ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 04 Март 2020 09:42

 

Тоҷикистон барои рақобатпазир будан бо донишгоҳҳои пешрафта, бояд дар макотиби олӣ сифат, усули дарсгузарӣ ва шароити хонданро дар ҷойи аввал монад, то шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар Тоҷикистон афзояд. Сиёсат ва “ғамхории” донишгоҳҳои мо набояд танҳо ба сару либоси донишҷӯён равона карда шавад, балки ба сифати таълим, саводи донишҷӯ низ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. 

Бо даъвати президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев донишҷӯёни ӯзбек, ки дар макотиби олии кишвари мо таҳсил мекунанд, сар аз аввали моҳи феврал барои идомаи таҳсил ба зодгоҳи хеш баргашта истодаанд. Вазорати маорифи ҶӮ мегӯяд, ки ин танҳо 1 пешниҳод ба донишҷӯёни ӯзбек аст, вале баргаштану барнагаштан тасмими худи донишҷӯ хоҳад буд. Бо мақсади баргаштан ба Ватан ва идомаи таҳсил дар макотиби олии ҶӮ аксарияти шаҳрвандони ин мамлакат, ки дар ҷумҳурии мо донишҷӯ буданд, аллакай тавонистанд ҳуҷҷатҳои худро бозпас гирифта, бираванд. Бо гузашти 2 ҳафта аз ин ҳаёҳӯй мо тасмим гирифтем ба ин мавзӯ таваҷҷӯҳ карда, бубинем, ки иллати баргашти донишҷӯён дар чист?

Меравем... ва меоем!

Теъдоди бузурги донишҷӯёни ӯзбек дар Донишгоҳи Давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ таҳсил мекарданд. Барои ошноӣ бо вазъият нахуст аз ин боргоҳ дидан кардам. Сабоҳат Ӯлмасова, яке аз донишҷӯёни ӯзбек, ки ҳанӯз тасмими баргаштро нагирифтаасту таҳсилашро идома медиҳад, мегӯяд, ки аксари донишҷӯёне, ки рафтанд, бо дархости падару модарон баргаштаанд.

-Дӯстонам рафтанӣ набуданд, зеро шароти таҳсилу зист инҷо хуб аст, нархи шартнома низ на он қадар гарон, лек волидайн маҷбур сохтанд, ки баргарданд. Ман мехоҳам донишгоҳро инҷо хатм намоям, аммо падару модарам талаб доранд, ки баргашта, таҳсилро дар Самарқанд дар факултаи филологияи тоҷик идома диҳам. Аксари дӯстонам, ки рафтанд, ҳоло мегӯянд, ки бармегардем ва агар ман хам равам, ҳатман дубора бармегардам, - иброз медорад ӯ.

 Садриддин Муллоев, 1 донишҷӯи дигари ӯзбекистонӣ, ки дар ҳамин боргоҳ таҳсил менамояд, қайд мекунад, ки талаби баргашти донишҷӯёни ӯзбек ба Ватан шояд 1 дастури вежаи ҳукумати кишвараш бошад, лек ин амал маҷбурӣ нест.

 -Масалан, падару модари ман гуфтанд, ки баргаштану барнагаштан тасмими худат аст, 1 соли таҳсилам мондааст, беҳтар аст дар Душанбе онро хатм карда, дипломамро бигирам. Дипломи ҶТ низ арзиши боло дорад ва дӯстону ҳамкурсонам низ бачаҳои хубанд, тасмим гирифтам таҳсилро ҳаминҷо хатм кунам, афзуд Садриддин.

Хориҷу барқарор шудан тибқи муқаррарот

Вазорати маориф ва илми ҶТ вобаста ба ин масъала мегӯяд, ки баргаштану барнагаштани донишҷӯёни хориҷӣ тасмими шахсии онҳост ва бояд тибқи муқаррароти қабулшуда амалӣ гардад.  Чуноне ки маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар иттиллоъ медиҳад, ҳамасола теъдоди муайяни донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии дигар кишварҳо дохил шуда, пас аз анҷоми соли таҳсил ба донишгоҳҳои олии Тоҷикистон интиқол меёбанд. Ё баръакс, донишҷӯёни дигар кишварҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон дохил шуда, пас аз анҷоми соли таҳсил дар давраи таътили тобистона ба муассисаҳои олии кишварҳои худ интиқол меёбанд. 

Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дақиқ мушаххас намудааст, ки донишҷӯе, хоҳиши ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар интиқол ёфтанро дорад, бояд ба номи ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда ариза пешниҳод намояд. Донишҷӯ бояд баъди гирифтани розигии хаттии ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда (дар ариза бояд имзо, мӯҳр ва розигии ӯ возеҳ бошад) ба ректори муассисаи олии касбие, ки дар он таҳсил менамояд, бо ариза ва ба он замима гардонидани нусхаи асли аризаи ба ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда ирсолнамудааш муроҷиат намуда, розигии ӯро низ ба даст орад. Инчунин, дархости донишҷӯ ҷиҳати интиқол ёфтан дар Комиссияи барқарор ва интиқоли муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда дар асоси пешниҳод гардидани аризаҳои ӯ бо розигии ректорони ҳарду муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.  

 Сифати таълим ё шартномаи арзон?

Шартномаи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон назар ба кишвари ҳамсоя на он қадар гарон аст ва ин яке аз омилҳои нарафтани баъзе аз донишҷӯёни хориҷист. Вале бояд сифати таълим, гузариши дарс ва шароити донишҷӯёни хориҷӣ дар мадди аввал истад. Пардохти шартнома барои бархе аз донишҷӯёне, ки дар донишгоҳои олии олам таҳсил мекунанд на он қадар муҳим аст. Агар сифати таълим хуб бошад, донишҷӯ таёр аст маблағи калон супурда, дар донишгоҳи дилхоҳаш бо шароити беҳтарин таҳсил намояд. Масалан дар донишгоҳҳои шинохтаи олам ба мисоли Оксфорд, Гарвард, Кембридж ва амсоли инҳо, ки дар рейтинги донишгоҳои беҳтарини ҷаҳон макони аввалро ишғол мекунанд, шартнома хело гарон аст. Аммо бо сабаби сифати хуби таҳсилу омӯзиш  ва шароити замонавӣ донишҷӯён он ҷо ба шартнома нигоҳ накарда, таҳсилро давом медиҳанд ва шумораи донишҷӯёни хориҷию ватанӣ дар ин макотибҳо зиёд мешаваду кам не.

Тоҷикистон барои рақобатпазир будан бо чунин донишгоҳҳои пешрафта, бояд дар макотиби олӣ сифат, усули дарсгузарӣ ва шароити хонданро дар ҷойи аввал монад, то шумораи донишҷӯёни хориҷӣ барои таҳсил дар Тоҷикистон афзояд. Сиёсат ва “ғамхории” донишгоҳҳои мо набояд танҳо ба сару либоси донишҷӯён равона карда шавад, инчунин ба сифати таълиму усули дарсгузарии муаллимон ва саводи донишҷӯён низ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

 

Ситора Сафарова, СССР

 

Чоршанбе, 04 Март 2020 09:40

 

Газетаи мардумии СССР дар шумораи гузашта дар бораи 1 амали нанговари яке аз омӯзгорони пойтахт-муовини директори мактаби №-1 ш.Душанбе Иванкин Вадим Виталевич навишта буд. Ин ба ном омӯзгор, ки шаҳрвандии 2 кишвар-Федаратсия Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошт, бо ҷурми дастдарозӣ ва нишон додани ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонӣ дошта ба 1 кӯдак ва 6 ноболиғ дастгир шуда, 7 ҳолати анҷомдодашуда ошкор карда шудааст. Ин омӯзгор-педофил боздошт ва нисбати амалкарди ӯ тибқи парванда боз шуда айни замон тафтишот рафта истодааст. Оне, ин муаллим ҳатман паси панҷара меравад, шакке нест, аммо чаро то ҳол нисбати ин на Раёсати маорифи ш.Душанбе вокунише накард ва на ҳайати педагогии мактаби №-1-и пойтахт? Суолест барои мо нофаҳмо.

Мудири наву посбони нав…

Бо гузашти 1 моҳ аз боздошти Вадим Иванкин мухбири газетаи мардумии СССР ба мактаби №1 рафта, хост дар бораи ин қазия бо мудирияти он ҳамсӯҳбат шавад. Аз нигаҳбони  назди дари муассисаи таълимӣ иҷозат гирифта, ба муассисаи мазкур дохил гашта, ба назди директори муассиса даромадем. Рафоат Ашӯрова, мудири ин муассиса ба хушӣ моро қабул кард. Худро муаррифӣ сохта, мақсади омаданамонро шарҳ додем. Хостем дар бораи Иванкин Вадим Виталевич (педагог-педофил) маълумоти бештаре пайдо созем. Баъдтар маълумамон шуд, ки муаллима нав ба кор таъин гардидаву (2 ҳафта пеш!) дар бораи Иванкин Вадим Виталевич, собиқ ҷонишини директори муассиса, ки бо иттиҳоми таҷовуз ба 7 кӯдаки ноболиғ боздошт шудааст, маълумоте надоштааст ва худи ӯро тамоман надидааст. 

