ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 10 Июл 2019 09:24

5.07.1918.Дар Украина Ҳизби коммунистии болшевикони Украина таъсис дода шуд.

5.07.1918.Дар ш.Екотиренодар Анҷумани вакилони шӯроҳои Русияи ҷанубӣ ба кори худ сар карда, ҷумҳурии Қафқози Шимолиро дар ҳайъати РСФСР таъсис дод.

5.07.1978.Кумитаи Бехатарии Давлатии СССР аз тобеъияти Шӯрои Вазирони СССР бароварда шуд.

6.07.1918. Дар Маскав аз ҷониби эссерони чап сафири Олмон дар Русияи шӯравӣ граф Мирбах ба қатл расид. Ин қатл заминсози шӯриши эссерони чап шуд, ки бо сиёсати болшевикон норозӣ буданд. Болшевикон бо кӯмаки тирандозони латишӣ тавонистанд шӯриши эссеронро торумор кунанд.

7.07.1932.Дар Институти илмӣ-таҳқиқотии истеҳсолоти ширии ш.Ленинград бори аввал тавонистанд аз шир хокаи онро ба даст биёранд ва истеҳсоли шири хушк дар аввалин кишвари Шӯроҳо роҳандозӣ шуд.

7.07.1989. Роҳбари вақти СССР М.Горбачев ҳангоми суханрониаш дар машварати сарони кишварҳои лагери сотсиалистии Аврупо, ки дар пойтахти Руминия-ш.Бухарест баргузор шуд, гуфт, ҳар 1 аз кишварҳои сотсиалистӣ ҳақ доранд, роҳи рушди ба худашон маъқулро интихоб намоянд.

8.07.1922. Дар СССР бори аввал дар ҷаҳон, дар соҳаи хоҷагии қишлоқ аз тайёраҳо барои мубориза бо ҳашароти зарарасон истифода намуданд.  

8.07.1944. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ унвони фахрии "Қаҳрамонмодар" ҷорӣ карда шуд ва ҳамаи қаҳрамонмодарон бо ордени "Шарафи модарӣ" ва медали "Модарӣ" мукофотонида мешуданд.

 

8.07.1972.Президенти ИМА Ричард Никсон эълон намуд, СССР дар зарфи 3 сол аз кишвараш ба маблағи 750 млн доллар гандум харидорӣ хоҳад кард. Бо ҳамин, кишваре, ки дорои заминҳои бекарон буд, ба харидани ғалла аз ИМА шурӯъ кард.

Чоршанбе, 10 Июл 2019 09:22

Узви Ихвон-ал-СССР, Абдусамад Файзуллоев аз ноҳияи Нуробод ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки дирӯз вориди пойтахт шудам. Дар 1 беморхона маризе дорам ва хостам аёдаташ кунам. Аммо мақсад аз занги ман ин нест, дар дигар чист: Дар шаҳри Душанбе каму ғам не, садҳо аптека амал мекунанд, аммо доруфурӯшон нарху навои доруҳоро ба хости худ гузошта, бо ҳар нархе хоҳанд мефурӯшанд. Худи ман 1 сол боз аз дарди пои чап азият мекашам, ба ҳисоби миёна қариб 2 кг дору истифода кардаам, аммо ягон даво нест. Барои шифо аз мазҳои “Пардифен”, “Бол-нол”, “Синепар-актив”, “Випросал”, ҳабҳои “Пардифен”, “Баралгин”... истифода бурда бошам ҳам, фоидаашро надидам. Дар даврони собиқ СССР кадом намуди доруе, ки истифода мебурдед, таъсир дошту шифо меёфтед. Доруҳои имрӯза аз химикат холиянду бетаъсир. Чӣ бояд кард?

