ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 31 Август 2022 12:15


 Аз барқарор гардидани алоқаи доимии ҳавоии Сталинобод – Хоруғ 100 сол сипарӣ шуд

 Дар лавҳаи таърих ин рухдод дар моҳи августи соли 1932 сабт ёфтааст. Аммо корҳои омодагӣ, сохту сози майдони ҳавоӣ дар Хоруғ, дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр барои фуруди самолёт се сол қабл – моҳи марти соли 1929 ба итмом расида буд.

21 октябри соли 1929 лётчики ҳарбӣ К.Баранов бо ҳамроҳии бортмеханик А. Велмер ва лётчик Прохоров бо самолёти «ЮНКЕРС» ин роҳи душворгузари ҳавоиро бе алоқа фатҳ намуда, дар майдони ҳавоии Хоруғ нек фуруд омаданд. Садҳо нафар сокинони Шуғнон, аз хурд то бузург ба пешвози аэроплан баромаданд. Ин падида ба тантанаи калон табдил ёфт. Кунун Бадахшони Советӣ ҳам ба воситаи роҳи ҳавоӣ ва ҳам нақлиётӣ (мошингард) бо дигар гӯшаҳои Иттиҳоди Шуравӣ пайваст гардид.

 

Роҳи заминӣ

 Аммо аввалтар аз ҳама роҳи заминӣ – нақлиётӣ ҳатмӣ буд. Барои тараққиёт ва пешрафти Бадахшони Советӣ, дар шароити кӯҳистон сохтмони роҳи нақлиётӣ омили муҳими оғози бунёдкориву созандагӣ маҳсуб меёфт. Баровардани  кӯҳистон аз доираи маҳдудияти ҷуғрофӣ яке аз вазифаҳои асосии Ҳукумати вақт дар саргаҳи сохтмонҳои азими сотсиалистӣ дар нимаи аввали асри XX буд.

 

Нусратулло Махсум дар Бадахшон

 Ҳанӯз соли 1928 бо мақсади омӯзиши роҳҳои инкишофи ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании Бадахшони Советӣ Ҳукумати РСС Тоҷикистон Комиссияи махсуси Комитети Иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистонро таҳти роҳбарии Нусратулло Махсум ташкил дода, ҳайатро ба вилоят раҳнамун сохт.

Комиссияи мазкур ҳамаи сабабҳои қафомонии иқтисодии вилоятро омӯхта, дар пешниҳод мавҷуд набудани роҳи нақлиётро сабаби асосии қафомонӣ арзёбӣ намуд. 

 

Ӯш – Хоруғ

 Моҳи феврали соли 1931 Ҳукумати РСС Тоҷикистон аз Ҳукумати СССР барои сохтмони роҳи нақлиётии Ӯш – Мурғоб - Хоруғ маблағ дархост намуд. Ҳукумати марказӣ – дар шаҳри Москва мохи июни соли 1931 «Дар бораи сохтмони роҳи Ӯш - Хоруғ» қарор қабул намуда, сохтмони он дар масоҳати 732 километр ҳамон сол ифтитоҳ ёфт. Сохтмони ин роҳи ҳаётан муҳим 7 ноябри соли 1933, пеш аз муҳлат ба итмом расид.

Барои ин сохтмон дар шаҳри Ӯш идораи «Помирсохтмон» таъсис дода шуд, ки онро мутахассис, шахси кордон ва масъулиятшинос Наум Яковлевич Федермессер роҳбарӣ мекард. Аз вилоят ба сохтмони роҳ 1000 нафар, аз ҷумла, 200 нафар ҷавонон – комсомолон ва аз Шуғнон 240 нафар ихтиёриён сафарбар гардиданд.

Нахустин маротиба корвон дар ҳудуди 30 адад воситаи нақлиёт таҳти роҳбарии Сурен Андреевич Алахвердов 732 километр роҳи 35 шабонарӯзиро дар 36 соат тай карда, ин роҳи душворгузарро фатҳ намуд.

Барои сохтмони роҳи нақлиётии Ӯш - Хоруғ 24 млн сӯм (рубль) масраф гардида, танҳо дар соли 1936 тавассути ин роҳ ба  вилоят 716 тонна молҳои саноатӣ (ба маблағи 9,922 рубль) ворид гардиданд. Роҳ дар масоҳати 334 километр аксарияти деҳаҳои ноҳияи Шуғнонро бо ҳам пайваст намуд. Баъди панҷ сол (1938) роҳи Хоруғ – Рӯшон (65 км масофа) сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт.

Чоршанбе, 31 Август 2022 12:10

 

28.08.1941. Дар СССР бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР немисҳое, ки дар навоҳии назди Волга сукунат доштанд, ба манотиқи дурдасти кишвар кӯчонида шуданд. Сабаби ин кор ҳуҷуми Олмон ба СССР гашт ва Сталин бим дошт, ки немисҳои назди Волга бо немисҳои Олмон мепайванданд.