 Аз муаллима хоҳиш намудем, то барои суҳбат бо ягон ҷонишинаш дар ин мавуъ ба мо мусоидат созад. Ҷамила Илҳомовна (насаби эшонро натавонистем бифаҳмем), ки 21 сол собиқаи омӯзгорӣ дар ин муассисаро дорад, дар бораи Вадим Виталевич маълумоти хоссе надод, ба ҷуз ин ки ӯ зодаи шаҳри Норак будааст. 

Иваз гардидани директори муассиса ва нигаҳбонони назди дарвоза, ки онҳо низ 2 ҳафта пеш пурра нав шуданд, магар баёнгари он нест, ки баъзеҳо намехоҳанд то ин ҳодиса дар сархати расонаҳо бошад?

Муаллими кӯдаки ман кист?

Пас аз нашри матлаб дар бораи омӯзгор-педофил хонандагони зиёд ба идораи редаксия занг зада, нисбати ин қазия, фарзандону муаллимони онҳо ва вазъияти амният дар мактабҳои пойтахт ва на танҳо пойтахт изҳори нигаронӣ карданд. Воқеан ҳам доғи ҷомеа аст, вақте 1 омӯзгор ба кӯдакони ноболиғ бо баҳонаи дарсҳои иловагиву кружокҳои расмкашиву мусиқӣ дастдарозӣ карда, нисбати кӯдак ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта анҷом бидиҳаду дар ин бора на директори мактаб, на ҳамкорон ва на даҳҳо корманди милиса, ки пушти дари мактаб посбонанд, хабар ёбад!? Раёсати маорифи ш.Душанбе масъули амнияти таҳсил дар мактабҳост ва бояд сари ин масъала-қабули омӯзгорони ҷавон, алалхусус онҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, ҷиддӣ тасмим бигирад, зеро барои ман хеле муҳим аст, ки муаллими фарзанди ман кист!?

Ва аз ҳама аҷибаш ин аст, дар қазияи мазбур, ки ягон журналисти русзабони тоҷикистонӣ, ки аз пашша филҳои бузург месозанду дар шикори сенсатсияанду дар кӯчактарин моҷаро обрӯи миллати моро мерезанд, дар ин бора ҳатто ҳарфе на менависанду на навиштаниянд. Сабаб медонед дар чист? Педофил рус асту қурбониҳояш тоҷикон... Ба гуфти ҷавонони имрӯза, “Бги дега, бача” ва демократия бипаз.

Мавзуъро пайгирем. Мо метавонем!

 

Исмоил Маликов, СССР

 

Чоршанбе, 04 Март 2020 09:37

Роҳи танобии Душанбе дар чаҳорчӯбаи бунёди маҷмааи Ғалаба, соли 1975 сохта шуда, он ба 30-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст. Муаллифи лоиҳа муассисаи «Душанбегипрогор» ва сармеъмори маҷмаа Баҳоваддин Зуҳуриддинов мебошад. Роҳи танобиро меъмори дигари лоиҳа М.Исмоилов ва инструктори он Р.Хурсандов ба хотири осон шудани баромад ва фаромади мардум ба майдони асосии маҷмаа сохта буданд. Фаъолияти роҳи танобӣ аз соли 2012 ба хотири амнияти сокинон қатъ карда шуд. 

Новобаста аз ин масъулони боғ гоҳ-гоҳе асбобҳои гуногуни онро равған молида, барои таҷриба то 2 тонна бор карда, роҳи танобиро ба кор меандозанд. Масъулон мегӯянд, ки таҷдид кардани механизми он ғайриимкон аст, зеро асбобу таҷҳизоте, ки барои бунёдаш истифода шудааст, дигар истеҳсол намешавад. Барои эҳёи он бояд роҳи танобии нав сохт, ки ин кор миллионҳо долларро талаб менамояд.

Дар ҷустуҷӯи сармоягузорем!

Мухбири газетаи мардумии СССР дар мавриди тақдири ояндаи роҳи танобии Душанбе зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Душанбе, ки ҳафтаи гузашта бо ширкати муовини аввали раиси ш.Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода, баргузор шуд, суол кард.