 

Чоршанбе, 10 Июл 2019 09:19

Ғулом Олимови 83-сола, аз деҳаи Оқчакмани ноҳияи Рӯдакӣ (тел: 900 80 58 36) дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки ман 53 сол собиқаи кор дораму назди шумо бо 1 арз омадаам. Миннатдории худро нахуст ба Тамара Григоревна ва Файзулло Эмомов-травматологҳои беморхонаи Роҳи Оҳани Тоҷикистон мерасонам, ки ҳамеша аз аҳволам огоҳанд. Онҳо на танҳо бо ман, ки бо кулли дардмандон мисли падару модар рафтор мекунанд, ки Худо умри дарозашон ато фармояд. 2 вақт таоми гарм низ медиҳанд. Инчунин муовини сардухтури Қарияи Боло Хайрулло Шарипов барои шифои ман аз сидқи дил заҳмат мекашад ва ройгон доруву дармон дораду хело поквиҷдон аст. Ӯлмасов Темур, З.Давлат ва Фаридун-табибони корпуси 6-уми ҳамин беморхона низ бо ҳамаи беморон меҳрубонанд. Ҳамчунин Ҷамолиддин Абдуллоев-табиби ҳозиқи беморхонаи Истиқлол, мудири шуъбаи дил-Р.Файзуллоев, духтур Шоира Сайфова барои ба по хестани ман пайваста нигоҳубин мекунанд. Ҳатто дар ҳуҷҷати ман навиштанд, ки «ин бемор камбизоат асту ройгон табобат карда шавад». Баъдан Б.Холов-мудири шуъбаи дигар ҳамроҳи пизишк Ф.Юсупов аз таҳти дил барои доруву дармони ман сидқан заҳмат кашиданд. Дар охир, сипоси худро ба Бибизуҳро Абдуллоева ва Г.Абдулҳамидова низ мерасонам. Худованд умри ҳамаи онҳоро дароз куна два дасташон ҳаргиз дардро набинад.

 

Чоршанбе, 10 Июл 2019 09:17

Салом, СССР! Ин акс нодиру таърихист: Устод Зафар Нозим аз рост дуюм, ҳамроҳи Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон Шумқор Одинабеков ва ҳунармандони Филармонияи Давлатии Тоҷикистон. Аввалҳои солҳои 1960 дар УДТ ба номи В.Ленин ансамбли тарона ва рақси «Наврӯз»-ро ташкил карданд. Баъд ба Филармония ба фаъолияти ҳунарӣ сар намуда, роҳбари ансамбли «Садои куҳсор» буданд. Ин расм дар айни камоли фаъолияти сарояндагии устод Зафар, дар 25-солагӣ аккосӣ шудааст. Он солҳо соҳиби унвони Артисти Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон буд ва дар байни халқ бо сурудҳои «Эй шӯх аҳдат нашканӣ», «Қади мавзуни расо дорӣ», «Сурху сафед», «Ҳамсоя бошам», «Духтари Ҳоит», «Эй сорбон», «Паричеҳра», «Эй гул, ту бизан шона бар мӯят», «Зи аҳволам намепурсӣ», «Дар кунҷи дилам ишқи касе хона надорад», «Нару-нару», «Мезебӣ», «Моҳи ҳаждаҳсола»… маъруф шуд. Агарчанде худ сарояндаи ҷавон буд, дигарон ба ӯ тақлид карда, мехостанд «зафарӣ» хонанд ва Зафари саҳна бошанд!

Раҳматулло Мазориев,

ш.Душанбе

 

Чоршанбе, 10 Июл 2019 09:15

Ҳама амалҳои некро Насимҷон Олимзода дорост ва на танҳо ӯ, балки падари меҳрубонаш, ки худ омӯзгор, баъдан муовини директори мактаб-интернати ёрирасони №1-и ш.Кӯлоб, дар маҳаллаи Лағмони н.Кӯлоб буд, ин хислатҳоро дошт. Қиблагоҳаш тӯли 20 соли охир дар ободонии маҳалҳои Боғи Ҳабиб, Балховӣ, Момирак... ҳиссагузор буд. Шогирди ман Насимҷон тӯли 80-90 соли охир аз ш.Кӯлоб дуюмин вазир пас аз Аламхон Ахмедов ва аз маҳаллаи Лағмони азизи ман аввалин Вазири саломатист. Ӯ пас аз бо муваффақият хатм кардани ДДТТ ба номи А.И.Сино чанде дар табобатхонаи ш.Кӯлоб кор карда, баъд барои сайқали дониш ба ш.Санкт-Петербург, ба орденаторияи тиббӣ дохил шуда, ба Ватан баргашт. Чанде дар 8-ум корпуси Беморхонаи Қарияи болои ш.Душанбе духтур ва мудири шуъбаи касалиҳои дил буд. 1 сол ҷонишини вазир ва соли сеюм аст, ки Вазири тандурустӣ аст. Ӯ ифтихори устодон аст!!!

