ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 16 Сентябр 2020 11:02

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Айнӣ мақолаи бо номи «Оилаи камбизоати мо фаромӯш шуд?»-ро, ки дар ҳафтаномаи «СССР» таҳти №30 (619) аз 06.08.2020 нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар н.Айнӣ 1876 нафар маъюбони гурӯҳҳои гуногун  ба қайд гирифта шуда, мунтазам аз тарафи масъулони МИҲД ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва соҳибкорону шахсони саховатпеша дар арафаи иду ҷашнҳо аёдат карда мешаванд.

Дар ҳақиқат дар рафти таҳлилҳо маълум гардид, ки ҳамсари Гадоев Бобоодина, Муҳаммадиева Гулчеҳра маъюби гурӯҳи 3, писараш Умаров Шамсулло маъюби гурӯҳи 3 буда, дар ҳаҷми 108 сомонӣ ба ҳар як нафар нафақаи  иҷтимоӣ мегиранд. Фарзанди дигараш Саидмикоил Гадоев низ маъюб аз кӯдакӣ буда, дар ҳаҷми 270 сомонӣ нафақа мегирад. Бинобар муроҷиат накардан оилаи мазкур то ҳол аз кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ баҳрабар нагардидааст.

Қайд бояд намуд, ки дар асоси супориши раиси ноҳия, оилаи номбурда аз тарафи муовини раиси ноҳия, раиси Ҷамоати деҳоти Рарз ва фаъолони деҳаи Гузари Бод аёдат карда шуда, вазъи оилавиашон пурра омӯхта шуд.

Ҳамзамон ҳуҷҷатҳои оилаи мазкур барои гирифтани кӯмакҳои иҷтимоӣ омода ва пешниҳод карда шуд. Инчунин барои зимистонгузаронии онҳо расонидани кӯмакҳои лозима аз ҷумлаи ангишт, ҳезум ва маводи хӯрока ба нақша гирифта шуд, ки рӯзҳои наздик якҷоя бо кӯмаки яквақтаина аз фонди раиси ноҳия дастрас мегардад. Минбаъд оилаи мазкур таҳти ғамхории доимии сохторҳои дахлдор қарор хоҳад гирифт.

Муродзода Муқим Қаюм, раиси н.Айнӣ

 

Чоршанбе, 16 Сентябр 2020 10:57

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо хизматчиёни давлатӣ дар ҳар 5-сола иваз гардида, ротатсия гузаронида мешавад. Дар ноҳияи Файзободу шаҳри Роғун хизматчиёни давлатӣ, ки дар МИҲД дар ҳайси муовинони 1-уму 2-юм, 3-юм, раисони ҷамоатҳои деҳот, аз 6 то 11 сол аст кор мекунанд, то имрӯз дар мансабҳои худ истодаанд. Оё имкони ивазшавии онҳо вуҷуд дорад? Ё дар Роғуну Файзобод ғайри инҳо кадр нест?

Мардум мегӯянд дар ҳамаи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо хизматчиёни МИҲД иваз шудаанду дар шаҳри Роғун ва ноҳияи Файзобод хизматчиёни давлатӣ бе иваз солҳои тӯлонӣ кор мекунанд. Чаро? 

Ҳокими Сафар,

н.Файзобод

 

Чоршанбе, 16 Сентябр 2020 10:53

 Суҳроб Раҳимов, мухлис ва хонандаи доими ҳафтаномаи СССР аз ш.Душанбе занг зада гуфт, ки имрӯз хизматрасонӣ дар яке аз калонтарин маркази савдо ва маъмултарин тарабхонаи пойтахт мелангад. 

   - Ба наздикӣ ҳамроҳи амакам ба мағозаи “Пайкар” барои харид рафтем. Муттаасифона, 1 ҳолат дар мағозаи мазкур моро хеле нигарон кард, амаки пиронсолам хост, ки ба ҳоҷатхона дарояд, лекин кормандонаш гуфтанд, ки ҳоҷатхонаҳои дохили мағоза танҳо барои кормандони худи мағоза аст. Дар баробари дигар шароитҳои хуб чаро масъулини маркази савдои “Пайкар” натавонистанд, ки масъалаи хеле муҳим барои мардум, бахусус муштариёнро ба назар гиранд? 

Мушкили дигар дар тарабхонаи “Тайга” аст, ки барои овардани 1 қошуқ 5-10 дақиқа интизорӣ кашидему ош хунук шуд. Аҷибаш он аст, ки хизмати рӯйи мизи моро 1 ҷавон ба ӯҳда дошту дар вақти набуданаш аз дигар пешхизмат овардани 2 дона қошуқро хоҳиш намудем, аммо ба сӯямон бад нигоҳ карду рафт...