29.08.1938. Дар СССР хониши ғоибона дар макотиби олӣ ҷорӣ карда шуд.

29.08.1939. Дар СССР аввалин шумораи «Маҷаллаи ҳарбӣ-таърихӣ» рӯи чоп омад, ки яке аз беҳтарин нашрияҳои соҳавӣ будӣ.

29.08.1949. Дар майдони озмоишии Семипалатински Қазоқистон озмоиши якумин бомбаи атомии шӯравӣ доир шуд. Аз ин ба баъд СССР низ соҳиби силоҳи атомӣ гардид.

29.08.1949. Роҳбари Югославия Броз Тито барои рафъи пасомадҳои таҳримҳои иқтисодии СССР аз ИМА кӯмаки молӣ хост ва амрикоиҳо ҳам ба Югославия кумак карданд.

30.08.1918. Дар Маскав эссерзан Фаннӣ Каплан ба ҷони роҳбари ҳукумати Шӯравӣ, В.Ленин суиқасд анҷом дод. Ӯ сахт захмӣ шуд, лек зинда монд. Дар Петроград бошад худи ҳамин рӯз шоир Леонид Иоакимович Каннегисер сардори ЧК-и ин шаҳр Моисей Соломонович Уритскийро кушт. Ин кушторҳо боиси амалкарди ҷавобии Ҳукумати шӯравӣ шуд, ки дар таърихнигорӣ аз он ба «террори сурх» ёд мешавад.

30.08.1935. Дар Маскав Кунгураи VII-и Коминтерн доир шуд. Дар он коммунистон ва сотиал-демократҳо қарор доданд, зидди фашизм бо ҳам муттаҳид гарданд.

30.08.1963. Бо мақсади коҳиш додани хавфи вуқӯи ҷанги атомӣ миёни Маскав ва Вашингтон хаттӣ мустақими телефонӣ гузаронида шуд.

31.08.1920. Дар корхонаи «Красное Сомово»-и Маскав аввалин тонки шӯравӣ сохта шуд. Ин тонки навъи М (Ренои Русӣ) номи доҳии пролетарҳо-»Муборизи инқилоб рафиқ Ленин»-ро гирифт.

31.08.1925.Дар СССР эъломия бобати таҳсили оммавии ибтидоӣ қабул карда шуд.

31.08.1935. Ангишткани донбассӣ Алексей Стаханов меъёрӣ рӯзонаи истихроҷи ангиштро 14 маротиба афзуд. Ин кори ангишткан боиси оғози «ҳаракати стахановӣ» дар СССР шуд.

31.08.1939. Немисҳо ҳуҷуми полкҳоро ба нуқтаи радиоии худашон дар шаҳраки Гливитс тарроҳӣ ва амалӣ карданд, то барои ҳуҷум ба Полша мадраке дошта бошанд.

Чоршанбе, 31 Август 2022 12:07

Чоршанбе, 31 Август 2022 12:04

Чоршанбе, 31 Август 2022 12:01

 Мубориз Достиев, хонандаи синфи 10-уми Мактаби муосири байналмилалии ш.Душанбе меҳмони редаксия шуда, дар бораи сафари худ ба Британияи Кабир ва ширкат дар Олимпиадаи бонуфузи ҷаҳонӣ нақл кард.

   - Дар Олимпиадаи Teeneagle дар Лондон аз фанни забони англисӣ иштирок намуда, ҷойи 3-юмро ишғол кардам. Зимни сафар ва ширкат дар ин озмуни бонуфузи ҷаҳонӣ бо ҳамсолони аз дигар кишварҳо омада ошно шуда, дӯстони нав пайдо кардам. Дар ин Олимпиада беш аз 5000 англисидони аълохон аз 48 кишвари олам иштирок намуданд ва хушбахтона тими Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастаҳои муваффақ дар ин Олимпиада гардид. Ман тамоми дӯстонамро бо ғолибият табрик намуда, барои ҳар яке расидан ба қуллаҳои баланди донишро орзу дорам. Худам низ саъй мекунам донишу малакаамро бештар тақвият ва сайқал дода, дар Олимпиадаҳои дигари байналмилалӣ ширкат варзида, ҳатман ҷои 1-умро соҳиб шавам. Зеро ҷои 2 ва 3 хоси мо нест. Мо Метавонем!!!

Чоршанбе, 31 Август 2022 11:59

Чоршанбе, 31 Август 2022 11:40

Чоршанбе, 31 Август 2022 10:52

саҳ 2 аз 11

Китобҳо

Flag Counter