Ҷаббор Раҷабов,

деҳаи Лағмон, н.Кӯлоб

 

Чоршанбе, 10 Июл 2019 09:09

Эй сер, туро нони ҷавин хуш нанамояд,

Маъшуқи ман аст он, ки ба наздики ту зишт аст.

Ҳурони биҳиштиро дӯзах бувад аъроф,

Аз дӯзахиён пурс, ки аъроф биҳишт аст!!!

Ин шеър ба ин матлаб часпиши бевосита дорад! Номенклатураро дар назар дорам. Ҳоло мефаҳмед, ки чаро???

Роҷеъ ба номенклатураи муосир бисёр гуфтаву шунуфтаанд. Вале ман дар бораи 1 вежагии он навиштаниям. Вазирону раисону масъулине, ки ба феҳристи ин номенклатура медароянд, ҳатман, баъди маъзулият вазифаи дигар мегиранд: пасттар аз қаблӣ, вале барои бархеи дигар дастнорас. Хуб аст ин, ё бад? Баҳс мекунем.

Пажӯҳиши зиндагиномаи баъдии аксарияти вазирону чинҳои баланд маълум кард, ки собиқҳо дар аксари маврид дар раъси навашон кору фаолияти пурсамар надоранд. Зеро фикр мекунанд, ки ҳукумат ба қадрашон нарасид, обрӯяшонро рехт, вазифаашонро поин бурд. Сареҳатан, мансаби пасттар аз вазирӣ ин ҷазост! Вале чун муҷозошуда кор намекунад, ин ҷазои ӯ тани танҳо намегардад; ин аллакай ҷазои сокинони ноҳия ва ё коргарони ниҳоде мегардад, ки «Бузурге»-ро ба он ҷо депорт кардаанд. Яъне «Штрафплошадка»-и чини баланд чандин нафарро сарсону саргардон мекунад. Дуруст аст, ки фарзи мисол, раиси 1 ноҳияи пойтахт ё вилоят будан, барои саду ҳазорон карйерист орзуи амалношуданист. Аммо вақте вазиреро ба ин ҳадд «поин» мебаранд… ӯ дилхаставу дилсард мегардад: Акнун дарк кардӣ, хонанда, ки чаро аз забони Саъдӣ гуфтем:

-Аз дӯзахиён пурс, ки аъроф биҳишт аст???

Боре, бо 1 нафар, ки ба ҳайси масъули матбуотии коргоҳи бузурге фаолият дошту ин вазифаи навбатии равғанияш умеду орзуи ҳазорон журналист будӣ, сӯҳбат доштам. Он қадар ранҷидахотиру парешон буд, ки ҳисобаш гум. Зеро ӯро, ки рутбаи генералӣ дошту дар вазорате мартабаи баланд, то ин ҳадд поин фароварда буданд, ки намегиристу бас. Ва тасаввур кун, хонанда, ана ҳамингуна дипломату генералу вазиру раиси кумитаҳо дар мо кам нестанд, ки бо иллате маъзул ба вазифачаи пасттараке мефуроянд. Кор намекунанд дигар инҳо, зеро тибқи формулаи Саъдӣ, ранҷидаанд!!! Аксарият чунинанд ва агар марданд, пеши мо не, назди виждони худ қойил шаванд, ки аз вазифаи нави хеш дилтангу малӯлу озурдахотиранд. Дурӯғ мегӯянд, чу мегӯянд:

-Мо солдатем! Куҷое ҳукумат равон кард-меравем…

Танҳо ба 1 хотир мераванд:

-Аз феҳристи номенклатура бурун наафтанд! Инҳо шабу рӯз дар сар 1 фикрро доранд, ки чигуна «обрӯи рехтаро барқарор кунанд!» ва дар курсии раҳогардидаи қаблии хеш боз такя зананд…