Чоршанбе, 16 Сентябр 2020 10:50

Ҳамроқул Умаров, яке аз хонандагони доимии мо аз ш.Турсунзода занг зада гуфт, ки 1 нафар худашро корманди мақомот муаррифӣ карда, ӯро фиреб додааст. 

   - Дар беморхонаи шаҳраки “Шифобахш” духтарамро гоҳо оварда химия мекунам. Ин навбат бошад дар назди шуъбаи химиякунии беморхона дар паси ман 1 ҷавони миёнасол бо либосҳои оддӣ дар даҳон сигор меистод. Ман низ баъди каме интизорӣ хостам, ки наздаш рафта, нос кашам. Дар ҳамин лаҳза ҳамон ҷавон омада, 1 шаҳодатномаи куҳнаро нишон додаву худашро милиса муаррифӣ кард. Вай гуфт, ки “Амакҷон дар ин ҷо нос кашидан мумкин нест, шуморо барои ин кирдоратон 50 сомонӣ ҷарима мекунам!”. Ҳамин хел аз мани бечораву касалидор 50 сомониро гирифту ман бошам аз пасаш гирякунон баромадам, лекин ба суханони ман аҳамият надодаву дар мошин шишта рафт. 

Мутаассифона, кӣ буданашро фаҳмида натавонистам. Шояд ин ахмақ ягон дузд буд, ки маро фиреб дод, аз Худованд наметарсад, ки ба ҷойи кӯмак кисаамро даст зад. Ин дардро барои он ба ҳафтаномаи дустдоштании СССР расонидам, ки шояд ба дигар хонандаҳо дарси ибрат гардаду онҳо туъмаи ин гуна сагҳои дайду нагарданд.

Аз СССР: Хонандаи гиромӣ! Беҳтараш нос накашед! Ҷонатон аз ифлосӣ ҳам халосу аз штраф низ. Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, 16 Сентябр 2020 09:21

 

Салом! Ислом Каримов Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (1991-2016) баъди соҳибихтиёрии ин кишвар, осорхонаи “Инқилоби Октябр” дар маркази Тошкентро барҳам дод. Аз тамоми 260 шаҳру ноҳия ҳайкалу муҷассамаҳои В.И.Ленинро барканд. Насби ордену медалҳои советӣ барои ветеранҳои ҶБВ манъ гардида, фаъолияти ҳизби коммунист мамнуъ эълон шуд. Ҳизби мазкурро, ки таърихи 70 сола дошт ба Ҳизби Халқии Демократии Ӯзбекистон табдил дод. Номи меҳмонхонаи бузургтарин "Москва" лағв шуда, исми тоҷикии "Чорсу"-ро гирифт. Шуруъ аз соли 1993 Ӯзбекистон аз алифбои кириллӣ даст кашида, ба алифбои лотинӣ гузашт. Маймоҳи соли 2010 барномаи консертии ҳунарманди халқии СССР И.Кобзон бахшида ба 65 солагии Ғалаба дар ш.Тошкент бекор гардида, Кобзонро ба Тошкент роҳ надоданд!  Акнун ба 1 парадокси сиёсӣ аҳамият дихед. Соли 2018 Кремл (хонда шавад Путин) дар маркази шаҳри Москва муҷассамаи барқади И.Каримовро гузошт. Ана инро сирри сиёсат меноманд...

Махсумов Манон, ш. Истаравшан в. Суғд тел: 988097194

 

Чоршанбе, 16 Сентябр 2020 09:18

Дӯст машмор он ки дар неъмат занад, 

Лофи ёриву бародархондагӣ…

СССР муваззаф аст, ҳар сол, дар арафаи солгарди таваллуди хеш ба хонанда, дӯст, бародар ва узви Ихвон ал СССР ҳисобот диҳад, чунки мо ҳама узви 1 оилаем, ки номаш газетаи мардумист. Медонем, ягон сардабир, сиёсатмадор, дипломат, депутат, ҳатто Трамп ин корро намекунад, вале мо мекунем, зеро Мо Метавонем! 

