ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 18 Март 2020 09:29

Шариф Давлатов (тел: 905 50 39 75) яке аз хонандагони газета аз н.Шамсиддин Шоҳин занг зада гуфт, ки чаро ровиёни барномаҳоии телевизионии мо либоси миллӣ намепӯшанд:

- Пешвои миллат дар аксарияти баромадҳояшон мегӯянд, “духтарон ва занҳои мо дар ҳама ҷойҳо бо либоси миллӣ зебоянд” ва ин тарғибот дар ҳамаи ВАО ҳам дида мешавад. Лекин чаро мо ин тартиботро аз худи ровиёни барномаҳои ТВ оғоз намекунем? Ҳама духтарон бо ҳар намуд либос ба эфиру саҳна мебароянд, ки аксариаташон аврупоӣ аст. Мисол ТВ-ҳои Туркманистонро бинед ҳамаи натоққон дар сар тоқӣ ва куртаҳои миллии худро ба бар мекунанду чӣ тавр зебо мешаванд. Реклама мушкилии дигари ТВ-ҳои мо. Ҳама кор ҳадди худро доштагист, чаро сари ҳар лаҳза як рекламаро пахш мекунанд. Ҳамин “Пардифен” дар ҷони ҳама задааст. Медонам реклама ин пул аст, о, лекин набояд завқу хоҳиши бинандаро дур кард...

 

Чоршанбе, 18 Март 2020 09:26

Салом кормандони ҳафтаномаи СССР! Дар шумораҳои гузаштаи СССР матлабҳоеро мутолиа намудем, ки дар онҳо Хӯҷа Командирро сиёҳ намуда, тӯҳматҳои зиёдро ба ӯ бор кардаанд. Фаромӯш набояд сохт, ки Хуҷа Каримов барои сохти Канститутсионӣ низ дар кишвар ҷонбозиҳо кардааст. Барои ободонии Ватан кӯшишҳои зиёд намуда, қариб дар ҳама деҳаҳои ноҳияи Хуросон (собиқ ¬Ғозималик) мактабу беморхона ва майдонҳои варзишӣ бунёд намудааст. Ҳатто барои фарзандон ва оилаҳоии нафароне, ки ҷони худро барои сохти Конститутсионӣ бахшидаанд, хона сохта, бо тамоми ҷиҳозаш тақдим кардааст.  Дар ҳақиқат ӯ марди ободкору хайрхоҳ, шуҷоъ ва ходими халқ буд. Дар охир ба ҳама нафароне, ки нисбати Хуҷа Каримов бадгӯйиҳо мекунанд (бахусус баъзе сокинони н. Хуросон) гуфтаниям, ки то ҳукми суд маълум нагардидан дар ҳаққи ходими халқ ва қумандони шердил Хуҷа Каримов бадгӯйи накунед. Мо ҳама ба адолати судӣ боварии комил дорем ва ҳама ғуломи қонунем, ҳаёти Хуҷа Каримовро танҳо қонун ҳал мекунад.

Бахтиёр Ҷабборзода, н.Хуросон, тел:911148114

 

Чоршанбе, 18 Март 2020 09:19

Бародари гиромӣ, Аброр Соқиев !  Шумо ягона фардед, ки таълимоти коммунистбадбинӣ доред. Ба моҳияти ин таълимот сарфаҳм нарафтаед. 

Магар аз сеҳру афсуни арабҳою ҳиллаю найранги пантуркистон бехабаред?

Агар шоири инқилобчӣ-Абулқосим  Лоҳутӣ ба СССР намеомад дар қатори шахсони номбаркардаи шумо устод Садриддин Айниро низ ба қатл мерасониданд. Эй бародар, Сталину Фрунзе миллати моро зинда карданд, ба мо ном доданд, моро худшинос  карданд. Магар аввалин бор бо ташаббуси онҳо РСС Тоҷикистон ташкил наёфт? Магар авалин бор дар таърихи ҳастиамон соҳиби парчаму нишону (герб) суруди миллӣ (гимн) нагаштем? Магар аввалин бор шаҳодатномаи таваллуду паспорт гирифта, соҳиби номи худамон нагаштем?

