ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 26 Август 2020 10:29

 

20.08.1918. Дар Русияи Шӯравӣ моликияти шахсӣ ба амволи ғайриманқул дар шаҳрҳо мамнӯъ карда шуд.

20.08.1918. Дар русияи Шӯравӣ нашриёти "Адабиёти ҷаҳонӣ" таъсис дода шуд. Дар ин нашриёт асарҳои нависандагони барҷастаи кишварҳои гуногун табъу нашр мешуданд.

20.08.1922. Аз пойтахти СССР, шаҳри Маскав пахши оммавии барномаҳои радиёӣ ба кулли нуқоти кишвар ба роҳ монда шуд.

20.08.1940. Дар пойтахи Мексика, шаҳри Мехико яке аз сарварони инқилоби октябрӣ Лев Тротский сахт маҷрӯҳ гардид. Тротский натавонист аз ин захм ҷон ба саломат бибарад ва рӯзи дигар вафот кард.

20.08.1968. Оғози амалиёти "Дунай". Дар рафти ин амалиёт артишҳои кишварҳои Созишномаи Варшава ба Чехословакия ворид гардиданд.

21.08.1923. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ кумитаи банақшагирии давлатӣ "Госплан" таъсис дода шуд. Ин кумитаи нав тамоми иқтисодиёти Шӯравиро идора мекард.

21.08.1942. Дар рафти набарди Қафқоз, сарбозони олмонии дивизияи кӯҳии "Эделвейс" дар баландтарин қуллаи қаторкӯҳи Қафқоз, қуллаи Элбрус парчами Рейхи саввумро барафрохтанд. Ин парчамро танҳо зимистони соли 1944 кӯҳнавардони шӯравӣ бо сарварии Гусев канда, ба ҷояш парчами СССР-ро боло бурданд.

 21.08.1945. Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико тазвили молу маҳсулотро ба СССР аз рӯи барномаи ленг-лиз қатъ карданд. 

21.08.1986. СССР расман эълон намуд, ки садамаи нерӯгоҳи атомии Ченобил бо сабаби саҳлгангорӣ ва бепарвоии ҳайати кормандони нерӯгоҳ ба вуқӯъ пайваст.

22.08.1941. Кумитаи давлатии мудофиаи СССР Қарори № 562-ро ба имзо расонид. Тибқи ин қарор шароб расман ба таъмини Артиши Сурхи амалкунанда ворид карда шуд.

23.08.1939. СССР бо Олмони фашистӣ Созишномаи ба ҳамдигар ҳуҷум накарданро ба имзо расонид. Ин созишнома дар таърихнигории муосир бо "Пакти Молотов-Рибентроп" маъруф аст.

23.08.1989. Дар арафаи 50 солагии имзои пакти шӯрави-олмонӣ дар кишварҳои Назди Балтик, иқдоми Роҳи Балтик роҳандозӣ гардид.

Чоршанбе, 26 Август 2020 09:07

Танзими миллӣ-2

Пеш аз Худошиносӣ, бояд ки худ шиносем,

Илло Худо бигӯӣ гӯсолаи сароро!

Маро ҳамеша 1 факт саргарму саргаранг медорад:

-Гарангии мардуми мо дар асри нано, кайҳоншиносӣ, интернет ва маърифатпарвардагӣ, ки (астағфируллоҳ) одами простой, муллоеро дар бархе маврид чун Бут ҳам не, ки ҳамчу Худо мепарастанд!…

Ҳамин ҳафтаи пор 1 дӯсти ворастаам, қисса кард, ки дӯсти ин дӯсташ занашро лату кӯб кардааст. Чун сабаб пурсидааст ин дӯстам аз ун дӯсташ, ҳамоне, ки занашро кӯфтааст, гуфтааст:

-Ин бетамиз пеши ман бо фахр нақл мекард, ки шавҳари дугонааш, каромот кардаву аз даруни бодом, донаке бар кардааст, ки рӯяш 2 бор Аллоҳ навишта шудааст. Ман ин бетамизро задам, ки о, ту мемурӣ, пеши дугонаҳоят қисса кунӣ, ки ман, яъне шавҳари ту, аз даруни чормағз мағзеро бадар кардам, ки 4 бор Аллоҳ навишта шудааст???