Шуморае, ки дар даст дорӣ, хонанда, аккурат, 624-умин газетаи мардумист, ки бо он мо синни 12-ро ҷамъбаст кардаву тибқи тамомии қонуну қавоиди шаръиву дунявӣ ба синни балоғат, яъне 13 мерасем ва дигар «ба гуноҳ мешавем». Зимнан ин «балоғат» бар масъулиятамон, албатта, меафзояд. Дар ин 624 ҳафта, 4368 рӯз, 104832 соат, 6 млну 289 ҳазору 920 сония, СССР ягон бор танаффус накарда, бо хонандаи худ буд, дар ҳифзи манофеи халқ, хонандаи оддӣ, шаҳрвандони мулкӣ, одамони хоксор қарор дошт, ки матолиби нашркардаи мо худ гувоҳи ин иддаъоянд. Зеро даҳҳо ҳазор зангу паёмаку мессенҷҳои электронӣ, мактубу арзу шикояти мардумро нашр карда, 2496 нафарро меҳмони гиромии редаксия гирифтем, ки дарди дили худу мушкили ҷомеаро гуфтаанд. Мо Метавонем!

Танҳо сармақолаҳои мо, ки вежа, такрорнашаванда ва рӯзмарра буданд, 624 маротиба нашр гашта, дар Сухани рӯз 3432 мушкили мубрами ҳар ҳафтаина нашр мешуд. Рейду гузоришоти мо аз бозорҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ, корхонаҳо, шаҳру навоҳии республика пайваста ба табъ мерасиданд ва хонандаи закӣ ва доимии мо огоҳ аст, ки дар ин матолиб мо бурду бохти ҳар корхонаро матраҳ мекардем, зеро мо газетаи сӯзанда нестем, ки танҳо камбудиро бинему пешрафтҳоро на. Мо газетаи созандаем ва паҳлӯи созандагони Ватан қарор доштем. 1 чашмандози сарироҳӣ кофист, ки дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар ин пешрафтҳоро бинӣ ва бояд кӯри модарзод ҳам не, кӯрдиле мисли Аби Лаҳиб ва ё Абуҷаҳл бошӣ, ки ин корҳои созандаро набинӣ. 

Албатта, кор бе камбудӣ нест ва ин аст, ки мо камбудиҳоро зери тозиёнаи танқид гирифта, бештар аз 14352 маводи танқидӣ чоп кардем, ки аксарияти онҳоро беш аз 40 Хабарнигори Мардумии мо ва муаллифини доимӣ аз шаҳру навоҳии хеш навиштаанд. 100% ҳич кор ислоҳ намешавад, вале баъди нашри матолиби танқидии мо ҳудуди 65-70% корҳо ислоҳ шуданд, ки бурди ҳар як хонандаи гиромии мост. Мо Метавонем!

Дар тӯли 2 соли ахир, дар проекти нави мо – Деҳи ман-Ватани ман 624 раис, вазир, кабир, сарватманд, соҳибкори ватансоз, ки барои ҷашнвораи 30-солагии Истиқлолият талош кардаанд таърифу зумрае аз ватансӯзон, ки садди роҳи пешрафт мегарданд, танқид шуданд. Мо Метавонем!

Соли 2020 соли талафоти бузург низ буд ва на танҳо барои Тоҷикистони азиз, ки тамомии олам ва дар ин марҳалаи бисёр тақдирсоз, ки сакалтуе чанд ба ном «оппозитсионерони евро-исломӣ», ки мехостанд, миллати моро гушнамир кунанду талаб доштанд, КАРАНТИНи сартосарӣ ҷорӣ гардад, СССР дар паҳлӯи Давлат ва Миллати Тоҷик қарор гирифт. Дуруст аст, ки анде фавтид, вале хонандаи азиз, магар дар Амрикову Аврупову Русияи карантиноӣ бештар аз мо намурдаанд? Ва агар бо ин потенсиали захоири давлатӣ, ки дорем (танҳо аблаҳи сарзада пояшро  ба пои Америкаву Анлияву Германия дароз мекунад!), карантини сахт ва сартосарӣ ҷорӣ мешуд, имрӯз аз гуруснагӣ мемурдем: аксарият!!! Мо бо менеҷерони давлат ва ҳукумати марказӣ будем, ки хатарро эҳсос кардаву карантини нарм эълон карданд ва имрӯз бозорҳои истеъмолии мо он қадар пуранд, ки ҳамон хабаргузориҳои «миллатдӯст» гиря доранд, ки нархи пиёзу сабзиву картошкаву гандум дар бозорҳои мо арзон шудааст…

Дар ин 12 сол киҳое бо мо ҳамкор набуданд. Аксарият сабзиданду боло рафтанд, ки ин миссияи азалии «Мактаби СССР» аст: кадрҳоро тарбият, паррончак ва хатти парвоз нишон додан. Мисол мехоҳед? Марҳамат: 