Нафари дигаре, ки раиси шаҳр буд, бо амри тақдир маъзул шуду сипас раиси 1 корхонаи давлатии ҳамон ноҳия. Фикр доред, ки хурсанд аст? Дар ҳоле, ки ҳазорон нафар мехоҳанд раиси ин коргоҳ бошанд? Ба гуфтаи Бобои Ғуломи таърихӣ «Хоки думушта»! Обрӯш, ба фикри худаш ва пиндори наздиконаш, он қадар рехтааст, ки 1 сумкача доруву ҳаббу укол вардошта кор мераваду меояд. Дар сараш мӯи сафеду дар баданаш 1 гр равған намондааст. Касалӣ, маризӣ, фишорбаландӣ, диққи нафас, инсулт…меҳмонони ҳамешагии ӯянд.

Пас чӣ бояд кард?

Шояд соате расида, ки феҳристи номенклатура васеъ шавад ва ё тағйир хӯрад? Шояд номҳои нав ба ин рӯйхат ворид шаванд? Беҳтараш номенклатура мисли макулатура шавад! Мефаҳмонам:

-Nomenclatura (Номенклатура) вожаи лотинӣ буда, маънои «феҳристи насаб», «рӯйхат» дорад ва маҷозан номнависии Элитаи ҳукмрон, Соҳибмансабон, Давлатмардонро мефаҳмонад. Яъне ба ин феҳрист, ки даромадӣ, асло намебароӣ! 

-Макулатура низ калимаи лотинист, Maculo-бастакунонӣ. Ба маънии поккории коғазу картону маҳсулоти коғазиест, ки бояд маҳв ва аз сари нав коркард шаванд. Яъне пурра макулатура ликвид мешаваду чизҳои нав месозанд…

Шояд мо низ аз ин усул кор бигирем ва номенклатураро, ақаллан онҳоеро, ки бо ину он ҷурм маъзул шудаанд, ба макулатура супорем? Агар чунин кунем, Магар кадрҳои нав ба майдон намеоянд? Вале посухи ин суол низ дар адабиёти ниёкон омадааст:

-Агарро бо Магар тазвиҷ карданд,

Аз онҳо баччае шуд, Кошкӣ ном…

Классика!!! Мо Метавонем!

 

Ҷумъа, 05 Июл 2019 14:27

Аз мақомоти ШВКД-и ноҳияи Кӯшониён ба мухбири СССР хабар доданд, марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён дар он хусус муроҷиат кардааст, ки шаби 16 ба 17-уми июни соли 2019, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои деҳаашон 1-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 6000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 2 нафар марди 25 ва 26-солаи сокинони ин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд. Тафтишот муайян намуд, номбурдагон ҳамчунин шаби 28 ба 29-уми июни соли 2019, тахмин соати 01:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии ҳамин ноҳия 1 сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 5000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида,  таҳқиқ идома дорад.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

 

Ҷумъа, 05 Июл 2019 09:02

 

    Аз 18 то 26 июни соли ҷорӣ дар ш. Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти “Ҷоми Леонид Юртаев” баргузор гардид.

Дар мусобиқа 160 нафар шоҳмотбозон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон  ва Қирғизистон барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат намуданд.

    Тавре маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, дар категорияи “А” Ҳотамӣ Мутриба, намояндаи ҶТ миёни занҳо бо гирифтани мақоми аввал шарафёб гардида, соҳиби медали тиллои мусобиқа ва мукофотпулӣ гардид. Варзишгари дигари тоҷик Каримова Сарвиноз низ дар ин мусобиқаи байналмилалӣ мақоми сеюмро касб намуда, соҳиби медали биринҷӣ гашт. Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқа Ҷумҳурии Тоҷикистонро Каримов Алишер, Мутриба Ҳотамӣ ва Каримова Сарвиноз намояндагӣ намуда, ба хазинаи варзиши тоҷик 2 медал ворид намуданд.

 

 

саҳ 12 аз 15

Китобҳо

Flag Counter