-Роҳи танобиро бояд аз сари нав бо талаботи муосири техникӣ сохт ва лоиҳаи он аллакай омода аст-онро соли 2018 дар якҷоягӣ бо мутахассисони Санкт-Петербург тайёр кардаем. Мо ин лоиҳаро ба сармоягузорони фаронсавиву англис низ муаррифӣ кардем, ба ғайр аз ин бо ҳар соҳибкоре, ки мехоҳад дар амалиёбии ин лоиҳа иштирок намояд, ҳамкорӣ хоҳем кард. Мо сармоягузорро интизорем. Роҳи танобии Душанбе яке аз армуғонҳои ҷашнӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ буда, мо онро ҳатман то соли 2021 бояд сохта ба истифода диҳем, - таъкид дошт Маҳмадсаид Зувайдзода.

   Лозим ба ёдоварист, ки роҳи нахустини танобии муосир дар рӯзҳои аввали моҳи апрели соли 2018 дар ш.Хуҷанд бо иштироки Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта, масири асосии он аз болои дарёи Сир мегузарад. Роҳи танобии Хуҷанд 35 метр баландӣ дошта, дарозиаш беш аз 1 км.-ро ташкил медиҳад ва онро мутахассисони чинӣ лоиҳакашӣ ва бунёд кардаанд.

 

М.Аминова, СССР

 

 

Чоршанбе, 04 Март 2020 09:24

Чоршанбе, 04 Март 2020 09:16

 

Чоршанбе, 04 Март 2020 08:41

 

Рӯзи 25 феврал бо баҳонаи гаронии нон коргарони Петроград ба майдонҳои шаҳр мебароянд. Шаби ҳамон рӯз, подшоҳ Николаи-2 юм, ки худ дар пойтахт набуд ба нерӯҳои полис фармон медиҳад, ки бетартибиҳоро дар шаҳр қатъ кунанд. Дар баробари ин, Николаи 2-юм Думаи давлатиро низ пароканда мекунад. Аммо аз соати 12-и рӯзи 26 феврал дар Петроград гирдиҳамоиҳои нав шурӯ мегарданд. Пойтахти Русияро корпартоии умумӣ фаро мегирад ва нерӯҳои Артиш ба тарафи инқилобиён мегузаранд. Рӯзи дигар (27.02.) шӯришгарон бинои Арсенал ва Қасри Зимистонаро тассаруф намуда, бо ҳамин дар Русия ҳукумати сулолаи Романовҳо сарнагун гардид ва Кумитаи Муваққати Думаи Давлатӣ ба фаъолият шурӯ кард. Дар баробари ин коргарон низ ниҳоди ҳукуматии худро бо номи Кумитаи иҷрояи Шӯрои вакилони коргарон ва аскарон таъсис доданд. 

Замин ва Сулҳ

Инқилоби Февралӣ дар таърихи навини Русия нақши вежа дорад. Ин инқилоб ба ҳукумати 300-солаи сулолаи Романовӣ ва ҳамин тариқ ба сохти подшоҳӣ дар ин кишвар хотима дод ва аз ҳама асосӣ, як садди равониро (боварӣ бар устувории тартиботи вуҷуддошта, ки қарнҳо тавассути синфҳои ҳоким ба мардум иблоғ мегардид) бартараф намуд.                                                                               

Ин инқилоб чун ҳамоиши осоиштаи зиддиҷангии коргарон оғоз гардид, аммо нақши калидиро дар он боз деҳқонон бозиданд. Аскарони гарнизони Петроград, деҳқонбачаҳои шинелпӯш аз тиркушодан ба коргарони пойтахт сар боз заданд ва ҳамоиши осоишта ба шӯриш мубаддал гардид. Мавқеъи ишғол намудаи роҳбарияти Думаи давлатӣ низ ғалабаро осон кард. Аскарони шӯришгар худашон ба назди Дума омаданд ва аз вакилони мардуми талаб карданд қудратро дар кишвар ба дасти худ гиранд.      Ҳамин тариқ моҳи феврали соли 1917 ҳукумати мутлақаи подшоҳӣ дар симои Николаи 2-юм бо кӯшиши якҷояи тамоми нерӯҳои сиёси иҷтимоии мухолифин барканор карда шуд ва қудрат ба дасти Ҳукумати муваққат гузашт, ки асоси ин ҳукуматро намояндагони ҳизби кадетӣ, ки дар Дума аз ҳама зиёд намоянда доштанд, ташкил намуданд.

Чоршанбе, 04 Март 2020 08:38

26.02.1917. Шаби 25 феврал, подшоҳ Николаи 2-юм ба нерӯҳои полис фармон медиҳад , ки бетартибиҳоро дар пойтахт қатъ кунанд. Дар баробари ин, Николаи 2-юм Думаи давлатиро низ пароканда кард. Аммо аз соати 12-и рӯзи 26 феврал дар пойтахт гирдиҳамоиҳои нав шурӯ шуданд. Дар Петроград корпартоии умумӣ оғоз гашта, нерӯҳои Артиш ба тарафи инқилобиён гузаштанд.