Ин дӯстам гуфт, ки ун дӯсташ бинак ва ё худ фолбину мушкилкушо будаасту шавҳари дугонаи занаш конкуренташ…

Хитоиҳо, санампарастон, ки ба «иттилоъи дақиқу саҳеҳи муллоҳои кулӯхшиноси мо» рост ба дӯзах мераванд, ҳамин ҳафта хатсайри Миррихро убур карда, ба галактикаи дигар рафтанд. Дӯзахӣ яъне кӣ ё чӣ? Оне, ки Худо аз ӯ рӯ тофтааст! Дуруст-мӣ? О, Худо кай ба мо-мусалмонони кулӯхпараст рӯ мегардонаду бар куффор пушт, ки мо ақаллан моли истеҳсоли Чинро нахарему худ тавлид намоем? Кай вақти тараби мусалмонон мерасад дар ин дайри дудар? Боз чанд сол бояд сабр кард? Ва агар ба ҷидд бигрем, бародари мусалмонам, мабодо, хато дар мусалмонии ману ту набошад? О, имкон надорад, ки Худо 1000 сол беш танҳо моро озмояд. Ба вежа дар асри 21, ки чун ягона давлати беХудо-СССР аз байн рафт, олами исломро пуштибоне намонд. Зеро ин СССР ва ғояҳои атеистонаи Ленин буд, ки миллатҳои мазлуми Шарқ, ба вежа қораи араби мусалмоншинро аз бомбаҳои НАТО ҳифз мекард. Давлати бехудоӣ (таъкиди муллоҳои наҳзатӣ!) дигар нест ва Худо олами исломро зад, гирифтор кард, зери ҳамалоти ғайримусалмонон қарор дод. Парадокс? Оре. Вале факт!

Воқеан ҳам дар бораи наҳзатиён. Аҷиб наменамояд, хонандаи азиз, ки Кабирӣ&Co, ки дар сар хаёли муҳоли Давлати исломӣ доранд, на дар Эрону Покистону Афғонистон ва ана бигирем, Саъудии мусалмонӣ, ки Аврупои антиисломӣ мақар гирифтаанд? Наҳзатиёне, ки ҳатто лимонади советиро бо гӯшти «гастроном» ҳаром ҳукм мекарданду хонаи муаллиму галстукдор рафтанро табу… имрӯз аз 1 деге, ки дар он хук ҳам мепазанду қурбоқаву келаск низ, гӯшти гову гӯсфанде мехӯранд, ки…дасткуш, ҳалол нест. Магар инҳо принсипи усулии Ислом, истеъмоли гӯшти дасткӯшро риоя мекунанд? Оё дар 1 табақ хук ҳам пазанду гӯсфанд низ, истеъмоли он равост? Шояд инҳо принсипҳои дигари Исломро медонанд, ки мо бехабарем? Гӯянд. Донем охир!

Вале касе ба ин паҳлӯи масъала сару коре надорад. Мисле, ки 1 тан аз исломистони тоҷик намепурсад, ки миниюбкаву сару пои бараҳна ва ҳатто урёни полкаву чешкаҳоро ҳамарӯза дида, чашм об медиҳеду чаро аз ин «куффор» даъват намекунед, ки сатри аврат кунанд? О, даъвати Ислом, таблиғу ташвиқи Амри Маъруфу Наҳйи Мункар маҳз сӯи онҳое нест, ки аз Ислом берунанд?! Ё танҳо бояд принсипҳои давлати исломӣ, сатру ҳиҷобу рӯзаву намозу ҳалолу ҳаром танҳо барои Тоҷикон хос аст? Мисле, ки шайхҳои арабу охундҳои эронӣ пеши хонумҳои элитаи сиёсии Ғарбу Амрико зону мешикананд, вале аз ин мулоқот баромада, занҳои худро зери бурқаву чодар мекашанд. Исломи шумо танҳо барои мусалмонҳост? Пас фарогиршавии исломро шумо инкор мекунед? 

1 бому 2 ҳавоӣ дар кеши Худо!!!

 Вале мардум ба доми фитна мераваду меравад. Мисле, ки ҳамарӯза Секс-сериолҳои давомдори муллоҳоямнро мебинему боз зану духтаронамонро бо дасти худ ба «постел»-и онҳо мепартоем. Қиссае ёдам омад, ки ҳамон дӯсти болоӣ нақл карда буд:

-Муаллими донишгоҳе (!!!), профессоре, ки ба ҷину ҷинбарор бовар дорад (!), занашро пеши муллои ҷинбарор мебараду мегӯяд, аз найранги муллоҳо огаҳам ва пеши онҳо мешинад. Мулло мебинад, ки зани профессор хеле сафеду чоқ аст, ба дасти муаллим доирае медиҳад, ки Шумо гирди хона дойразанон гардед, то ҷинҳоеро, ки ман пеш мекунам, баргашта надароянд. Хулласи калом, баъди ним соати дойранавозӣ, муаллим дарро нимароғ карда мебинад, ки… 

…Ин профессори аблаҳ чӣ дид, оварданашро Қонун дар бораи ВАО иҷозат намедиҳад. Аммо ин ки доирааш аз дасташ уфтоду хонааш вайрон шуд-инро менависем ва изофа мекунем:

-Миллате, ки дар асри ХХI беш аз Худо ба мулло бовар дорад, оқибаташ хонавайрониву ватангурезиву давлатхаробиву шаурмахӯрист...

