Консессиядор уҳдадор аст, шартҳои шартномаи консессиониро риоя намояд, фаъолияти хоҷагии худро танҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи консессионӣ амалӣ кунад, баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории ҶТ ба роҳ монад, молу мулк ва объектҳоеро, ки дар асоси шартнома ба ӯ дода шудаанд, дар муҳлати муқарраршуда ба конседент баргардонад, инчунин баъди анҷоми муҳлати амали шартномаи консессионӣ ва ё қатъ шудани он молу мулки худро ихтиёрдорӣ кунад, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист риоя ва дигар уҳдадориҳоро, ки қонунгузории ҶТ пешбинӣ кардааст, иҷро намояд.

Дар доираи талаботи қонуни мазкур Ҳукумати ҶТ 2 шартномаи консессионӣ бастааст, ки натиҷаҳои ин иқдом қобили таваҷҷуҳанд. Мутаассифона, баъзе нафарони «аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ» моҳият ва бартариҳои татбиқи ин шартномаҳоро нодида гирифта, аксар маврид «офтобро бо доман пӯшонидан» мехоҳанд. Лиҳозо, дар ин матлаб натиҷаҳои ин шартномаҳоро таври мухтасар бозгӯӣ мекунем. С.2002 байни Ҳукумати ҶТ ва ширкати «Помир энержи» шартномаи консессионӣ ба муҳлати 25 сол ба имзо расида буд, ки он ба пешрафти минбаъдаи такони ҷиддӣ бахшид. Яке аз мақсадҳои шартнома дар тӯли 25 сол таҷдиду барқароркунии тамоми шабакаҳои ҳудуди ВМКБ маҳсуб мешуд. Ҷоиз ба зикри алоҳида, аст, ки ширкат дар амалӣ шудани ин шартнома ба комёбиҳои зиёд ноил гашта, то ба имрӯз 31%-и воситаҳои асосии ба ширкат тааллуқдошта пурра азнавсозӣ гашт. Масъулин муътақиданд, ки агар садамаи с.2007 рух намедод, то ба имрӯз шояд 80 дарсади бандҳо иҷро намешуд.

Шартномаи дигари консессионӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» баста шудааст. Дар асоси шартнома механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ҷорӣ шуд. Дарозии умумии лоиҳавии роҳи Душанбе-Чанок 358 км-ро ташкил дода, масири он аз 3 нақб («Майхӯра» 897 метр, «Истиқлол» 4998 метр, «Шаҳристон» 5253 метр), 24 галерея, ҳамчунин 38 кӯпрук иборат аст. Муҳим он аст, ки «IRS» барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ кардани вазифаҳояш имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидорро доро буда, аз онҳо самаранок истифода намуда истодааст. Барои мисол, айни замон теъдоди техникаҳои филиали Ширкат зиёда аз 200 ададро ташкил дода, имкон фароҳам аст, ки нигоҳдории шоҳроҳ тибқи талаботи мавҷуда амалӣ шавад. Таъмиру таҷдид дар раванди нигоҳдории роҳ падидаи маъмул ба ҳисоб рафта, хароҷоти зиёди маблағ ва сарфи неруи зеҳниву ҷисмонии кормандонро тақозо дорад. Аз далелҳои мавҷуда метавон хулоса кард, ки таъмиру таҷдид дар фаъолияти филиали «IRS» ба раванди муттасил табдил ёфта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Ҳамватанони азиз хуб медонанд, ки бинобар дар минтақаи релефаш душвори кӯҳистон ҷойгир будан, роҳи мавриди назар аз офатҳои табиӣ зиёдтар осеб мебинад. Табиист, ки ин омил масъулияти кормандони филиали Ширкатро дучанд намуда, аз онҳо чораандешиҳои фавриро тақозо менамояд. 

Бо мақсади густариш бахшидани ин раванд 4 корхонаи истеҳсоли асфалт ва 2 корхонаи масолеҳи сохтмонӣ бунёд шуд. Ширкати мазкур тӯли фаъолият ҳамасола беш аз 50 км-и роҳро таъмири асосӣ ва зиёда аз 100 километрро таъмири ҷорӣ менамояд. Шоистаи зикр аст, ки аз оғози фаъолият то имрӯз филиали ширкати мавриди назар 11 кӯпруки масири роҳро таъмири ҷорӣ намуда, 2 кӯпрукро аз нав сохт. Ғайр аз ин, дар масофаи 11000 метр деворҳои ҳимоявӣ сохта ё гузошта шуда, дар даҳҳо км корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шудаанд. То имрӯз зиёда аз 800 нафар ба кор ҷалб шудаанд, ки ин омил барои паст кардани шиддати бекорӣ дар мамлакат то андозае саҳмгузор аст. Дар баробари дигар омилҳое, ки моҳияти инсондӯстиро дар худ таҷассум намудаанд, аз ҷониби филиали Ширкат ба аҳолии деҳаҳои ҳамшафати роҳ муқаррар кардани имтиёз аст. Ҳамрадиф бо ин, кормандони филиали Ширкат ва техникаҳои пуриқтидори он дар бартараф ва пешгирӣ кардани офатҳои табиии ноҳияҳои ҳамшафати роҳ саҳми сазовор гузошта, ин омил аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин ноҳияҳо мавриди арҷгузорӣ қарор гирифт. Дар маҷмӯъ бо итминони комил метавон гуфт, фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба боло рафтани сатҳи хизматрасонии ба бахшҳои роҳу нақлиёт дахлдошта мусоидат намуд, балки андешаи мардумро дар мавриди нигоҳдории роҳ мусбат кард.