-Сафват бизнесмени муваффақ дар Одесса, Шарифхони Тағаймуроду Шамсиддини Муқим корчаллон дар Маскав, Раҷаби Мирзо маҳфилорои пурхонандатарин гурӯҳи фейсбукӣ, Саъдии Маҳдӣ-декани факултаи журналистикаи ДМТ, Зиннатуллоҳи Исмоил-раиси ИЖТ, Аҳмади Иброҳим-сардабири Пайк, Сӯҳробшои Фаррухшо журналисти пешбари ТВФутбол, Гули Зард фаолтарин зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба тангдастон кӯмаки хайриявӣ мерасонад, Шоираи Раҳимҷон-муваффақтарин таронанависи Тоҷик дар 2 соли ахир, ки дар Амрикову Аврупо консертҳояш баргузор гардид, Ҷонибеки Асрориён-директори Радиои Фарҳанг, Самариддин Асозода-сардабири Садои Мардум, Ш. Амин-ходими пешбари Энсиклопедияи Тоҷик, Далери Эмомалӣ журналисти «ҷанҷолӣ»-и радиои Ватан, Одинашо Муродов-бонкир… 

Дар ин байн мо бисёр муаллифони доимии хешро аз даст додем, ки ному насаб ва акси хушрӯи ҳар кадомашонро дар ин шумора хоҳед диду хонд, зеро шиори мост:

-Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!

Дар соли наҳси 2020 бисёр абармардони ҳунар ва дӯстони мо низ бо марази коронавирус рафтанд-Гулназар, Ҷамшед Исмоил, Ҷӯрабек Назриев, Хайриддин Тӯраев, Саврӣ Сабзаалиева, Мавлуда Обидова, Сайфиддин Тӯраев, Саидмурод Атоев, Шамсиддин Ҷалолов, Мӯсо Асозода…, ки дар бораи ҳар яки ишон мо матолиби ёдбудӣ навиштаем.

Ва бо ин ҳама, дӯст, бародар, хонанда, узви Ихвон ал СССР, дар ин 13-солагӣ низ бо мо бош, ки мо ягона газетаем, ки ЯГОН хонандаи худро фаромӯш намекунем ва ҳамеша бо ӯву ёди ӯем:

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,

Дар парешонҳоливу дар мондагӣ!

Мо Метавонем!!!

 

Ҷумъа, 11 Сентябр 2020 09:45

 

Панҷшанбе, 10 Сентябр 2020 10:36

Тавре сомонаҳои бархе аз лоиҳаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳанд,  танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз касалиҳои сироятӣ дар олам 8 699 256 нафар фавтида, омори марги кӯдакони то 5 сола 5 093 588 нафарро ташкил медиҳад. Занони олам дар 8 моҳи соли равон 28 511 436 исқоти ҳамл намуда, 1 миллиону 126 ҳазору 507 нафар аз бемории ВИЧ/СПИД фавтидаанд.

Тоҷикистон - 8583

Аз 30 апрел то санаи 31 августи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8583 ҳолати сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуда, то 31.08.2020 дар мамлакат 7376  (85,9%) нафар аз ин беморӣ шифо ёфта, бар асари он 68 нафар фавтидаанд. Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ хабар медиҳад, танҳо дар 1 шабонарӯз-аз 30 ба 31 августи соли равон 33 ҳолати нави сироятӣ ба қайд гирифта шуда, 84 нафар таҳти назорати табибон қарор дошта, 35 нафар бемор баъд аз табобат ба хона ҷавоб дода шудаанд.

Қазоқистон- 131 596

Бояд гуфт, ки вазъияти авҷу хуруҷ ва паҳни бемории сироятии COVID-19 дар кишварҳои ҳамсояи мо, аз ҷумла Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ то ба имрӯз нигаронкунанда боқӣ монда, то 1.09.2020 дар Ҷумҳурии Қазоқистон 131 596 нафар , дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон-41 994 нафар ва дар Ҷумҳурии Қирғизистон 43 958 нафар аз ин беморӣ сироят ёфта ба қайд гирифта шудаанд. Шумораи сироятёфтагон аз COVID-19 дар ҷаҳон то 1.09.2020- 25, 485, 238 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 16, 820, 067 нафар табобат ёфта, 850, 544 нафар фавтиданд.

Наздики 20 миллион ҷон бохт….