Сахт гуфтам? Хуб кардам! Мо Метавонем!!!

 

Чоршанбе, 26 Август 2020 09:02

Прокуратураи ноҳияи Хуросон, мақолаи Баҳодури Абдусалом, «Хуросон: кӯмакҳоро  ба масҷид бурданд», ки дар ҳафтаномаи «СССР» аз 28.05.2020 сол таҳти № 20 (609) ба табъ расидааст, мавриди санҷиш қарор дод.

Ҳангоми гирифтани баёнот шаҳрвандон қайд намуданд, ки кӯмакҳоро дар асоси рӯйхати тақсимот ба хоҷагиҳое, ки дар натиҷаи боришоти боронҳои пай дар пай, омадани сел ва фаромадани ярч рӯзҳои 14-16 майи соли 2020 дар н.Хуросон, Ҷамоати деҳоти С. Айнӣ, деҳаҳои ба номи Н. Асадулло ва 18-ум Анҷумани ҳизб зарар дидаанд, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  н.Хуросон дар назди хаймаҳояшон номнавис карда, ба онҳо додаанд.

Давлатбекзода А.Д., и.в. Прокурори н.Хуросон, мушовири адлияи дараҷаи 3

 

Чоршанбе, 26 Август 2020 08:59

 Шаҳнозаи Ваҳҳоб, яке аз хонандагони газетаи мардумӣ аз ш.Душанбе занг зада (тел: 987 27 99 61) гуфт, ки дар тӯли ҳафта натавонистам 1 маълумотномаи оддиро аз Коллеҷи омӯзгорӣ дастрас намоям. 

   - Яке аз наздиконамон дар Коллеҷи омузгории Хосият Махсумоваи ДДО Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ таҳсил мекард ва хушбахтона ин сол хатм карду хостем таҳсилашро дар дигар донишгоҳ давом диҳад. Мо барои интиқол намудан ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимаро омода кардему танҳо 1 маълумот аз коллеҷи мазкур монд. Барои гирифтани ин маълумотнома чанд маротиба ба нафари масъули ин кор дар коллеҷ, яъне Ҷураев муроҷиат намудем. Ба ҳар талаби мо барои маълумотнома ҷавобаш чунин буд, имрӯз биёед, пагоҳ биёйед. Хулоса ҳамин тавр 1 ҳафта рафта омадему то ҳоло корамон тамом нашудааст. Намедонам, ки чаро дили Ҷӯраев ба вақту роҳкирои мардум намесӯзад, дар ҳоле, ки ман фикр мекунам навиштан ва додани маълумотнома вақти зиёдеро намегирад. Латофат Одиназода, директори ин коллеҷ бояб ба масъалаи мазкур, яъне қоғазбозӣ ва бюрократия дар коллеҷ шахсан назар карда, ин камбудиҳоро бартараф намояд.

 

Чоршанбе, 26 Август 2020 08:54

 Х.Ҳусейнов, мухлис ва хонандаи доимии газетаи мардумии СССР аз н.Масчоҳ занг зада (тел: 92 934 94 94) гуфт, ки аз дасти Орзугул Шарифова, директори мактаби №1-и н.Мастчоҳ ба дод омадааст.

   - Чанд вақт боз Орзугул Шарифова, директори МТУ№1-и н.Мастчоҳ ба ман фишорҳои равонӣ расонида, ҳамроҳам чангу ҷанҷол низ карда, боз аз пасам дар назди дигар ҳамкорон суханҳои қабеҳ мегӯяд, ки ин амал бар хилофи Кодекси меҳнат мебошад. То ҷое, ки ман медонам ҳамаи кӯшишаш барои аз кор рондани ман буда, дар ин маврид ба раиси ноҳияамон Тоҳир Азиззода аризаи шикоятӣ навиштам то ин ки масъалаи мазкурро ҷиддӣ бинанд. Аммо тавре, ки муалима мегӯяд гӯё маро бо фармони раиси ноҳия аз кор озод мекардаанд ва сабабаш ҳамин аст, ки ман барои камеракунонии мактаб ба мақомотҳои вилоятӣ муроҷиатҳои хаттӣ навишта будам. Умедворам, ки баъди нашри ин матлаб дар ҳафтаномаи СССР мушкили ҳали худро пайдо хоҳад кард. 