26.02.1944. Наздики 600 тайёраи шӯравӣ ба пойтахти Финляндия-шаҳри Хелсинки ҳамла карданд. Ин бузургтарин ҳамлаи ҳавоии СССР дар рафти ҶБВ ба шумор меравад, ки баъд аз он Финляндия таслим шуда, аз ҷанг баромад.

26.02.1952. Сарвазири Бритония Уинстон Черчил эълон намуд, ки Бритонияи Кабир бомби атомии худашро сохт.

26.02.1990. Дар Маскав президенти Чехословакия Ватслав Гавел ва Михаил Горбачев созишномаеро ба имзо расониданд, ки тибқи он нерӯҳои Артиши шӯравӣ аз Чехословакия бароварда мешаванд. 

27.02.1917. Дар Петроград шӯришгарон бинои Арсенал ва Қасри Зимистонаро тассаруф намуданд. Дар Русия ҳукумати подшоҳӣ сарнагун мегардад ва Кумитаи Муваққати Думаи Давлатӣ ба фаъолият шурӯ мекунад. Дар баробари ин коргарон низ ниҳоди ҳукуматии худро бо номи Кумитаи иҷрояи Шӯрои вакилони коргарон ва аскарон таъсис медиҳанд.

27.92.1933. Дар Олмон ҷонибдорони Гитлер бинои Рейхстагро дар пойтахти ин кишвар оташ заданд. Ин кор барои саркӯби коммунистон баҳона гардида, ҳизби коммунист гунаҳкорӣ ин оташсӯзӣ эълон карда шуд. Коммунистон маҷбур шуданд ба фаъолияти махфӣ гузаранд. 

27.02.1937. Дар пленуми КМ ВКП(б) аъзоёни собиқи Бюрои сиёсӣ Николай Бухарин ва Алексей Риков ба суиқасд алайҳи ҳизб айбдор карда шуданд. Бухарин ва Риков аз сафи ҳизб хориҷ гардида, ба ҳабс гирифта шуданд.

28.02.1917. Оғози инқилоб дар Маскав. Баъд аз Петроград баромадҳои зидди подшоҳӣ дар Маскав низ оғоз гардида, шӯришиён дар инҷо низ ба пирӯзӣ расиданд. 

28.02.1921. Оғози шӯриши баҳрнавардон (матросҳо) дар Кронштадт. Ин шӯриш таҳти шиори "тамоми ҳокимият ба Шӯроҳо, на ба ҳизбҳо" мегузашт ва баъди 18 рӯз аз ҷониби нерӯҳои Артиши Сурх саркӯб гардид.

Чоршанбе, 04 Март 2020 08:35

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ба иттилои Шумо мерасонад, ки маводи рӯзноманигор Ҳокими Сафар бо номи «Файзобод: ба ҷойи ободӣ вайронӣ», ки дар нашрияи «СССР», шумораи №52 (589) аз 26 декабри соли 2019, рӯи чоп омадааст, мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки далелҳои дар маводи номбурда овардашуда асоси воқеӣ надоранд. Дар ҳудуди ноҳияи Файзобод дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир корҳои ободонию кабудизоркунӣ бо суръат анҷом дода мешаванд. Хусусан дар шоҳроҳи Ваҳдат- Рашт дар се-чор соли охир корҳои зиёди ободонӣ, аз ҷумла таҳту ҳамворсозии талу теппаҳо, шинонидани дарахтони ороишӣ гулу гулбуттаҳо ва панҷарабандии ниҳолу гулбуттаҳои шинонидашуда дар маркази диққати роҳбарияти ноҳия ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот қарор дорад.

Ҳамасола нигоҳубини дарахтони шинонидашуда дар сатҳи зарурӣ ташкил карда шуда, шумораи ночизи дарахтони хушкгардида, ки амри воқеист, аз нав барқарор карда мешаванд.

Ҳамзамон қайд намудан зарур аст, ки заминҳои мавзеи дарназардоштаи муаллиф, (майдони варзишӣ, ҷойи лавҳаи тарғиботии «Амонатбонк» ва симчубҳои наҳри «50-солагии Тоҷикистон») ба заминҳои ҳудуди ш.Ваҳдат дохил мешаванд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ тамоми чораҳоро меандешад, ки ба корҳои ободонӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза бахшида, дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт шинонидану сабзонидани ниҳолҳои ороишиву сояафканро идома диҳад.

М. Раҷабзода, раиси ноҳия

 

саҳ 9 аз 10

Китобҳо

Flag Counter