Аз маълумоти гурӯҳи байналмилалии волонтёрони Worldometer бошад то ба имрӯз дар 25,16 миллион сокини сайёра коронавирус ошкор шуда, то субҳи рӯзи якшанбе, 30 август, бар асари бемории COVID-19  846 772 тан ҷон бохта, зиёда аз 17,5 миллион мариз шифо ёфтааст. 

Аврупо марзҳоро мебандад

Шумораи сироятёфтагон дар Аврупои Ғарбӣ вақтҳои охир бо сабаби  бозгашти аврупоиҳо аз рухсатиҳо рӯ ба афзоиш дорад. Кишварҳо маҷбур шудаанд, ки чораҳои пешгирии уфунатро дубора пурзӯр карда, аз ҷумла, дар  Олмон  чорабиниҳои калон ҳадди аққал то охири соли равон манъ шудаанд. Венгрия аз 1 сентябр дар байни давлати ИА аввалин шуда, сарҳадҳои худро барои шаҳрвандони хориҷӣ дубора баста, ин иқдом тӯли 1 моҳ эътибор хоҳад дошт.

Украина – 116 978

Қаблан, марзҳоро ба рӯи хориҷиён-ҳамчунон ба муддати 1 моҳ Украина баста буд, ки дар он ҷо афзоиши ҳолатҳои сироятёбии тасдиқшуда то 29 август (2481 ҳолат), аз ҳама зиёдтар пас аз нуфузи уфунат ба кишвар гардид. Шумораи умумии сироятёфтагон ба 116 978 нафар расид, 2492 тан аз онҳо ҷон бохта, 56138 нафар сиҳат ёфтааст. 

Россия – 985 436

Дар Россия шумораи сироятёбиҳои нав аз нимаи моҳи август аз марзи  5000 зиёд нашудааст. Тибқи маълумоти ситоди фаврии ин кишвар, то 29 август 985 346 нафар гирифторони коронавирус ошкор шудаанд, 17 025 тан ҷон бохта ва 804.383 нафар шифо ёфтаанд.

ИМА пешсаф!

Барангезандаи бемории COVID-19 аз замони хуруҷ дар охири соли 2019 дар музофоти Хубэйи Чин ба беш аз 210 кишвар ва қаламрав нуфуз намудааст. Теъдоди бештари сироятёфтагон дар ИМА-6,13 миллион, Бразилия- 3,84 миллион ва Ҳиндустон -3,53 миллион сабт шудаанд.

ВИЧ/СПИД - 1.126.507 нафарро бо худ бурд

Авҷу хуруҷ ва паҳни бемории сироятии коронавирус дар охири соли 2019 ва баҳори соли 2020, ки пайомадҳои нохуш дошт, имрӯз ба бемории №1-и олам мубаддал гашта, гӯё, ки касалиҳои дигарро аз байн бурд. Айни замон мо маргу мири одамонро аз коронавирус ҳисоб карда, дар бораи фавтидагон аз дигар бемориҳо қариб, ки фаромӯш кардаем. Ҳоло он, ки ҳамарӯза дар олам миллионҳо нафар дар пайи бемориҳои дигар мемиранду қариб, ки касеро марги онҳо ташвиш намедиҳад.

Тавре сомонаҳои бархе аз лоиҳаҳои Созмони ҷаҳонии рандурустӣ хабар медиҳанд,  танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз касалиҳои сироятӣ дар олам 8 699 256 нафар фавтида, омори марги кӯдакони то 5 сола 5 093 588 нафарро ташкил медиҳад. Занони олам дар 8 моҳи соли равон 28 511 436 исқоти ҳамл намуда, 1 миллиону 126 ҳазору 507 нафар аз бемории ВИЧ/СПИД фавтидаанд.

Шумораи нафароне, ки пас аз бемории саратон аз олам чашм пӯшидаанд 5 миллиону 503 ҳазору 611 нафарро ташкил намуда, аз касалии сироятии вараҷа 657 ҳазору 305 нафар, аз кашидани сигор 3 миллиону 349 ҳазору 932 нафар, аз алкоголизм (майпарастӣ) – 1 миллиону 676 ҳазору 23 нафар, худкушӣ – 718 ҳазору 597 нафар ва аз истифодаи маводи мухаддир ҳамасола 450-600 ҳазор нафар мемиранд.

Ин омори танҳо чанд сомонаест, ки ба соҳаи тандурустӣ дар ҷаҳон бахшида шудааст. Дар шумораи оянда мо ҳатман омори маргумирро аз бемориҳои дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгирӣ хоҳем кард. 

Шералӣ Давлатов, СССР

 

 

 

 

саҳ 6 аз 10

Китобҳо

Flag Counter