Аз СССР: Агар вазъ воқеан чунин аст, ки муаллифи доимии мо мегӯяд, пас вой бар чунин мктабу ноҳиядорӣ! Зеро танқид дар кишвари мо роиҷ аст ва набояд директору ҳокимони маҳаллӣ худро чун хону бекҳои даврони амирӣ муаррифӣ кунанд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, 26 Август 2020 08:51

Салом ба СССР! Аз марги Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ устод Гулназар Келдӣ бисёр ғамгин шудам. Шукрона мекунам, ки 1 сол қабл дар маҳфили хотирмоне дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии н.Восеъ бо ин шоири зиндаёд вохурда будам. Пас аз анҷоми чорабинӣ устод Гулназар аз минбар поин шуданду аз издиҳоми мардум пурсиданд:” Ҳамин писар канӣ, ман ӯро аз наздик бинам”. Вай маро меҷуст, ки банда ҳам суханронӣ ва 1 шеъраки шогирдона хонда будам. Устод маро ёфту самимона ва падарона дастамро борҳо фишурду даст ба китфам гузошту навозишкорона дуоям доду бо 1 ибораи зебои русӣ гуфт, ки офарин, “Так держать”. Руҳат шод бод устоди қадршиносам!

Устоди сухан Гулназар аз мо рафт,

1 шоири ширинсухани дилҳо рафт.

Мерос аз ӯ Суруди миллиаш монд,

Афсус аз он хурем,ки аз дунё рафт.

Даврони Айниддин, шоир, н. Восеъ, тел: 931230939

 

Чоршанбе, 26 Август 2020 08:48

Бобои Сангак Сафаров, маҳбуси машҳури тоҷик бо номи «Пахан» на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур буд. Ман фикр мекунам, ки гузаштагонаш ин номро беҳуда ба вай нагузоштаанд. Бобои Сангак Сафаров дар ақидаҳояш аз санг ҳам сахттар ва ҷавонмарди ҳақиқӣ буду бо ҳамин хислаташ дар роҳи Ватану ватандорӣ кушта шуд.

Агар дар арафаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 Сангак Сафаров бо дигар ҷонфидоёни мардуми Кӯлоб ба ҳимояи қонунии Ҳукумати Тоҷикистон барнамехестанд, имрӯз аз миллати тоҷик ному нишоне намемонд. Аз пайи Сангак Сафаров тамоми мардуми Кӯлобу Қурғонтеппа барои муҳофизати Ватан ба майдони «Озодӣ» омада буданд. Ман Сангак Сафаров, Исматчаю чанде дигаронро, ки баҳри Ватани мо ҷонсупорӣ кардаанд, қаҳрамон меҳисобам. Оё намешавад, ки Ҳукумати кишвар пайкараи онҳоро дар алоҳидагӣ ва ё якҷоя дар ягон боғҳои Душанбе гузорад?

Шодибек Халилов, ветерани маориф ва ҷанг дар ақибгоҳ,

Аълочии маорифи ҶТ, н.Мӯъминобод

 

Чоршанбе, 19 Август 2020 12:22

Ба сармуҳаррири редаксияи Газетаи дӯстдоштаи мардумии «СССР» аз номи 1 гурӯҳи мухлисони дастаи  овозадори «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб салом! 

Аз шумо коркунони редаксия хоҳиш ва илтимос менамоем, ки дархости моро ба ФФТ расонед. Наход 1 ҷамоати деҳот дар лигаи олӣ даста дошта бошаду 1 шаҳри овозадори Кӯлоб не? Мо мухлисон аз ФФТ ва соҳибкорон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки командаи овозадори «Равшан»-ро дастгирӣ намоянд, то он соли 2020 ба лигаи олӣ барояд! «Равшан»-ро зинда гардонед, то «Барселона»-и маҳаллӣ (Равшан) бо «Реал»-и миллӣ (Истиқлол) бозида, шӯҳрати футболро ба қуллаҳои баланд бардоранду стадионҳоро пур аз мухлис созанд!!!

 Ба гуфти бобои Ғуломи кӯлобӣ Мо метавонем!

Мухлиси ашадии «Равшан» бобои Содиқ аз ш.Кӯлоб

 

саҳ 2 аз 9

Китобҳо

Flag Counter