Ягон бор нашунидаам, ки марди русе ба номуси зани тоҷик маҷбурӣ расида бошад. Лекин аҷнабиёни дигар ҳам куштанд, ҳам сӯхтанд, ҳам бо зурӣ таҷовуз карданд ва ҳам бурданд. Имрӯз аз нофаҳмӣ ба хоки пойи онҳо саҷда мекунему ба халқи руси наҷотбахш нафрин дорем. Ҳамаи навиштаҳои бародари худогоҳ  Далери Комрон панди судманд аст, лекин на ҳама ба гуфтаҳои ӯ сарфаҳм мераванд. Биёед якдилу якзабон шавем тарафдори илму маданияти пешқадам бошем, - фарзандҳоямонро дар руҳияи худшиносӣ тарбия кунем. Чунки мо метавонем!

Ҳаким Ғуломов, н. Дӯстӣ

 

Чоршанбе, 18 Март 2020 09:15

Мехостам тамоман чизи дигаре неависам…вале кӯлборамро варақ задаву гуфтам, дар Иди Матбуот аз ин матлаб дида, шахсан ман чизе навишта набитвонам. Ин мақола нест, хонанда, ин бонги изитроб аст ва онро ҳатман бихон!!!

Журналистикаи Тоҷик танҳо бо ин далел, ки дар тӯли 5 соли ҷанги гражданӣ 73 кушта бар ҷой гузоштаву мубориза бо ҷангсолоронро қатъ накард, метавонад 1 умр пеши оламиён фахр кунад!

Журналистикаи Тоҷик бо ин факт низ, ки бо маоши камтарин ҳатто 1 нафар аз окопи касбият ба хандақҳои бизнесу ҳукумат нагурехт, метавонад муфаххир бошад!!

Журналистикаи Тоҷик бо ин мадрак, ки танҳо дар 5 соли ахир беш аз 20 нафарашро дар айни авҷи камолот, дардҳои ҷамъият куштаанд, метавонад абадан ифтихор дошта бошад!!! Ин факт аз чӣ гувоҳӣ медиҳад? Журналистикаи Тоҷик бо мардум, халқ, авом аст ва ҳар дарди ҷамъиятро дар дили худ таҳлил кардаву нашр месозад ва дарди ҷамъият дарди журналистони мо шудаву зумраеро кушт, ки Худо раҳматашон кунад. 

Вале ҷамъият ин журналистикаро чӣ тавр қабул дорад, тамоман суоли дигар аст. Зеро дар ҳолате, ки журналист ҷамъиятро муттакост, ҷамъият парвои журналист надорад...Дур намеравем. Ҷамъияти мо сухани журналистро нашнида, худи ҳамин ҳафта, ба паникаи 3-4 бор бизнес-орд-мен… дода шуда, миллатро масхараи оламиён кард! Русу ӯзбеку қирғизу қазоқ то ҳол ба ҳоламон механданд ва хуб ҳам мекунанд. Зеро мо расман нишон додем, ки миллати тарсу, паникёр, зудбовар ва содаем…

…Аз ман зиёд суол мекунанд, ки мушкили журналистикаи муосир дар чист? Мушкил ҳам не, проблема ҳам не, Фоҷеаи журналистикаи миллӣ ин аст, ки дар ҷамъияти имрӯзаи мо фарқе миёни барандаи тӯй ва журналист, шоир ва журналист, ҳунарманд ва журналист, фейк ва журналист, гей ва журналист, сафсаттагӯй ва журналист, олим ва журналист ва 1001 касби дигар ва журналист надидаанд!!!

