ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 10 Август 2022 15:16

Чоршанбе, 10 Август 2022 15:11

Чоршанбе, 10 Август 2022 15:09

Чоршанбе, 10 Август 2022 15:04

Чоршанбе, 10 Август 2022 15:01

  

8.08.1917. Дар Петроград Анҷумани VI-уми РСДРП (б) ба кори худ шурӯъ кард. Анҷуман дар шароити нимамахфӣ мегузашт ва дар он 267 вакил ширкат варзиданд. Бештари роҳбарони болшевикӣ монанди В.Ленин, Г.Зиновев, Л.Тротский, Л.Каменев дар Анҷуман ширкат надоштанд. Ба кори Анҷуман И.Сталин ва Я.Свердлов роҳбарӣ мекарданд. Маҳз дар ин Анҷуман ҳизби болшевикӣ қарори шӯриши мусаллаҳонаро ба тасвиб расонид.

8.08.1917. Артиши англису фаронсавӣ амалиёти Аменро дар рафти Ҷанги Ҷаҳонии 1 алайҳи Олмон оғоз намуданд. Ин амалиёт боиси рахна шудани фронти немисҳо гардид ва фармондеҳи немисҳо Людендорф онро «Рӯзи сиёҳи артиши олмонӣ» номид.

8.08.1945. СССР бо Япония эъломи ҷанг кард ва Артиши Сурх вориди Манҷурия гардид.

9.08.1928. Дар бинои Сирки шаҳри Ленинград Осорхонаи сирк ва эстрада ифтитоҳ ёфт. Ин аввалин осорхонаи сирк дар ҷаҳон буда, ҳоло ҳам таҳти унвони «Осорхонаи санъати сирк» фаъолият мекунад.

9.08.1945. Артиши ИМА бомби атомии 2-умро, ки «Фарбеҳак» ном дошт, ба шаҳри Нагасакии Япония партофтанд. Дар натиҷа 74.000 одам ҷони худро аз даст дод.

10.08.1913. Анҷоми Ҷанги 2-уми балканӣ. Дар ин ҷанг Булғористон, ки зидди Сербия, Черногория, Юнон ва Руминия меҷангид, шикаст хӯрд ва дар пойтахти Руминия шаҳри Бухарест ба созишномаи сулҳ имзо гузошт.

11.08.1921. Дар Русияи шӯравӣ бо қарори ШКХ сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП) роҳандозӣ гардид.

11.08.1949. Роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ эълон намуд, ки дигар Югославияро иттифоқчии худ намешуморад.

12.08.1953. Дар СССР, дар озмоишгоҳи Семипалатински Қазоқистон аввалин озмоиши бомби ҳидрогенӣ (водородӣ) бо муваффақият анҷом гирифт.

13.08.1961. Ҷумҳурии Демократиии Олмон сарҳад миёни Берлини Шарқӣ ва Берлини Ғарбиро баста, ба сохтмони девори Берлин оғоз намуд.

13.08.1990. Президенти СССР Михаил Горбачев қонун «Бобати барқарорсозии ҳуқуқи тамоми қурбониёни репрессияҳои сиёсии соҳои 1920-1950»-ро ба тасвиб расонид.

 14.08.1919. Оғози амалиёти Актюбинск дар рафти ҷанги гражданӣ дар Русия. Дар ин амалиёт нерӯҳои фронти туркистонии Артиши Сурх, таҳти фармондеҳии Михаил Фрунзе артиши Ҷанубии Колчакро торумор намуда, роҳ ба сӯи Осиёи Миёнаро боз карданд.

14.08.1941. ИМА ва Англия Хартияи Атлантикро ба имзо расониданд. Ин ҳуҷҷат алайҳи Олмони фашистӣ нигаронида шуда буд ва чанде баъд СССР низ ба он ҳамроҳ гашт.

14.08.1986. Дар СССР бо қарори КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирон, корҳои сохтмонӣ бобати равона кардани дарёҳои Сибир ба ҷануб қатъ карда шуданд.

Чоршанбе, 10 Август 2022 14:52


Инак аз баимзорасии сулҳи тоҷикон, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва 25 сол сипарӣ шуд. Баъд аз нобасомониҳои солҳои 90-ум ба тасвиб расидани ин санад эътимод ва муждаи рӯзҳои нек  ва рӯзгори осудаву ороми мардум маҳсуб меёфт, аммо ин на бар он маънӣ буд, ки маҳ бигир, оромиву осудагиро…

Дар ҳудуди мамлакат ҳанӯз ҳам қумондонҳои мухолифини худдонам бесарӣ доштанд ва  ба қавле ҳоло ҳам аз асп фуромадаву по аз рикоб наканда буданд.

Марди заҳматқарин  мутахассиси соҳаи энергетика Қиёмиддин Саидхоҷа, ки солҳои 1997-2000-ум дар Маркази ҳамоҳангсозии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар навоҳии минтақаи Рашт шуғл меварзид, ҳини нишасте аз он рӯзҳои пурдаҳшат ёд овард.

27 июни соли 1998 дар ҳудуди ҷумҳурӣ яксолагии рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегирифтанд. Баъди ба эътидол омадани вазъияти сиёсӣ дар кишвар гурӯҳҳои ташаббускори ҳукуматӣ бо иштироки шахсиятҳои шинохта, олимону шоирон дар минтақаҳои даргир бо мардум вохӯриҳо мегузаронданд. Аз ҷумла, нахустин бор баъд аз соли 1992, чунин як гурӯҳ  таҳти роҳбарии шахсияти номдор Султон Мирзошоев ба водии Рашт раҳ гирифтанд. Ҳайати мазкур аз файласуф Нодир Одил, шоирон Ҳақназар Ғоиб ва Зулфия Атоӣ  иборат буд…

Гурӯҳи мазкур 27 июни соли 1998 ба ҳудуди ноҳияи Дарбанд  (ҳозира Нуробод) ворид шуданд. Тибқи супориши расмӣ Қиёмиддин Саидхоҷа меҳмононро истиқбол гирифта, ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии шаҳраки Комсомолобод овард. Вохӯрӣ бо мардум мувофиқ ба шароити ҳамонвақта таъмин намуданд.

Он овон кормандони Маркази ҳамоҳангсозӣ дар ноҳияи Дарбанд (Нуробод) баҳри банақшагирии лоиҳаҳои сохтмони иншооти навин ҳузур доштанд. Барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани чорабинӣ, қаблан бо раиси ноҳия Изатулло Ҳалимов маслиҳат шуда буд. Раис ба Қиёмиддин Саидхоҷа таъкид намуд:

Чоршанбе, 10 Август 2022 14:51

Чоршанбе, 10 Август 2022 14:48

саҳ 8 аз 11

Китобҳо

Flag Counter