Далер Мерганов,

журналист

 

Чоршанбе, 03 Июл 2019 16:13

23.06.2019. Домуллои маъруфу маҳбуб Ҳоҷӣ Мирзо, дар ин рӯз духтари худро ба хонаи бахт гусел карданд, ки дастаҷамъона дуо мекунем, то ҷӯрапир гарданду 1 оилаи идеолии Тоҷикӣ+мазҳабӣ барпо созанд. Хушбахт шаванд! Мо Метавонем!!!

 

 

8 масъалае, ки Эмом Аъзам посух нагуфтанд…

Дуруд, домуллои гиромӣ! Мегӯянд, Имом Абуҳанифа дар чанд мақолае таваққуф кардааст ва ҷавобе нагуфтааст. Хуб мешуд, онҳоро баён мекардед.

Шамсиддин Салимов,

Ронандаи таксӣ, н.Ҳамадонӣ

 

Посух: Дар 8 масъала Имом таваққуф кардаанду ҷавоб нагуфтаанд:

1.Ҳайвоне, ки ҳамаи хӯрдааш ё аксари хӯрдааш наҷосат бошад. Баъди чанд рӯз манъ кардан гӯшташ барои хӯрдан тоза мешавад?

2.Саг кадом вақт шикорӣ мешавад ва шикор кардан ба он дуруст аст?

3.Дар чандсолагӣ хатна карда мешавад?

4.Хунсои мушкил, яъне он инсоне, ки ҳам олати мардӣ дорад ва ҳам олати занона ва аз ҳардуяш пешоб мекунад, ҳукми занро дорад, ё ҳукми мардро?

5.Ба оби пасхӯрдаи хар таҳорат кардан дуруст аст, ё не?

6.Агар савганд бихӯрад, ки дар даҳре (замон, давр, аср, дунё, ҷаҳон) бо фалонӣ гап намезанам, то кай гап зада наметавонад?

7.Фариштагон афзаланд, ё паёмбарон?

8.Фарзандони мушрикон ба дӯзах мераванд, ё ба биҳишт?

Ҳикмати чунин ҷавоб надодани Имом Абуҳанифаро ҷаноби Кӯҳистонӣ чунин баён кардааст: Аз ҷавоби суоле, ки аз далели он бохабар набудааст, таваққуф кардааст, зеро бе меъёри шариат, яъне бидуни истидлол ба масодири дин посух гуфтан ин худ дурӯғ, яъне аз номи Худо ҳалолеро ҳаром ва ҳаромеро ҳалол гуфтан аст…

 

 Чӣ чиз рӯзаро нашиканад?

Чӣ чиз рӯзаро фосид (вайрон, ё ботил) намекунад, ва ё намешиканад?

1.Аз рӯи фаромӯшӣ чизе бихӯрад, ё биёшомад, ё ҳамбистар шавад.

2. Дар хоб иҳтилом (ҷунуб) шавад.

3.Укол (сӯзандору) кардан фақат аз тариқи раг (глюкоза, ё дигар навъи доруе, ки қувват бахшад, эҳтиёт кунад хуб аст). Дар умум укол шиканандаи рӯза нест. 

4.Ба хонумаш назар намояд ва инзол (баромадани манӣ) шавад.

5.Ба баданаш равған молад, ё хушбӯӣ истифода барад.

6.Ҳиҷомат (хунгирӣ) намояд.

7.Сурма бимолад ё аз мисвок истифода кунад (на аз «зубная паста»).

8.Бӯсидан ва дастбозӣ кардан, ба шарте ки инзол нашавад.

9.Рӯзона дар ҳавз ё дарё оббозӣ кардан.

10.Агар шаб бо ҳамсараш ҳамбистар шуд ва ҳанӯз ғусл накарда, ки субҳ бидамад, ин ҳолат ба рӯзаи ӯ ҳеҷ зарар надорад. Бояд ғусл кунад ва рӯзаашро давом диҳад.

11.Агар занҳо барои пешгирии ҳайз ҳабб (таблетка) истифода баранд, ба шарте ки ба саломатиашон зарар надошта бошад, ҷоиз аст.

12.Чи миқдоре, ки оби даҳонашро фурӯ барад рӯзааш намешиканад.

13.Ба ҳалқи рӯзадор ҳашарот фурӯ равад, мисли магас, ё дуду ғубор ва агар қасдан набошад, рӯзааш намешиканад.

саҳ 13 аз 15

Китобҳо

Flag Counter