Ин даҳшати пирӯз аст! Ва мутаассифона, ҳар боре ман дар ин бора нависам, ҳатто ҳамкасбонам фикр мекунанд, ки ман бо дипломи журналистиям онҳоро наҳ мезанам. На, аслан чунин нест. Зеро дар даврони шӯравӣ дар мо факултаи журналистӣ набуд ва табиатан намояндагони дигар касб низ ба ин соҳа роҳ ёфтанд. Рӯиҳамрафта, ишон дар ин соҳа мастер ва бархе маэстро ҳам шудаанд. Чунки солҳои тӯлонӣ фаолият кардаву маҳоратро сайқал додаву омӯхтаву кор кардаанд. Вале ман 1 чизи дигарро намефаҳмам, ки дар тӯли 30 сол, ки қариб дар тамомии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар факултаҳои журналистика (дар Душанбе чанд факултети журналистика!!!) кушода шудаанд, чаро касби ман ҳирфаӣ на-ме-ша-ваддд?!!!!

Ман актерон, сарояндагон, шоирон, ровиёни тӯй ва кулли намояндагони дигар касбҳоро иззат мегузорам. Зиддашон ҳарфе надорам. Вале танҳо ба ин ҷамъияти муосир гуфтаниям, ки журналистика тамоман касби дигар аст, охир!

Боре дар 1 сӯҳбат бо журналисти саршинос, Самариддин Асозода, гуфтам, ки «журналистика адабиёт нест!» ва то ҳанӯз дар бало мондаам. Куҷое равам ҳамин суолро мешнавам. 1000 бор гуфтааму бори 1001 мегӯям:

-Адабиёт, шеър...дурӯғ аст, ташбеҳу истиора аст. Фарзи мисол, шоире мегӯяд, ман аз осмон Офтобро оварда бар гӯшат, Моҳро ба фарқи сарат мегузораму Ситораҳоро тукмаи камзӯлат мекунам. Беҳтарин дурӯғ аст, вале гуфтаанд, беҳтарин шеър-дурӯғтарини ӯст! Журналист бошад мегӯяд, Офтоб ситораи наздиктарин асту онро оварда намешавад, Ситораҳо аз Офтоб сӯзонтаранд, Моҳе, ки ҳамеша дар фарқи туст, духтараки хушрӯ, Сайёраи баробарҳуқуқ бо кӯраи Замин аст ва онро бар фарқи сари 3 млрд духтар ҳам гузошта намешавад: на-ме-гун-ҷаддд!!! Адабиёт кизби ширин, гиперболоиди шарқиёна мепарастаду Журналистика прагматизми холӣ!

Акнун фаҳмидед, ки журналистика адабиёт ва адиб журналист нест?

Ҷамъият то вақте фарқ миёни касбҳои дигару журналистика намегузораду дар вазифаҳои калидии рӯзноманигорӣ намояндагони дигар соҳаҳо сарварӣ мекунанд, журналистикаи мо шикастпазир аст, агар умуман варшикаста набошад!

Мо шояд дар олам ягона кишваре бошем, ки дар олами иттилоотии интернетӣ 1 расонаи фаромиллӣ надорем! Ё фикр мекунед, 2-3 сайти хонагии моро, бо шумули Ховар ва сомонаҳои ноҳиявимон дар тамомии олам мехонанд? Хоби хушшш!

Давлати мо бояд кайҳо дарк мекард, ки мо 1 кишвари баробарҳуқуқ бо Амрикову Ҷопону Русия ва ғ. ҳастем ва бояд дар фазои иттилоотӣ ҷои пайи худро дошта бошем. Дур намеравем, ҳамин Ӯзбекистони ҳамсоя даҳҳо сайти ба ном «оппозитсионӣ» дорад, ки дар асл манофеи ин кишварро ҳифз мекунанд. Қандашона зананд, ӯзбекҳо! Метавонанд!!! Қирғизҳо ҳам доранд чунин сайтҳои иттилоотирову туркманҳо низ. Аз қазоқу рус ҳарфе намезанам. Худ медонед, ки журналистикаи онҳо чигуна оламфарогир аст. 

Идеологҳои мо бошанд, дар даврони набардҳои бузурги иттилоотӣ, ки хатар бар сари давлати навбунёди мо мезоянд, илоҷи корро танҳо дар обунаи маҷбурӣ дидаанду рӯиҳамрафта, сар аз соли 2017 ҳатто гонорарҳои ночизи газетаҳои расмиро низ бурриданд! Гӯиё ҳаққи қалами ин газетаҳо, ки шояд барои рехтани 25 куб сементи 1 такхонаи сарватманде нарасад, буҷҷаро хароб мекардааст. 

Давлатро дар ҷанги иттилоотие, ки 3 дурӯғгӯ ҷамъиятеро талхакаф кард (моҷарои орди мартӣ) бе «аскари ихтиёрӣ-доброволец», яъне хабарнигорони ғайриштатӣ, намонед. Оқибаташ бад аст. Нафари ба килк одаткарда, ба газета нанавишт, дар интернет менависад. Аввал таърифӣ ва дид, ки он ҷо касе намехонадаш, оҳиста-оҳиста ба танқиду сипас ба тӯҳмату бӯҳтон сар мекунад. Касе бовар надорад, худ ба сайтҳои иҷтимоӣ саре занад. Задед? Дигар намебароед! Бо гарантияаш!!!

11 март-Рӯзи Журналистикаи Тоҷик муборак. Мо Метавонем!

 

Ҷумъа, 13 Март 2020 09:36

Дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт баландтарин табақи суманак, ки рамзи баҳору Наврӯз аст, қомат афрохт. Баландии суманаки рамзӣ 30 метрро ташкил намуда, паҳноии он 16 метрро дар бар мегирад. Ҳар қабати суманак  бо нақшу нигори хоси минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ оро дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки минбаъд суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои таҷлили Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ истифода хоҳад гашт.

 

 

 

Ҷумъа, 13 Март 2020 09:18

   Бояд гуфт, ки то 12.03.2020 1594 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Эрон, Афғонистон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Италия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, ба  карантин фаро гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 1237 нафарашон ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон 357 нафари онҳо дар карантин қарор доранд.

   Дар робита ба пешгирӣ аз хуруҷи корнавирус Намояндагии барномаи USAID дар ҶТ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти  муҳофизати шахсӣ тақдим намуд. Маводи тақдимшуда аз ниқобҳо, дастпӯшакҳо ва хилъатҳо барои кормандони соҳаи тандурустӣ иборат буда, ҷиҳати фаъолият дар пешгирии сирояти коронавирус хеле муҳим мебошанд.

Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии кишвар хабар медиҳад, Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати номбурда ба Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, хусусан ба барномаи USAID, ки яке аз шарикони стратегии  вазорат дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад, миннатдорӣ баён намуда, афзудааст, ки то имрӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон нишонаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. 

  - Вале тавре мегӯянд, “илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ”. Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикитон ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар  дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона намуда истодаанд, - таъкид доштааст муовини вазир.

 

Чоршанбе, 11 Март 2020 17:08

Барои Модар, зану хоҳар ва маҳбубаву дӯстон дар арафаи Рӯзи модарон гул беҳтарин тӯҳфа аст. Маълум, ки дар арафаи ҳар иду айём, хосса баҳору 8 март ва Наврӯз нархи гул дар гулфурӯшиҳои пойтахт ба маротиб афзуда, то 30-40 сомонӣ боло меравад. Мо тасмим гирифтем 5 рӯз пеш аз иди бонувон ба гулфурӯшиҳои пойтахт баромада, ҳам нархи гулро бипурсем ва ҳам бубинем, ки кӣ ва кадом намуди гулро харидорӣ мекунад.

Садбаргҳои арзони тоҷикӣ...

03.03.2020. Соат ба вақти Душанбе 14:10 дақиқа. Ба гузаргоҳи зеризаминии маркази савдои “Садбарг” ворид гардидем. Нархи 1 донаи гули садбарг, ки нисбати дигар гулҳо зиёдтар харидор дорад аз 10 сомонӣ оғоз мегардад. Яъне, 10-12 сомонӣ ин нархи гули садбарги тоҷикӣ аст. 1 гулдастаи миёна аз 85 то 100 сомонӣ нарх дошт. Агар гулдастаи бузургтару зеботар хоҳед бояд 200-250 сомонӣ пардохт намоед. Барои пурратар омӯхтани мавзӯъ ба назди гулфурӯшиҳои “Маркази савдои Тоҷикистон” (Сум) роҳсипор гардидем. Инҷо нарху наво каме гаронтар будааст. Барои 1 дона гули садбарг аз шумо 20-25 сомонӣ талаб мекунанд. Ростӣ,  гули 1 донааш 10 сомонӣ низ буд, вале барои гулдаста сохтан мувофиқ на. Ба иттилои фурӯшанда садбаргҳои сафед, зард, сурх аз Ӯзбекистон ва Россия оварда мешаванд. Маҳз ба ин хотир каме нархашон гарон аст. Шояд ҳамин аст, ки 1 дастагуле бо 41 дона садбарги сурх бо нархи 700 сомонӣ фурӯхта шуд.

Гул хареду гул ҳадя намоед!

03.03.2020. Соат ба вақти Душанбе 10:16 дақиқа. Боз ба назди гулфурушони гузаргоҳи зеризаминии назди бинои “Сум” рафтем. То рӯзи модарон 5 рӯзи дигар мондааст, аммо аллакай нархи гул дар осмон. 1 гули садбарге, ки 10-12 сомонӣ арзиш дошт, аз 20 сомонӣ ҳам гаронтар шудааст. Нархи садбаргҳои аз ҳама машҳур, ки номи “садбарги ҳоландӣ”-ро доранд, то ба 40 сомонӣ омада расид.  Гароншавии нархҳоро аз фурушандаҳо пурсидем, гуфтанд, ки 8 март мавсими савдо асту, соле 1 маротиба пеш меояд.

Далер Аҳмадов, яке аз муштариёне, ки гул харидорӣ намуд, афзуд, ки мо ҳар рӯз гул намехарем, лекин рӯзҳое мешавад, ба хотири болидарӯҳии занҳои хонадон ба хусус модарон тӯҳфае намоем. Новобоста аз нархи гарони гул он беҳтарин тӯҳфа ба занону духтарон аст, аз ин мебояд гул хариду гул ҳадя кард.

Шералӣ Давлатов, СССР

 

Чоршанбе, 11 Март 2020 17:05

Дар газетаи СССР аз 16.01.2020 мақола бо номи “Журналист-омӯзгор»-ро хондам. Дар асоси фармони вазорати маориф ва илм устодони мактабҳои миёна барои гирифтани категория бояд 2 мақолаи илмӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар чоп кунанд. Бояд гуфт, ки баъди ҷоришавии маркази тестӣ ва фосилавӣ донишҷӯён ва хатмкунандагони донишгоҳҳо, хосса дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона дониши пурра намегиранд. Дар ин шуъбаҳо аксарияти донишҷӯён (махсусан шуъбаи ғоибона) дар мактабҳои миёна кор мекунанд, барои гирифтани маълумоти олӣ ва баланд бардоштани савияи донишашон ба донишгоҳҳо хонданӣ меоянд. Донишҷӯёни шуъбаи рӯзона барои халосӣ аз хизмати ҳарбӣ ба донишгоҳ дохил мешаванд.  

Агар донишҷӯй дар давоми 4-5 соли таҳсил аз китобхонӣ, иҷрои корҳои лабораторӣ ва амалӣ саркашӣ накунанд, бо дониши хубу мукаммал донишгоҳро хатм намояд, аз ӯҳдаи навиштани мақола ва гирифтани категория мебарояд. 100 афсӯс, ки ин гуна донишҷӯён ангуштшуморанд. Албатта бо ин донишу қобилияти зинаҳои паст чӣ хел мақола менависанд? Донишу маҳорат, ки надоранд, ба назди дигарон мераванд, то ки каси дигар аз  номи онҳо мақола навишта чоп кунад. Категорияро бояд устоде гирад, ки арзанда бошад.

А. Нарзиев, дотсенти ДМТ

 

саҳ 5 аз 10

Китобҳо

Flag Counter